Ru  | Tj
Ёрмаҳмад Аралов - коргардон ва ҳунарманди шинохта даргузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ёрмаҳмад Аралов - коргардон ва ҳунарманди шинохта даргузашт
Акс: Интернет

Ёрмаҳмад Аралов - коргардон ва ҳунарманди шинохта даргузашт

Нашр шуд

Шоми дирӯз, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи Тоҷикистон Ёрмаҳмад Аралов дар натиҷаи беморӣ вафот кард. Ба шарҳи наздикон, солҳои охир Аралов аз бемории қанд азият мекашидааст.

Ба гуфтаи коргадони маъруфи тоҷик Зайнулобиддин Восихов, марҳум ҳатто 70 солро ҳанӯз пур накарда буд.

"Боиси мутаассиф аст, ки шахсиятҳои бузург ба ин зудӣ моро тарк карда истодаанд. Ҳанӯз оташи ғам аз даргузашти ҳунарманди беназир Назримат Мӯсоев дар дилҳоямон хомӯш нашудааст, ки боз як сутуни устувори кинои тоҷик ҳам моро тарк кард",- шарҳ медиҳад Восихов.

Видоъ бо ҳунарманд дар хонаи марҳум (назди кинотеатри "Ватан") сурат гирифта, ӯро дар қабристони Сари Осиё ба хок супурданд.

Мебоист ёдовар шуд, ки Ёрмаҳмад Аралов 9-уми марти соли 1954 ба дунё омада буд.

Ӯ солҳои 1975 ва 1983 факултетҳои Институти давлатии умумииттифоқии кинематографистони шаҳри Маскавро дар риштаи ҳунармандӣ ва коргардонӣ хатм намудааст.

Соли 1975-1979 дар Театри академӣ ва драмавӣ ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарманд фаъолият кардааст.

Солҳои 1984-1992 дар киностудияи "Тоҷикфилм" ба сифати коргардони филмҳои бадеиву мустанад, нақшофар дар филмҳои ҳунариву бадеӣ ҳунарнамоӣ намудааст.




Даргузашти ҳунарманди маъруфи тоҷик дар студия


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед