Ru  | Tj
Завқизода: Баъди узвият дар СУТ ҳаҷми содироти Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Завқизода: Баъди узвият дар СУТ ҳаҷми содироти Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфтааст
Акс: Sputnik

Завқизода: Баъди узвият дар СУТ ҳаҷми содироти Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфтааст

Нашр шуд

Вазири тоҷик гуфт, ки давоми ҳашт соли узвияти Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат шумораи шарикони тиҷоратии кишвар ва номгӯи молҳои содиортӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. 

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Завқӣ Завқизода, роҳбари ин ниҳод матлаби мазкурро 3-юми декабр дар мулоқоти худ бо Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат хонум Нгози Оконҷо Ивеала  баён доштааст. 

Завқизода дар ин дидор дар Женева гуфтааст, ки баъди пазируфта шудан ба узвияти СУТ Тоҷикистон 20 кишвари дигари шарики тиҷорӣ пайдо намудаву ҳаҷми содироташ ду маротиба ва номгӯи маҳсулоти содиротияш қариб 1,8 маротиба афзоиш ёфтааст. 

Вай афзудааст, ҳамчунин дар ин давра аввалин бор дар кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии умури содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, чандин ислоҳоти муҳим дар соҳаи савдо амалӣ гардидаанд.

Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 баъд аз саъю талошҳои ёздаҳсола дувумин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ гардид, ки ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат пазируфта шуд. 

Коршиносони роҳандозии озоди гардиши молу коло миёни кишварҳои узви СУТ-ро аз ҳадафҳои аслии ин созмони байналмилалӣ медонанд. 

Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат моҳи январи соли 1995 таъсис ёфта, айни замон беш аз 160 кишвар узви он мебошанд. Мақари ин созмон дар шаҳри Женеваи Швейтсария аст.  


Тоҷикистону Арабистон зарурати ҳамкорӣ дар соҳаи геодезӣ ва муҳандисиро баррасӣ карданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед