Ru  | Tj
“Ҷилои нигин”: Чӣ тавр маъюби гурӯҳи якум тарроҳ шуд
“Ҷилои нигин”: Чӣ тавр маъюби гурӯҳи якум тарроҳ шуд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

“Ҷилои нигин”: Чӣ тавр маъюби гурӯҳи якум тарроҳ шуд

Нашр шуд

Дар дунё бо нафароне вохӯрдан мумкин аст, ки новобаста аз доштани маъюбият дар ҷомеа фаъоланд ва худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷамъият меҳисобанд. Қаҳрамони мо низ аз зумраи чунин нафарон маҳсуб меёбад, ки новобаста аз маъюбият ба танҳоӣ аз ӯҳдаи корҳои худ мебарояд.

Нигина Икромова, 45 сол дорад ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ аз рӯзе, ки худро шинохт бо маъюбият мубориза бурд. Нигина маъюби гурӯҳи якум буда, роҳ рафта наметавонад. Бо вуҷуди ин ӯ дизайнер‑тарроҳ ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ барои маъюбони “Ҷилои нигин” мебошад. Нигина аз зиндагӣ ва чӣ тавр муваффақ шудани худ барои мо қисса намуд.

Саҳлангории духтур боиси маъюбият гардид

Дар синни сесолагиаш духтурон ба хонаашон меоянд ва ба Нигина воксина мегузаронанд. Аз сабаби қабл аз эмгузаронӣ насанҷидани ҳолати саломатии кӯдак ва аз ҳадди лозима зиёд тазриқ намудани воксина ӯ ба маъюбият гирифтор мешавад. Пас аз як рӯзи эмгузаронӣ дастонаш варам карда, баъди чанд рӯзи дигар баъзе узвҳои ӯ аз кор мемонанд.

Тавре Нигина нақл намуд, пас аз се рӯз волидайн ӯро ба беморхонаи Қарияи Боло (Шифобахш) мебаранд. Дар он ҷо чанд муддат таҳти назорати духтурон қарор мегирад. Ҳамаи узвҳои ӯ ба ҷуз аз пойҳояш дубора барқарор мешаванд.

“Модарам нақл менамуданд ки, вақте маро ба беморхона мебаранд, духтурон мегӯянд, агар лаҳзае дер меовардед, таъсири воксина ба мағзи сараш рафта ва аз ақл бегона мегардид. Пас аз муоинаи духтур оҳиста - оҳиста гардан, дастҳову мушакҳо ва дигар аъзои баданам ба кор даромаданд, аммо дар пойҳоям қувва барқарор нашуд. Пойҳоям ҳис доранд, аммо қувва надоранд, ки хеста ҳаракат кунам”, мегӯяд Нигина.

Дар синни панҷсолагиаш Нигинаро барои табобат ба Қрим мебаранд. Дар даҳсолагиаш бошад ба хотири рост намудани сутунмӯҳрааш ӯро боз ба яке аз беморхонаҳои Украина мебаранд, аммо духтурон мегӯянд, ки барои табобат дер кардаанд. Онҳо тавсия медиҳанд, ки Нигина бояд аз ду соат зиёд нашинад, зеро каҷии сутунмуҳрааш зиёд мешавад.

“Бо аробачаи маъюбӣ ба мактаб мерафтам”

Нигина кӯдакии ғамангезе дошт, ӯ наметавонист мисли дигар кӯдакон роҳ бигардаду бо онҳо бозӣ бикунад. Бо гузашти вақт ба ин вазъ одат кард ва кӯшиш намуд, то ба мактаб биравад. Ӯро модараш ба мактаби умумӣ месупорад, то саводнок бишавад. Ӯ мегӯяд, аз рӯзи аввали ба мактаб рафтанаш муносибати атрофиён ӯро ноумед кард ва аз ин рӯ намехост, ки ба мактаб биравад.

“Ман бо аробачаи майда ба мактаб мерафтам, рӯзҳои аввал хонандагон бо ҳайронӣ нигоҳ мекарданд, бо ангушт нишон медоданд, ба ҳолам механдиданд, мегуфтанд “бечора”, ҳамаи инро дида ғамгин мешудам, намехостам ба мактаб биравам. Аммо модарам ноумедии маро аз байн мебурд ва ба ман рӯҳия мебахшиду мегуфт “ҳамааш хуб хоҳад шуд”. Бо гузашти чанд муддат, талабаҳо ба будани ман дар он мактаб одат карданд, ҳамсинфонам бо ман дӯст шуда, ҳамеша кӯмакам мекарданд. Маро ба мактаб мебурданд ва баъд то хона меоварданд”, ба хотир меорад ӯ.

Қаҳрамони мо то синфи панҷумиаш ба мактаб рафту халос. Зеро бо сабаби ба синфи болоӣ гузаштан, дарсҳо дар ошёнаҳои боло мегузашт ва аз ин сабаб натавонист, ки таҳсилро дар мактаб идома диҳад. Ӯ ночор ба таҳсили хонагӣ мегузараду то синфи 8 дар хона таълим мегирад. Нигина мехост дарсҳояшро пурра ба итмом расонад, аммо бо сар шудани Ҷанги шаҳрвандӣ муаллима дигар намеояд ва ӯ низ аз дониш як муддат дур мешавад.

“Намехостам сарбори модарам бошам”

Нигина бо вуҷуди маъюб будан, аз зиндагӣ дилсард нашуд ва ҳамеша ба сӯйи орзуҳояш ҳаракат кард. Ҳамеша кӯшиш намуд, то муваффақ шавад ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа бошад. Аз хурдӣ ба дӯзандагӣ шавқу завқ дошт ва барои лухтакҳои худ ва дугонаҳояш либос медӯхт. Аз сабаби он, ки Нигина рӯзи дароз дар хона бекор буд ва ғамгин мешуд, хост барои худ як саргармие пайдо намояд. Сар аз синни 14 солагӣ ӯ ба дӯхтани либос сар кард. Баъди чанд муддат, ки мизоҷони ӯ бештар шуданд, тасмим гирифт зиндагиашро аз ҳамин ҳисоб, таъмин намояд. Ӯ намехост, ки сарбори хонаводааш бошад.

“Соли 1996 падарамро дар як садамаи нақлиётӣ аз даст додем. Таъмини зиндагӣ акнун ба ӯҳдаи модарам буд. Модарам дар яке аз корхонаҳои нонпазӣ кор мекард, ки маоши ӯ барои зиндагии 8 нафар нокифоя буд. Баъди дидани ин ҳолат хостам бори бар души модарам бударо сабуктар кунам. Бинобар ин, ба дӯхтани либос сар кардам. Бо гузашти чанд муддат хушбахтона корам барор гирифт ва муштарии зиёд пайдо намудам. Ин даромад ҳаддиақал каме бошад ҳам мушкилоти молиявии хонаводаамонро кам карда буд”, бо нороҳатӣ ба хотир овард, Нигина.

Таҳсил дар донишгоҳ

Зиндагии Нигина ба ҳамин минвол сипарӣ мешуд ва ӯ аз якрангии ҳаёти худ норозӣ буд. Мехост дар зиндагиаш таҳаввулотро ба вуҷуд орад ва тасмим гирифт, дар соҳаи гумрук таҳсил намояд. Аммо ӯ аттестатсияи синфи 11-ро надошт ва ба ҳамин сабаб, наметавонист ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳ супорад. Соли 2000-ум синфи 11‑ро ғоибона хонда ва баъди як сол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиҷорат ва савдо барои таҳсил дар соҳаи гумрук, супорид. Аммо мутаассифона, ба хотири маъюб будан, ӯро ба ин ришта қабул накарданд.

“Мехостам дар соҳаи гумрук кор кунам ва ба ҷомеа нишон диҳам, ки маъюбон ҳам метавонанд, дар ҷамъият фаъол бошанд. Мехостам, дар сарҳад кор карда, нишон диҳам, ки шахси маъюб, нотавон нест. Ӯ барои дар хона нишастан, ғам хӯрдан ва талбандагӣ кардан офарида нашудааст. Аз ин рӯ, мехостам фикри мардумро нисбати маъюбон тағйир диҳам, аммо мутаассифона маълулиямро баҳона кардаву маро ба кор қабул накарданд.

Баъдан аз рӯи ихтисоси муҳосиб таҳсил намуда, баъди шаш сол соҳиби диплом гардидам”, бо хурсандӣ ба ёд овард ӯ.

Иштирок дар фестивали байналхалқии “Диёри ҳусн”

Нигина хушҳол буд, ки тавонист бо вуҷуди маъюбият маълумоти олӣ бигирад. Барои ӯ ин муваффақияти бузург буд ва ба зиндагӣ боумед менигарист. Баъди хатми донишгоҳ ӯро ба Ташкилоти ҷамъиятии занони маъюб “Иштирок” ба кор даъват намуданд. Ҳамчун мутахассис дар онҷо ба фаъолият оғоз намуд. Дар семинарҳову ҷамъомадҳои ин ташкилот иштирок мекард ва ҳамчун тренер ба маъюбон дарс мегузашт. Дар онҷо низ Нигина шавқи кӯдакиашро фаромӯш накарда буд ва ба дӯзандагӣ машғул мешуд. Дар ҷамъомадҳои ташкилот коллексияи либосҳои тарроҳикардаи худро ба намоиш мегузошт.

“Рӯзе дар интернет наворе тамошо кардам, ки як тарроҳи маъюб коллексияи худро дар сатҳи байналмилалӣ ба намоиш мегузошт. Баъди ин аллакай дар зеҳнам идеяи он пайдо шуд ва ба худ мегуфтам, ки чаро ман коллексияи худро омода намуда, дар сатҳи байналмилалӣ ба намоиш нагузорам. Аз ҷониби роҳбарият лоиҳаи пешниҳод намудаи ман дастгирӣ ёфт, ки бояд бо як тарроҳи машҳур ҳамкориро оғоз менамудам. Назди тарроҳ Мукаррама Қаюмова рафтам ва он кас идеяи маро хуш пазируфтанд. Гуфтанд, ки дар пойтахт баъди якуним моҳ фестивали байналхалқии “Диёри ҳусн” мегузарад ва бояд дар ин муддат коллексияатон омода шавад. Дар он фестивал аз шаш кишвари дунё тарроҳон иштирок мекарданд. Номи коллексияи худро бо тавсияи Мукаррама Қаюмова “Ҳафтаи келин” номгузорӣ намудем. Ҳафт либос омода намуда, ба фестивали байналхалқии “Диёри ҳусн” пешниҳод кардем. Пешниҳоди моро писандиданд ва бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карданд”, бо хурсандӣ нақл намуд Нигина.

Қаҳрамони мо ҳамчунин бо Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон ҳамкорӣ дошт ва дар курсҳои омӯзишии онҷо ба ҳайси тренер ба маъюбон ва аъзои оилаи онҳо дарс мегузашт. Нигина дар онҷо низ коллексияи худро пешниҳод намуд ва пазируфта шуд. Ӯ ду коллексияи худро дар меҳмонхонаи Шератон ба намоиш гузошт.

“Аз сабаби он, ки сарпарасти мо Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон буд, як коллексияи мо аз либосҳои ҷопонӣ, ки онро бо нақшу нигори миллӣ ва гулдӯзии дастии худамон оро дода будем, ба намоиш гузоштем. Як коллексияи дигари мо аз либосҳои миллӣ омода гардида буд, ки ҳардуро хуш қабул карданд”, бо лабханд нақл намуд Нигина.

Нигина мехост ҳунари ӯро ҷаҳониён бубинанд, шиносанд ва бинобар ин, тасмим гирифт соли 2018 дар “Ҳафтаи муди Тоҷикистон” иштирок намояд. Дар ҳафтаи муд иштирок намуд ва коллексияи тозаэҷоди худро ба намоиш гузошт. Соли 2020 дар Душанбе “Ҳафтаи муд” бо сабаби пандемия ба тариқи онлайн гузашт, ки Нигина дар он низ иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гардид.

“Зиндагиамро ба танҳоӣ пеш мебарам”

Аз сабаби он, ки Нигина қаҷии сутунмӯҳра (скалиоз) дорад, духтурон зиёд нишастани ӯро манъ намудаанд. Тибқи гуфтаи духтурон ӯ набояд дар як ҷой аз ду соат зиёд нишинад. Лекин ба хотири гузаронидани зиндагӣ ва сарбори касе набудан ӯ бештари вақти худро ба дӯзандагӣ мегузаронад. Ба гуфти духтур бо сабаби зиёд нишастанаш қаҷии сутунмуҳраи ӯ зиёд шудааст.

“Ман сарбори касе нестам, ҳаматарафа зиндагиамро худам ба танҳоӣ пеш мебарам. Ҳар ҷойе, ки биравам ба хотири маълулиам бо таксӣ меравам. Пули барқ, об, партов ва дигар хароҷотҳои зиндагӣ бар ӯҳдаи ман аст. Ҳамеша дар талош ҳастам, ки тавассути ҳунару истеъдоди худ зиндагӣ намоям”, мегӯяд Нигина.

“Шахси маъюб низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа аст”

Қаҳрамони мо Ташкилоти ҷамъиятии омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ барои маъюбон “Ҷилои нигин”‑ро таъсис намуд. Дар онҷо тасмим гирифт, ки ба маъюбон курсҳои ҳунаромузӣ ташкил намуда, ба ин тариқ рӯҳияи онҳоро баланд бардорад.

“Мехоҳам курсҳои ҳунаромӯзиро пеш аз ҳама дар мактабҳои миёна гузаронам, то толибилмон аз хурдӣ бо маъюбон рӯ ба рӯ шаванд, ба вуҷуди онҳо одат намоянд. Ин боиси он мегардад, ки афкори мардум нисбати маъюбон тағйир ёбад. Маъюб низ инсон аст, ӯ ҳам метавонад муваффақ шавад, ӯ дастнигари касе нест. Шахси маъюб низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа аст. Баъзе нафароне ҳам ҳастанд, ки фикр мекунанд шахси маъюб бемор аст. Онҳо бемор нестанд, фақат як узви баданашан кор намекунад”, мегӯяд Нигина.

Нигина тасмим дорад, ки дар курсҳои ҳунаромӯзӣ, на танҳо тарроҳӣ, боз заргариро низ роҳандозӣ намояд. Ӯ ният дорад, ба зудтарин фурсат барои лоиҳааш сарпараст пайдо кунад ва орзуи ба маъюбон ҳунар омӯхтанашро амалӣ намояд. Ӯ мегӯяд, ки агар даҳ нафар шахси маъюбро ҳунар омӯзонӣ гӯё, ки даҳ оила соҳиби ҳунар мешаванд. Ба кору фаъолияти ин зани мубориз барор хоҳонем.



Оё медонед, тасвиргари шер дар харитаи Тоҷикистон кист? Ӯ аслан рӯзноманигор аст. Ҳарфҳои ҷолиби Неъматулло Акбар

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(79) "Ораш Алоӣ: "Каронавирус аз байн намеравад...""
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10163"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(59) "/tj/articles/talk/orash_alo_karonavirus_az_bayn_nameravad_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3259"
  ["CODE"]=>
  string(40) "orash_alo_karonavirus_az_bayn_nameravad_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3259"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Ораш Алоӣ: "Каронавирус аз байн намеравад..."

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(106) "Иштирокчии ҶБВ: “Ҷанг ин сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳост...”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8492"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "5877"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(79) "/tj/articles/our_people/ishtirokchii_bv_ang_in_sarchashmai_amai_badbakhti_ost_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2670"
  ["CODE"]=>
  string(54) "ishtirokchii_bv_ang_in_sarchashmai_amai_badbakhti_ost_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2670"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Иштирокчии ҶБВ: “Ҷанг ин сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳост...”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(105) "Чӣ тавр навраси 14 сола “трактори ҳамакора” ихтироъ кард?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8238"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "5025"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(78) "/tj/articles/our_people/ch_tavr_navrasi_14_sola_traktori_amakora_ikhtiro_kard/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2577"
  ["CODE"]=>
  string(53) "ch_tavr_navrasi_14_sola_traktori_amakora_ikhtiro_kard"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2577"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Чӣ тавр навраси 14 сола “трактори ҳамакора” ихтироъ кард?

Другие новости