Ru  | Tj
Занон дар Афғонистон танҳо се рӯз ҳақ доранд, ки дар боғҳои истироҳатӣ сайругашт кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Занон дар Афғонистон танҳо се рӯз ҳақ доранд, ки дар боғҳои истироҳатӣ сайругашт кунанд
Акс: ASIA-Plus

Занон дар Афғонистон танҳо се рӯз ҳақ доранд, ки дар боғҳои истироҳатӣ сайругашт кунанд

Нашр шуд

Вазорати таблиғи некӣ ва наҳй аз мункари Ҳукумати таҳти роҳбарии Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) рӯзҳои фароғатии мардону занонро дар боғҳои тафреҳии Кобул таъйин кардааст.

Тибқи ин тақсими вақт, ки дирӯз нашр шуд, рӯзҳои якшанбе, душанбе ва сешанбе занон метавонанд бо риояи “ҳиҷоби мазҳабӣ” вақтхӯшӣ кунанд.

Ҳамин тавр, рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе барои мардон пешбинӣ шудааст.

Вазорат бо пахши як изҳорот гуфтааст, дар сурати нақзи ҳолатҳои дар боло зикршуда нисбати соҳибону масъулони боғҳо ба таври қонунӣ иқдомот мекунанд ва ҳеҷ касе ҳақи шикоят карданро надорад.

Толибон пеш аз ин дарвозаи мактабҳои духтаронаро низ бастанд. Ин дар ҳолест, онҳо қаблан ваъда дода буданд, ки мактаби духтаронро бозкушоӣ мекунанд.


Занони қирғиз бар зидди арӯсдуздӣ эътироз баён намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед