Ru  | Tj
«Ҷашнвораи гулҳо»: Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҷодиёти рассомони муосири тоҷик ба намоиш гузошта шуд
«Ҷашнвораи гулҳо»: Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҷодиёти рассомони муосири тоҷик ба намоиш гузошта шуд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

«Ҷашнвораи гулҳо»: Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҷодиёти рассомони муосири тоҷик ба намоиш гузошта шуд

Нашр шуд

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи эҷодиёти рассомони муосири Тоҷикистон: Далер Миҳтоҷов, Эраҷ Олимов ва Баҳром Исматов ифтитоҳ ёфт. Бояд гуфт, ки асарҳои ин устодони ҳунар дар бисёре аз чорабиниҳои  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ борҳо ба намоиш гузошта шуда, сазовори баҳои баланд гардидааст. 

«Ҷашнвораи гулҳо»  ном гирифтани ин намошгоҳ тасодуфӣ нест, зеро рангҳои дурахшони он: сурх, норинҷӣ, сабз, кабуд, зард, обӣ, бунафш ва ғайра диққати ҳар бинандаро зуд ба худ ҷалб мекунад. Ин рангҳо агарчи маҳсули эҷоди се рассоми шинохта аст, ки ҳар яке дар ин ҷода сабку услуби хоси худро доранд, аммо дар маҷмӯъ онҳо бо ҳам робитаи зич ва ҷудоинопазирӣ доранд.  

Намоишгоҳи мазкур дар Осорхонаи миллӣ то 25-уми феврали соли равон идома хоҳад ёфт.

Баҳри шиносоии бештари асарҳои пешниҳодгардида ва таассуроти тамошобинон аз намошгоҳи мазкур тасмим гирифтем, ки бо рассомони ҷавон сӯҳбат намоем.

«Аслан, бидуни хост рассом аз ҳама чизе, ки ӯро иҳота мекунад, илҳом мегирад. Дилхоҳ манзараи муҳити атрофи мо, хоҳ мусбат бошад ё манфӣ  ба мо - рассомон таъсир мерасонад. Ҳар рӯзи нав ҳикояи наверо ифода мекунад, ки мо онро тариқи расмҳои худ ба мардум мерасонем”,  мегӯяд Далер Миҳтоҷов.

Дар асарҳои Далер Миҳтоҷов давраҳои гуногуни таърихи Тоҷикистон, табиати дилфиреби ин сарзамин, тарзи зиндагию рӯзгори мардум инъикос ёфтааст. Наққошиҳои беҳтарани ӯ ба монанди «Умед», «Сӯҳбат», «Падари  моҳтобӣ» ва ба ин монанд хеле дилпазиранд. 

Рассоми дигар Эраҷ Олимов бошад, фазои илҳомбахш ва пур аз шодию фараҳи ин намоишгоҳро, ки бо “бо сабки тоҷикӣ” оро ёфтааст, бо забони рангҳо баён карда, чунин мегӯяд: «Дар ин намоишгоҳ се равиш ва услуби гуногунро метавон мушоҳида кард. Масалан, дар асарҳои ман сабки аврупоиро дидан мумкин аст, аммо мавзӯъ аслан манзараҳои Тоҷикистон мебошад. Яъне ин ҳамгироии фарҳангҳо ва анъанаҳо мебошад. Ман дар рассомӣ аслан аз жанри экспрессионизм истифода мебарам, яъне дар ин жанр тасвир ба таври олӣ офарида мешавад. Вижагии ин услуб дар нав будани он дар санъати расомии тоҷик аст ва шояд ба ин васила як мактаби нави рассомии тоҷик ба миён биояд. Муҳимтарин чиз дар ин самт ба вуҷуд омадани бисёрфарҳангӣ аст. Аз ин рӯ, асари рассомро на фақат як миллату халқ, балки кулли мардуми ҷаҳон сарфаҳм мераванд». 

Дар намоишгоҳ асарҳои Эраҷ Олимов, аз қабили «Маҳалла», «Гумбазҳои Шарқ», «Марворид» ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамаи онҳо бо услуби аврупоӣ эҷод шуда, вале дар айни замон дар онҳо бартарияти нақшҳои миллӣ равшан инъикос шудааст.

Рассом Баҳром Исматов бошад, дар офаридани расмҳои худ бештар равиши хатҳои ростро истифода бурдааст, зеро ин усул танҳо хоси эҷодиёти ӯст. Наққошиҳои «Пирамард», «Кулча», «Оҳанги рӯҳ»  намунаи беҳтарини муссавараҳои ин рассоми ҷавонанд, зеро ӯ маҳз бо ин расмҳо шинохта гардидааст.

«Иштирок дар намоишгоҳе, ки дар як вақт асарҳои се рассоме, ки дар самтҳои гуногун асар эҷод мекунанд, хеле ҷолиб аст. Вақте ки шумо танҳо намоиши расмҳои худро ба маърази тамошо мегузоред, пас танҳо маҳсули эҷоди шумо, ранг, композитсия ва сатрҳои шумо вуҷуд доранд. Аммо вақте эҷодиёти якчанд рассом ба намоиш гузошта мешавад, ин албатта хуб буда ва  таҷрибаи комилан дигар аст. \

Банда ба ҷуз аз ҳунарманд, ҳамчунин омӯзгор низ ҳастам. Ман ба рассомони ҷавон дарси рассомӣ меомӯзам ва аз ин рӯ, таҷриба андӯхтан дар самтҳои гуногун бароям хеле фоидабахш аст”.

“Ҷашнвораи гулҳо” намоишгоҳи боарзишест, ки рушди мактаби муосири рассомии Тоҷикистонро равшантар нишон медиҳад.

Марҳамат ба намошгоҳ!


Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед