Ru  | Tj
«Ҷилои миллат": 5 зани донишманде, ки тоҷикон аз онҳо ифтихор мекунанд
«Ҷилои миллат": 5 зани донишманде, ки тоҷикон аз онҳо ифтихор мекунанд
Аксҳо: Аз википедия

«Ҷилои миллат": 5 зани донишманде, ки тоҷикон аз онҳо ифтихор мекунанд

Нашр шуд

Оё медонед, яке аз хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд ба номи аввалин зани файласуф дар Осиёи Марказӣ номгузорӣ шудааст ва ҳамчунин, ба поси хотири роҳбари помиршиносони Иттиҳоди Шӯравӣ (ки ӯ низ зан буд) номи яке аз қуллаҳои қаторкӯҳҳои Помири Шарқӣ ба номи ӯ гузошта шудааст? Боре дар ин бора шунидаед? Агар не, ҳоло ба шумо дар бораи панҷ олими барҷастаи Тоҷикистон, ки дар рушди илми ватанӣ саҳми барҷаста доштанд, хоҳем гуфт.

Илария Райкова (1896-1981) – олими советии тоҷик, биолог, помиршинос

Илария Алексеевна Райкова  соли 1896 дар шаҳри Ӯротеппаи округи Хуҷанди собиқ вилояти Самарқанди генерал-губернатори Туркистон (ҳоло шаҳри Истаравшани вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)  ба дунё омадааст.

Ӯ соли 1913 гимназияи занонаи Самарқандро бо медали тилло хатм намуда, соли 1914 ба Курси олии занонаи (Бестужевскии) шаҳри Санкт-Петербург дохил шудааст. Соли 1919 шуъбаи биологияи факултаи физика-математикаи Донишгоҳи Петроградро ҳамчун растанишинос хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ соли 1920 Илария Аликсеевнаро ба ҳайси омӯзгор ба Донишгоҳи Туркистон (ТуркГУ)  ба кор қабул карданд ва ӯ ба шаҳри Тошканд омад.

Соли 1923 Илария Райкова бори нахуст дар ҳайати экспедитсияи  помирпажӯҳони шуъбаи туркистонии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия ба Помир сафар кард  ва яке аз муҳаққиқони воқеии олами растаниҳои Помир гардид.  

  Ӯ дар Помир проблемаи истифодаи оқилонаи табиат ва беҳтар кардани заминаи табиии чорводории ин минтақа, ҳамчунин, олами растаниҳои Помирро бо мақсади истифодаи растаниҳои минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои дурдаст,  дар соҳаи кишоварзӣ, таҳқиқ кардааст.

Соли 1933 Иларияро бо мақсади омӯзиши кӯҳҳои Помири Шарқӣ, ба вазифаи ёрдамчии Сардори «Экспедитсияи Помир»-и Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъйин  намуданд. Райкова бо ҳамроҳии аъзоёни дигари экспедитсия олами растаниҳои ҳанӯз таҳқиқнашудаи Помири Шарқиро пажӯҳиш намуда, растаниҳои зиёдеро барои омӯзиш ҷамъоварӣ  кард.

Пас аз ҷамъоварии ҳосили аввалин, ки экспедитсияи мазкур дар заминҳои махсус кишт шуда буд, 30-уми сентябри соли 1934 дар шаҳри Хоруғ ҳайати экспедитсия  намоиши кишоварзиро баргузор карданд.

Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон солҳои 1944 ва 1957 заҳматҳои ин олими соҳибмактабро ба назар гирифта, барои хизматҳояш ӯро бо ордени «Нишони фахрӣ» сарфароз гардонид.  Илария Райкова таи 40 сол дар Помир пажӯҳиш анҷом дод. Ӯ зиёда аз 80 таҳқиқоти нашршуда  (мақолаҳои илмӣ, дастурҳо ва манаграфия) дорад.  Маҳз ба хотири заҳматҳои Илария Райкова дар қаторкӯҳҳои Помири Шарқӣ қуллае ба номи ӯ номгузорӣ шудааст.

Мунзифа Ғафурова (1924-2013) - нахустин зани файласуф дар Осиёи Марказӣ


Ғафурова Мунзифа Қаҳҳоровна соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ дар 13-14-солагӣ мактаби миёнаро хатм намуда, ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуд.

Мунзифа Ғафурова дар 18-солагӣ дар баробари таҳсил дар донишкада, ҳамчунин, дар Техникуми кишоварзии Ленинобод аз фанни биология дарс медод. Пас аз хатми донишкада Мунзифа ба вазифаи Котиби Кумитаи Марказии комсомол дар вилояти Ленинобод оид ба тарғибу ташвиқ таъйин гардид. Соли 1947 бошад, ӯро ба вазифаи мудири шӯъбаи Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон оид ба кор бо занон таъйин намуданд. Пас аз хатми аспирантура ӯ соли 1955 рисолаи номзадияшро дифоъ намуд ва то соли 1974 дар кафедраи фалсафаи Донишкадаи педагогии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айнӣ) ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуд.

Мунзифа Ғафурова муаллифи беш аз 200 корҳои илмӣ ва дастурҳои таълимию методӣ мебошад, ки онҳо на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ аз эътибори барҷаста бархӯрдоранд. Ӯ дар бедории худшиносии миллӣ ва худогоҳии мардум, инчунин, дар баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа саҳми арзандае гузоштааст.

Аз соли  1974 то 1979 Мунзифа Ғафурова дар вазифаи Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (ҳоло Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода)  фаъолият намудааст.

Аз соли 1988 то охири зиндагӣ ӯ профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буда, ҳамчунин, аъзои ду шӯрои дифои назди Академияи илмҳои ҶТ дар риштаи фалсафа буд.  Мунзифа Ғафурова нахустин зан дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки дипломи доктрориро аз рӯйи ихтисоси фалсафа ба даст оварда, ҳамчунин, аввалин зани академики Академияи илмҳои Тоҷикистон гардааст.

Барои хизматҳои шоёнаш дар рушди илму маорифи тоҷик ӯро бо «Байрақи сурхи меҳнат» ва "Дӯстӣ" ва дигар медалҳои сершумор мукофотонидаанд. Ҳамчунин, Мунзифа Ғафурова бо унвонҳои "Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон", "Аълочии маорифи СССР", "Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон" ва "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.

Соли  2014 ба хотири ӯ номи яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, ба номи ӯ номгузорӣ шуд.

Бароат Ҳоҷибоева (1928-2016) - филолог


Ҳоҷибоева Бароат Абдураҳимовна соли 1928 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоиро дар шаҳри Маскав гирифтааст. Пас аз он, ки волидони ӯ дар «Саркӯбҳои сталинӣ” ба ҳабс кашида мешаванд, Бароатро соли 1937 ба хонаи ятимони Мордовии Украина месупуранд.

Ӯ соли 1944 ба шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) омада, соли 1946 ба  Институти омӯзгории занона дохил шуда ва соли 1948 онро хатм мекунад. Аз соли 1958 Бароат Ҳоҷибоева дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Кирови шаҳри Хуҷанд (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунад.

Соли 1968 Бароат Ҳоҷибоева дар шаҳри Масква рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Омӯзиши лирикаи дарсҳои адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ” дифоъ мекунад. Ҳангоми гузаронидани пажӯҳиши илмӣ, ӯ ба мавзӯи муносибат ва мушкилоти омӯзиши адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ таваҷҷуҳ намудааст. Дар корҳои илмии худ Ҳоҷибоева ба масъалаи ангезаҳо дар ашъор ва осори шоиру нависандагони рус рӯ овардааст.

Ӯ муаллифи зиёда аз  200 таҳқиқоти илмӣ ва таълимию методӣ, аз ҷумла “Пушкин ва Шарқ” (1999), “Ватани осмонии Фирдавсӣ” (2010), “Барис Пинлянка дар Тоҷикистон” (2006) ва ғайра мебошад.

Бароат Ҳоҷибоева барои китоби “Пушкин ва Шарқ”, ки онро соли 1999 дар ҳаммуаллифӣ бо Матлуба Мирзоюнус навишт, бо Медали тилоии Пушкин сарфароз гардид.  Соли 1997  Бароат Ҳоҷибоева бо нишони «Корманди шоистаи Тоҷикистон»  мукофотонида шуд.

Светлана Герасименко - астроном


Светлана Ивановна Герасименко соли 1945 дар шаҳраки Баришевкаи вилояти Киев ба дунё омадааст. Соли  1968 факултаи астрономияи Донишгоҳи Киевро хатм намуда, ба шуъбаи аспирантура дохил мешавад.

Соли  1969 вақте ки дар курси аввали аспирантура таҳсил мекард, Светлана ҳамроҳи ҳамкораш  Клим Чурюмов ба таҷрибаомӯзии илмӣ ба шаҳри Алма-Ато фиристода мешавад. Ҳангоми мушоҳидаҳо ба кометаи  Комас-Сола, Светлана ва Клим Чурюмов объекти нави кайҳониро кашф мекунанд, ки дар ин бора Светлана дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфтааст, ки кометаро нохост кашф кардаанд. Ҳангоми мушоҳидаи кометаи Комас-Сола, ӯ доғи сиёҳеро дар наздикии ин комета мебинад. Светлана гумон мекунад, ки он акси кометаи Комас-Сола  аст, аммо маълум мешавад, ки он тамоман объекти нави кайҳонист. Хулоса, кометаи нав номи нахусткашфкунандагони худро гирифтааст.

Соли  1973 бо дархости Институти астрофизикаи Тоҷикистон, Светлана ба Душанбе  омад. Ҳангоми ба кометаи Чурюмова-Герасименко сар додани мушаки кайҳонии «Розетта» аз майдони ҳавоии  Куруи Фаронса Светлана Герасименко ва Клим Чурюмов дар онҷо ҳузур доштанд. Ин ҳодисаи фаромӯшнашаванда соли 2004 рух дод. Ин мушаки кайҳонӣ 30-уми сентябри соли 2016 парвози худро анҷом дода, ба замин баргашт. Дар соли 2018 Кумита оид ба ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои кашфи кометаи нав Светлана Герасименкоро қадрдонӣ намуд.  

Дилоро Искандарова - филолог


Дилоро Искандарова соли  1960 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1977 ӯ Донишгоҳи давлатии Ленингард ба номи  А.А. Ждановаро бо ихтисоси филолог хатм намудааст. Ӯ соли 1994 рисолаи номзадии худро дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои  ҶШС дифоъ намуд. Дилоро дар муддати хеле кӯтоҳ  пас аз чор соли ҳимояи рисолаи номзадӣ соли 1998 рисолаи доктории худро дифоъ намуда, дипломи доктори илмҳои филологиро соҳиб гашт.

Чанд сол ӯ мудири кафедраи  забоншиносии назарявии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд.

Дилоро Искандарова муаллифи беш аз 40 мақолаи илмӣ ва иштирокчии як қатор конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад. Мақолаҳои илмии ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар маҷаллаҳои илмии Русия ва Амрико низ нашр шудаанд.

Аз соли  2019 ӯ роҳбари лоиҳаи «Бинои миллии забони тоҷикӣ»  мебошад. Барои хизматҳои шоёнаш дар рушди илму маориф Дилоро Искандарова бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия сарфароз гардида ва соҳиби унвони «Корманди фахрии таҳсилоти олии касбии Русия» ва унвони фахрии «Асосгузори мактаби илмии забоншиносии амалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.


“Ҳалво – ширинтар аз асал, даво бар ҳар касал”. Ҳалвои кунҷитӣ чӣ тавр омода мешавад?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед