Ru  | Tj
Як ширкати туркӣ гуфт, ки ниҳолҳои серҳосил ворид мекунаду дар Суғд боғи интенсивӣ месозад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Як ширкати туркӣ гуфт, ки ниҳолҳои серҳосил ворид мекунаду дар Суғд боғи интенсивӣ месозад
Акс: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Як ширкати туркӣ гуфт, ки ниҳолҳои серҳосил ворид мекунаду дар Суғд боғи интенсивӣ месозад

Нашр шуд

Як ширкати туркӣ ба номи “Иргелер” тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик дар вилояти Суғд 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд намояд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони ширкати туркии “Иргелер” мулоқот ва тақвияти ҳамкориҳоро дар самти истифодаи дастовардҳои замони муосир ҷиҳати бунёди боғҳои интенсивӣ баррасӣ кард.

Аҳмадзода бо ишора ба тавсеаи кишоварзӣ дар кишвар таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумат ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва пешрафтҳо дар ин замина боис гардидааст.

Таъкид шуд, ки танҳо дар солҳои 2016-2020 дар ҳудуди вилоят зиёда аз 4800 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуданд.

Ширкати “Иргелер” тасмим гирифтааст, ки навъҳои серҳосили ниҳолҳоро барои бунёди боғи интенсивӣ аз хориҷ ворид кунад.

То имрӯз дар вилояти Суғд чандин боғҳои интенсивӣ бунёд ёфтаанд, ки дар маросими ифтитоҳи бархеи онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат намудааст.

Аз ҷумла соли гузашта соҳибкори маъруфи тоҷик ва муаллифи чандин китоб дар соҳаи тиҷорату чӣ гуна сарватманд шудан Саидмурод Давлатов дар ноҳияи Спитамен як боғи суперинтенсивӣ бунёд карда буд.

 


Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши амният дар Душанбе баррасӣ шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед