Ru  | Tj
Вилояти Хатлон нақшаи даъват ба артишро 60 дарсад иҷро кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вилояти Хатлон нақшаи даъват ба артишро 60 дарсад иҷро кард
Акс: khatlon-ruznoma.tj

Вилояти Хатлон нақшаи даъват ба артишро 60 дарсад иҷро кард

Нашр шуд

Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар умум тайи як ҳафта 60 дарсади нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро иҷро карданд. Дар ин бора рӯзномаи “Хатлон” дар саҳифаи телеграмии худ иттилоъ дод.

Ба навиштаи ин манбаъ, давоми як ҳафтаи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша дар қаламрави вилояти Хатлон 60 дарсад таъмин шудааст.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Муминобод ва Фархори вилояти Хатлон дар нахустин рӯзи оғози даъвати ҳарбӣ, яъне 1-уми апрел аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Дар идома зикр мешавад, ки дар айни замон даъвати шаҳрвандон ба сафи неруҳои мусаллаҳ  дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дар сатҳи баланд идома дошта, масъулини вобастаи ин  корро идома медиҳанд.

Хотиррасон мекунем, ки 1-уми апрели соли равон дар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии ин кишвар даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи ҷузъу томи Артиши миллӣ оғоз гардид.

Дар нахустин рӯзи даъвати ҳарбӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт аз иҷрои сад дарсади нақшаи ҷалби ҷавонписарон барои хидмати сарбозӣ дар сафи Артиши миллӣ гузориш доданд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор мешавад. Аз ҷумла даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Муҳлати хидмати сарбозӣ барои ҷавонписароне, ки дар донишгоҳҳои олӣ дарси низомӣ хондаанд, як сол ва барои дигарон 2 сол муқаррар шудааст.

Ҳамзамон тибқи қонун ҷавонон дар Тоҷикистон имкон доранд бо пардохти маблағи муайян ва гузаштани тамрини якмоҳа аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд. Дар ҳоли ҳозир нархи хидмати пулакӣ дар Тоҷикистон муодили 54 ҳазор сомонӣ аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед