“Ҳалво – ширинтар аз асал, даво бар ҳар касал”. Ҳалвои кунҷитӣ чӣ тавр омода мешавад?
Нашр шуд
Ӯроқ Зуҳриддинов – сокини деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода, бо ҳунари ҳалвопазӣ машҳур аст. Ӯ ҳалвои кунҷитӣ омода мекунад. Ин ҳунар аз падару бобоҳои ҳалвопаз аз насл ба насл гузаштааст. Тавре худи ҳунарманд мегӯяд:
“Панҷоҳ сол мешавад, ки сари деги ҳалвопазӣ чунин як ширинии нотакрор омода мекунам. Ҳанӯз 12 – сола будам, ки падарам маро ба паҳлӯяш гирифт ва ин ҳунарро омӯхт. Гузаштагони мо аз шаҳри бостонии Самарқанд будаанд. Якчанд аср пеш ба кӯҳсорони Қаратоғ гурӯҳ – гурӯҳ аҳолии Самарқанд кӯч мебанданд. Ҳамаи онҳо ҳунарҳои гуногунро бо худ доштаанд. Аз ҷумла шаш – ҳафт оилаи ҳалвопаз, ки дар байни онҳо гузаштагони начандон дури ман низ будаанд”.
Ӯроқ Зуҳриддинов аз он таассуф мехӯрад, ки имрӯз сафи ҳунармандон ва шумори ҳунарҳои миллӣ дар ин минтақа хеле кам мондааст, ҳатто баъзе навъи ҳунарҳо аз байн рафтааст. Ҳунари ҳалвопазиро низ танҳо ӯ намояндагӣ мекардааст. Вале ба хотири поси урфу одатҳои нек амаки Ӯроқ фарзандону наберагони худро ҳалвопазӣ меомӯзад.
“Мушкил аст, хеле меҳнати зиёдро талаб мекунад. Барои шахсоне, ки аввалин бор ба сари деги ҳалвопазӣ меоянд, сабри зиёд лозим. Барои ҳамин, фарзандонамро аз хурдсолӣ ба ин кор омода кардам. Ҳоло набераву ҷиянҳои хурдсоламро ба ин ҳунар ҷалб кардам”.
Аз таърихи пайдоиши ҳалво ва ҳунари ҳалвопазӣ маълумоти дақиқ пайдо нест. Вале сарчашмаҳо ба таърихи қадима доштани он ишора мекунанд. Махсусан, аз осори бо забони паҳлавӣ ёфтшуда чандин навъи ҳалво ном бурда шудааст. Ҳалво аслан шириниест, ки дар тамоми кишварҳои Шарқ паҳн шудааст. Ҳоло аз баъзеи онҳо танҳо номашон боқӣ мондааст, вале халқи тоҷик дар гӯшаҳои гуногуни дунё навъҳои маъмули онро ҳанӯз ҳам омода мекунад: ҳалвои сафедак, ҳалвои сурх, ҳалвои тар, ҳалвои тари асалӣ, ҳалвои тари шиннигӣ, ҳалвои ширӣ, тарҳавло, ҳалвои кунҷитӣ, парварда ва ғайра.
Азбаски ҳалвопазӣ вақти зиёд ва меҳнати ҷисмониро талаб мекунад, он кори дастаҷамъона маҳсуб меёбад. Раванди омода намудани онро ҳунарманд дар ҳузури мо иҷро кард. Барои ин ба мо се деги калон, ки якеаш дар болои оташдон буд, се сатил об, 30 кг шакар, ҷавҳари лимӯ, 30 дона тухм, се литр шарбати гиёҳе бо номи бех (номи маҳаллияш чунин будааст) ва 10 кг кунҷит лозим шуд. Ба гуфти амаки Ӯроқ аз ин 30 кг ҳалво омода мешавад. Инчунин, ду набераву як писари ҳалвопаз низ “дасту оринҷ бар зада” ба қаҳрамони мо ҳамроҳӣ карданд.
“Ба мо қариб чор соат лозим аст. Дар ин раванд ҳар кас вазифаи худро дорад. Мо аз омода кардани қиём корро сар мекунем. Се сатил обро ба дег рехта, аз болояш шакарро меандозем. Оташро фурӯзон карда, дегро мунтазам мекобем. Ҳамин ки об ба ҷӯшидан сар кард, ба он ҷавҳари лимӯро андохта, кофтанро давом медиҳем”.
Дар ин миён набераҳои ҳунарманд дар деги дигар ба омода кардани қисми муҳимми ҳалво шурӯъ карданд. Онҳо 30 дона тухмро бо шарбати гиёҳи бех ба дег андохта, бо як даста навдачаҳо, ки мисли ҷорӯб баста шудааст, ба ҳам омехта карданд. Ин кор зиёда аз як соат давом кард ва дар ин муддат маҳсулоте омода шуд, ки боварнокарданӣ. Омехтаи шарбати гиёҳу тухм мисли кафк дегро пур кард ва дар охир ба шакли қаймоқ омад. Албатта, то охири ин ҷараён бачаҳо зуд – зуд ҷой иваз мекарданд, то хаста нашаванд.
“Шакарро то ба шакли қиём омаданаш меҷӯшонем ва ба деги сеюм мегардонем. Барои хунук кардани қиём аз шамолдиҳак истифода мекунем. Баъд омехтаи тухму шарбати гиёҳро ба болои қиём рехта ба ҳам омехта мекунем. Дар ин кор писарам масъул аст, зеро қиём сахт аст ва кофтанаш қувваи бештарро талаб мекунад”.
Шогирдони амаки Ӯроқ ба марҳилаҳои охири кор расиданд. Писари ҳунарманд барои ба ҳам овардани қиём бо омехтаи тухму гиёҳи бех қувваи зиёд сарф мекард. Вақте ҳалво ба ранги сафед моил шуд, яке аз наберагони ҳалвопаз ба он кунҷитро андохтан гирифт. Кунҷит бо ҳалво омехта шуда, онро хушнамудтар мекард. Қаҳрамони мо хусусиятҳои шифобахшии ҳалворо як – як ба мо ном бурд:
“Ин ҳалво аз хусусиятҳои зиёди табобатӣ дорад. Махсусан ба системаи дилу рагҳо ва ҳозима фоидаи зиёд дорад. Агар баъди хӯрок каме ҳалво хӯред, ҳазми онро осон мегардонад”.
Талабгорони ҳалвои кунҷитӣ дар рӯзҳои ид афзун мешаванд. Махсусан, дар тамоми моҳи шарифи Рамазон, иди Рамазон ва иди Қурбон. Ин агар аз як тараф ҳамчун анъана қабул шуда бошад, аз тарафи дигар барои осон ҳазм шудани нозу неъматҳои зиёде, ки дар рӯи дастархон барои меҳмонон мегузоранд, кӯмак мерасонад.
“Ҳалвои кунҷитие, ки мо омода мекунем, дар бозорҳои шаҳри Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав харидорони доимӣ дорад. Ман бо нархи арзон мефурӯшам, ҳатто фоидааш ҳам хеле кам аст. Аслан ҳалвопазӣ барои ман як қисми ҳаётам аст. Гоҳ – гоҳ барои оромиши асаб сари деги ҳалвопазӣ меравам. Меҳнати сангинаш дигар бароям одатӣ аст ва ҳеч мушкиле надорад. Баръакс, баъди ҳар бори ҳалво пӯхтан худро хушҳолу бардам эҳсос мекунам”, гуфт бо ифтихор амаки Ӯроқ.
Баъди бо кунҷит хуб омехта кардани ҳалво он хеле ғафсу беоб мешавад. Онро ба қуттиҳо гирифта дар ҳавои кушоду тоза мегузоранд. Бо гузашти соате ҳалво ба қолаби қуттӣ омада, сахт мешавад. Ин буд тарзи омода кардани яке аз навъҳои ширинтарину фоиданоктарини ҳалвои тоҷикӣ.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед