Ru  | Tj
Зодаи Ишкошим ва ғолиби "Green card" барои кӯдакони деҳааш омӯзишгоҳи замонавӣ сохт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Зодаи Ишкошим ва ғолиби "Green card" барои кӯдакони деҳааш  омӯзишгоҳи замонавӣ сохт
Акс: Интернет

Зодаи Ишкошим ва ғолиби "Green card" барои кӯдакони деҳааш омӯзишгоҳи замонавӣ сохт

Нашр шуд

Маркази омӯзишии навбунёд барои кӯдакони аз 3 то 6-сола пешбинӣ гардидааст.

Ба иттилои истифодабарандаи "Фейсбук", Дилшода Зармастова рӯзи 22-уми ноябри соли 2021 дар деҳаи Ямчуни водии Вахони ноҳияи Ишкошим барои кӯдакони то синни мактабӣ омӯзишгоҳи наву замонавӣ ба истифода дода шуд.

Ба шарҳи манбаъ, омӯзишгоҳи ҷадид аз ҷониби ҷавони 25 -солаи ҳамин деҳа Имомдод Ғаффорхонов сохта шуда, бародараш Амонулло Ғаффорхонов онро ба истифода додааст.

"Мақсади аҳли оилаи мо ин аст, ки дар оянда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёрамон иқдомҳои некро пеш гирем. 

Имрӯз бароямон як рӯзи  фаромӯшнашаванда аст, чунки синфхонаи замонавиро барои кӯдакони то синни мактабӣ ба истифода медиҳем. Бигузор кӯдакони ин боргоҳ дар ояндаи неки диёрашон саҳмгузор бошанд”, - таъкид доштааст, Амонулло Ғаффорхонов зимни ифтитоҳи ин марказ.

Бояд гуфт, ки Имомдод Ғаффорхонов зодаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ буда, соли 2016 дар озмуни "Green Card" ғолиб гардидааст. Ӯ соли 2017 ба Амрико сафар мекунад ва то ҳол дар ин кишвар кору фаъолият дорад.


Дар Тоҷикистон муҷозот барои зӯроварӣ нисбати кӯдакон сахттар шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед