Ru  | Tj
Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистонро дар Маскав муаррифӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистонро дар Маскав муаррифӣ карданд
Акс: Интернет

Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистонро дар Маскав муаррифӣ карданд

Нашр шуд

Дар Маскав зарфиятиҳои сайёҳии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишварро муаррифӣ карданд

Тибқи иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар нишасти муаррифии иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон намояндагони мақомоти давлатии Русия, кормандони дипломатии муқими ин кишвар ва ширкатҳои фаъоли сайёҳиву рӯзноманигорон ширкат доштанд.

“Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва кишвари мо дар ин самт ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ обрӯи хос пайдо кардааст” – гуфт дар оғози ин нишаст сафир Имомуддин Сатторов.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ Ҳукумати кишвар як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ҷиҳати рушди ин бахш заминаи иқтисодиву ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Намояндагони ширкату муассисаҳои сайёҳии Тоҷикистон дар бораи зарфиятҳои сайёҳии кишвар, шароити муносиби муҳайёшуда ҷиҳати сайру тамошои хориҷиён аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои фароғатӣ, маълумоти муфассалро пешниҳоди иштирокдорони нишаст намуданд.

Манбаъ гуфт, ки ҳамчунин миёни намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар Тоҷикистон солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълом шудааст. 

Туризм ҳамчун такягоҳи иқтисоди Тоҷикистон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед