Ru  | Tj
Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд
Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд
Акс: Аз Интернет

Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд

Нашр шуд

Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз бист соли раҳбарии ҳукуматҳои собиқи Афғонистон, акнун бояд барои мулоқот бо якдигар аз нерӯҳои Толибон*, ки масъули ҳифзи манзилҳои онҳо ҳастанд, иҷоза биҷӯянд. Ба онҳо тайи шаш моҳи ахир иҷозати хурӯҷ аз Кобулро надоданд ва Толибон онҳоро аз сафар ба хориҷи кишвар манъ кардаанд.

Рӯзи 15-уми августи соли 2021 вақте хабари фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон ошкор шуд ва нерӯҳои Толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд, Ҳомид Карзай ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо нашри як навори видеоӣ ба мардуми Афғонистон итминон доданд, ки вазъ таҳти назорат аст ва нигарон нашаванд. Ҳамакнун, бо гузашти шаш моҳ, Карзай ва Абдуллоҳ дар хонаҳояшон маҳбус ҳастанд ва бидуни ризоияти Толибон наметавонанд, ки аз хонаҳои худ берун раванд.

Абдуллоҳ дар маҳаллаи Парвон ва Карзай дар биное, ки марбут ба Раёсати ҷумҳурии (наздики чорроҳаи Занбақ) шаҳри Кобул зиндагӣ мекунанд. Ин манотиқ дар масофаи тақрибан 15 километр аз ҳам ҷойгиранд.

Як манбаи наздик ба доктор Абдуллоҳ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфтааст, ки Абдуллоҳ дар шаш моҳи ахир ба далели нооромиҳо дар Афғонистон ва нигарониҳои амниятӣ хеле кам манзилашро тарк кардааст. "Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон доктор Абдуллоҳ ҳамагӣ ду бор аз хонааш берун рафтааст. Боре ба дидори Ҳомид Карзай ва бори дигар ба хонаи хоҳараш дар яке аз навоҳии Кобул рафт" - афзуд манбаъ. 

Абдуллоҳ қабл аз фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистон ҳар ҳафта ва ё дар ду ҳафта як маротиба ба Панҷшер сафар карда, аз оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон зиёрат мекард ва бо сокинони Панҷшер, пайвандон ва дӯстон мулоқот менамуд. Ӯ ҳамчунин бар асоси мақоми баландаш дар ҳукумат ба кишварҳои минтақа сафар карда, аз дипломатҳои хориҷӣ, фаъолони сиёсӣ ва намояндагони мардумӣ дар манзил ва ҷои кори доимиаш дидан менамуд.

Ҳоло гуфта мешавад, ки ин ду мақомдори пешин дар хонаҳои худ ҳабс ҳастанд ва наметавонанд бидуни иҷозати Толибон берун шаванд.


Рӯзи ошиқон зери сояи туфанги Толибон. Дилбохтагони Афғонистон Рӯзи ошиқонро чӣ гуна ҷашн гирифтанд?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед