Ru  | Tj
Ёддоштҳои табодулӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон дар бобати рушди захираҳои инсонӣ имзо шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ёддоштҳои табодулӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон дар бобати рушди захираҳои инсонӣ имзо шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёддоштҳои табодулӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон дар бобати рушди захираҳои инсонӣ имзо шуд

Нашр шуд

Миёни Тоҷикистону Ҷопон ёддоштҳои табодулӣ дар бораи лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ” ба имзо расиданд.

Ба иттилои Вазорати хориҷӣ, рӯзи панҷшанбеи 2-юми сентябр Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Ҷопон дар Душанбе Такаюки Мияшита дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот масъалаҳои марбут ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ мегӯяд, рушди захоири инсонӣ аз меҳварҳои гуфтугӯи Вазири тоҷику Сафири Ҷопон будааст.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот миёни ду кишвар ёддоштҳои табодулӣ дар бораи лоиҳаи Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ ба имзо расидаанд.

Бояд гуфт, ки давоми чанд соли охир мутахассисони тоҷик дар доираи лоиҳаи Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS) ба давраҳои мухталифи бозомӯзӣ ба Ҷопон фиристода мешаванд. Гуфта мешавад, ки то имрӯз аз Тоҷикистон бештар мутахассисони бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва мудирият ба ин лоиҳа ҷалб шудаанд.

Санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон имзо шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед