Ru  | Tj
Як нуқраву ду биринҷӣ. Паҳлавонони тоҷик дар Абу-Дабӣ комёб гардиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Як нуқраву ду биринҷӣ. Паҳлавонони тоҷик дар Абу-Дабӣ комёб гардиданд
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи Ҷудои Тоҷикистон

Як нуқраву ду биринҷӣ. Паҳлавонони тоҷик дар Абу-Дабӣ комёб гардиданд

Нашр шуд

Гӯштигирони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Абу-Дабӣ Гранд Слам” як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин сабқати байналмилалӣ, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён соҳиби медали нуқра ва Ҷаҳонгир Маҷидову Темур Раҳимов сазоври мақоми саввум ва нишони биринҷӣ гардиданд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ аз 26-ум то 28-уми ноябр дар шаҳр Абу-Забии АМА бо ширкати беш аз 220 варзишгар аз 41 кишвари дунё баргузор шуд ва дар он Тоҷикистонро даҳ нафар намояндагӣ карданд.

Манбаъ афзудааст, ки ҷоизаи пулии ин муосбиқа барои мақоми аввал 5000, ҷойи дуюм 3000 ва мавқеи севум 1500 доллари амрикоӣ будааст.

Бояд гуфт, ки барандаи медали нуқраи ин мусобиқа паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён Қаҳрамони дукаратаи Осиё ва чаҳоркарата ғолиби "Гран -При" мебошад.

Ҳамчунин, Ҷаҳонгир Маҷидов барандаи медали нуқраи Ҷоми Аврупо дар Оренбург асту имсол Темур Раҳимов дар “Гранд Слам” -и Боку сазовори медали нуқра гардида буд.

Сомон Маҳмадбеков дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо сазовори медали нуқра гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед