Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ӯзбекистон ба Афғонистон ба арзиши 100 миллион доллар то поёни соли ҷорӣ барқ медиҳад
Нашр шуд
Ширкати барқрасонии Афғонистон ё "Afganistan Breshna" мегӯяд, ки қарордоди интиқоли нерӯи барқ барои соли 2022 миёни ширкати "Afganistan Breshna" ва Ширкати миллии барқи Ӯзбекистон имзо шудааст.
Дафтари матбуоти ширкати Брешна дар Афғонистон гуфтааст, ки қарордоди интиқоли нерӯи барқ дар соли 2022 миёни Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси иҷроияи ширкати Брешна ва ҳайати ҳамроҳи ӯ - Дадаҷон Исаколов, Президенти Ширкати миллии барқи Ӯзбекистон ба имзо расидааст.
Манбаъ менависад, ки дар ҷараёни музокироти серӯза ду ҷониб созишнома ба имзо расонидаанд.
Дар созишнома гуфта мешавад, ки қарордод солона 2 миллиард кВ нерӯи барқро ташкил медиҳад ва арзиши умумии он ба ҳудуди 100 миллион доллар баробар аст.
Зимни мулоқоти ду ҷониб ҳамчунин доир ба лоиҳаи хати 500 кВ Сархон-Пули Хумрии Афғонистону Ӯзбекистон, ки соли гузашта ба имзо расида буд, гуфтумон сурат гирифтааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед