Ru  | Tj
Зокирзода гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус ба сатҳи баланди бесобиқа расидааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Зокирзода гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус ба сатҳи баланди бесобиқа расидааст
Акс: Sputnik

Зокирзода гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус ба сатҳи баланди бесобиқа расидааст

Нашр шуд

Раиси палати поёнии Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Белорус ба сатҳи баланди бесобиқа расидааст.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, имрӯз Маҳмадтоҳир Зокирзода зимни дидор бо Сафири Белорус дар Душанбе Виктор Денисенко масоили густариши равобити ду кишварро баррасӣ кард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин мулоқот аз сатҳи равобити ду кишвар ситоиш намуд ва таъкид дошт, ки ҳамкориҳои минтақавӣ миёни шаҳру вилоятҳои ду кишвар бошиддат ривоҷ меёбанд.

Зикр гардид, ки то имрӯз миёни Витебск ва Суғд, Минск ва Суғд, Гомелу Хатлон, Минск ва Душанбе, ноҳияҳои Ёвон ва Узден ва Могилев ва Суғд оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки ин нишони рушди ҳамкориҳои ду кишвар мебошад.

Олег Иванов, сафири пешини Белорус дар Тоҷикистон пас аз сафари Александр Лукашенко ба Душанбе дар моҳи сентябр аз мақоми хеш барканор гардида, Денисенко моҳи октябр ҷойнишини вай гардида буд.

Тоҷикистону Белорус то имрӯз зиёда аз 90 шартномаю созишномаҳои ҳамкорӣ имзо кардаанд. Аз ҷумла соли 2000-ум миёни ду кишвар Созишномаи шарикии стратегӣ ба имзо расида буд.


Зокирзода ва вакилони тоҷик дар маросими савгандёдкунии Иброҳим Раисӣ иштирок мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед