Ru  | Tj
Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Акс: StanRadar

Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Нашр шуд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон воридоти мошинҳои барқӣ ба кишвар зиёд шудааст ва таваҷҷуҳи мардум ҳам ба ин навъи нақлиёт бештар гаштааст.

Ба гузориши Sputnik, Хадамоти гумрук иттилоъ додааст, ки дар шаш моҳи имсол ба кишвар беш аз 130 адад мошини барқӣ ворид шудааст, ки арзиши умумии онҳо ба 3,4 миллион доллар баробар мебошад.

Манбаъ афзудааст, дар маҷмуъ имсол воридоти васоити нақлиёт назар ба соли қаблӣ ҳудуди 15 дарсад бештар гардида, дар шаш моҳ зиёда аз 21 ҳазор мошин ба Тоҷикистон дароварда шудааст.

Арзиши умумии воситаҳои нақлиётии дар нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон воридшударо Хадамоти гумрук ҳудуди 182 миллион доллар муайян намудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо истиқбол аз афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ гуфта буд, ки ҳамасола аз хориҷ ба маблағи то 1 миллиард доллар сӯзишворӣ харидорӣ мешавад ва аз зарфиятҳои фаровони истеҳсоли барқ дар ин замина ба таври лозим истифода намешавад.

Азим Иброҳим ҳамчунин таъкид намуда буд, ки Вазорати нақлиёт «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027»-ро таҳия намудаву ба наздикӣ онро барои тасдиқ ва баррасӣ ба Ҳукумат ироа менамояд.

Нахустин мошинҳои барқӣ аввалҳои соли равон бо ибтикори шаҳрдории Душанбе ва ширкати «Як такси» ба Тоҷикистон ворид шуда буданд.


“Як таксӣ” дар Душанбе ҳашт электромобилҳо ба хидмати мизоҷон гузошт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед