Ru  | Tj
Як донишгоҳи Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Як донишгоҳи Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо кард
Акс: China-uz-friendship.com

Як донишгоҳи Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо кард

Нашр шуд

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» - и Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон чаҳор бурсияи таҳсилӣ ихтисос дод.

Ба иттилои Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм, ин бурсияҳо барои таҳсил дар зинаи магистратура муайян шудаанд.

Гуфта мешавад, ки онҳое, ки хоҳиши таҳсил дар ин муассисаи олии кишвари ҳамсояро доранд, бояд нахуст ба сомонаи расмии донишгоҳ ворид шуда, сабтином кунанд ва сипас ҳуҷҷатҳои худро дар шакли PDF ба Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм супоранд.

Манбаъ мегӯяд, таҳсил дар донишгоҳи мазкур ба забони англисӣ буда, довталабон бояд ин забонро ба таври мукаммал донанд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим»-и Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд ҷойгир буда, аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон дониста мешавад. Таҳсил дар ин донишгоҳ пурра ба забони англисӣ сурат мегирад.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир ба масъалаи рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Солҳои 2019-2021-ум дар Тоҷикистон ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст.

Миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Покистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед