Ru  | Tj
Вокуниши Омбудсмени тоҷик: Ҳодисаи қатли Эмомалӣ Давлатов таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вокуниши Омбудсмени тоҷик: Ҳодисаи қатли Эмомалӣ Давлатов таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад
Акс: NoTorture.Tj

Вокуниши Омбудсмени тоҷик: Ҳодисаи қатли Эмомалӣ Давлатов таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад

Нашр шуд

Омбудсмени тоҷик ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Санкт-Петербург муроҷиат кардаву аз ӯ хост, ки ҷараёни тафтиши ҳодисаи қатли Эмомалӣ Давлатов, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро таҳти назорат бигирад.

Ба иттилои дафтари Ваклоатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Умед Бобозода, Омбудсмени тоҷик ба ҳодисаи қатли Эмомалӣ Давлатови 26-сола вокуниш нишон додаву аз Светлана Агапитова, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Санкт-Петербург хостааст, ки ҷараёни тафтиши ин ҷиноятро таҳти назорат бигирад.

Умед Бобозода ҳамчунин аз ҳамтои петербургии худ хоҳиш кардааст, ки аз натиҷаи назорат ба дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумот пешинҳод намояд.

Ҳодисаи қатли бераҳмонаи Эмомалӣ Давлатов, таксирони 26-солаи тоҷик дар Санкт-Петербург чанд рӯз аст, ки аз мавзӯъҳои доғи шабакаҳои иҷтимоист.

23-уми январ дар наздикии майдони ҳавоии Пулковои Санкт-Петребург Эмомалиро дар дохили мошинаш бо гардани бурида ёфтанд.

Баъдан расонаҳо навиштанд, ки ба Эмомалӣ се мусофире, ки дар мошинаш нишаста буданд, бо корд ҳамла кардаанд. Сабаҳои аслии сар задани ин ҷинояти мудҳиш ҳанӯз дақиқ муайян нашудааст.


Толибзода ва Мияки масъалаи таъсиси институти Омбудсмени молӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед