“Сангар” хати муқаддам ва сангари иттилоотист. Ҳақиқате аз паёми сомонаи навтаъсис
Нашр шуд
1-уми марти соли ҷорӣ расонаи ҷадиде бо номи “Сангар” ба фаъолият оғоз намуд, ки дар ин муддати мадид дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мавқеи хосе пайдо кард. Сомонаи мазкур тавре дар иттилоияи худ зикр менамояд, сирф хусусияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дошта, ба баррасии масъалаҳои сиёсии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ машғул аст.
Аз ин рӯ, доир ба фаъолияти кории ин сомонаи навтаъсису бисёр ҷиддӣ ва баъзе масъалаҳои сиёсии Афғонистон бо сардабири он - Фарид Аҳмад гуфтумон намудем.
- Мақсад ва ҳадафи таъсиси сомонаи "Сангар" дар чист ва чаро чунин номгузорӣ шудааст?
- Нахуст, сипоси фаровон ба сомонаи Шумо, ки ба фаъолияти мо қабл аз ҳар каси дигар таваҷҷӯҳ кардед.
Хуб, чаро “Сангар”? Мо ба ин суол дар паём ё аввалин матлаби худ посух додаем: «Сангар» ҳамон гуна аз номаш пайдост, як сангари иттилоотӣ барои Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа аст, сангар ё минбаре барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон ва ҳар фардест, ки барои арзишҳои олии инсонӣ талош мекунанд.
Ба бовари мо, пас аз 15-уми август, рӯзи ғасби қудрат аз ҷониби Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) дар Афғонистон, як бозии бузурги ҷадид дар минтақаи мо – Осиёи Марказӣ шурӯъ шудааст. Мардуми Афғонистонро мо – тими “Сангар” ҷузъи Осиёи Марказии бузург арзёбӣ мекунем. Ин ба таърифи тарҳи амрикоии он нест, ки соли 2001 возеҳан аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида эълон шуд, аммо хеле ба содагӣ барбод рафт. Бовари мо бар ин аст, ки дар шароити кунунӣ сарнавишти мардуми Афғонистон бо Осиёи Марказӣ сахт гиреҳ хӯрдааст. Ҳаюлои ифротгароӣ ва терроризм, ки дар либоси Толибон арзи вуҷуд дорад ва дасти тамоми нерӯҳои ифротӣ ва террористии минтақаро дар як шаб боз кард, на фақат мушкили Афғонистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ аст. Толибон ва пуштибонҳои онҳо дар минтақаву ҷаҳон барои ояндаи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин низом ё низомҳои толибониро тарҳ задаанд. “Сангар” ҳам хатти муқаддам ё сангари иттилоотӣ дар муқобили ин тарҳ аст.
- "Осиёи Марказӣ дар Бозии Бузурги ҷадид" каме дар ин бобат сухан бигӯед. Зери мафҳуми "Бозии Бузурги ҷадид" чиро фаҳмидан мумкин аст? Ин мафҳум оё танҳо ба шароити имрӯзаи Афғонистон рабт дорад?
Бозии Бузург аз ибтидои асри XVIII то аввали асри XX миёни ду қудрат – Русия ва Англия ҷараён дошт. Дар пайи он харитаи нави минтақа кашида шуд ва кишварҳои мо ба вуҷуд омаданд. Афғонистон мақоми минтақаи ҳоилро гирифт. Аммо замоне, ки Шӯравӣ ба Афғонистон ворид шуд ва баъд Амрико омад, ин мақом аз даст рафт ва Афғонистон ба майдони ҷангҳои қудратҳои минтақаиву ҷаҳонӣ табдил шуд. Бозии Бузурги ҷадид бо рафтани Амрико шурӯъ шудааст ва он чӣ мо мебинем, қудратҳо барои тағйири дигарбораи харитаи минтақа камар бастаанд. Ҳоло худ қазоват кунед, ки моро чӣ интизор аст.
- Дар логотипи сомона акси Аҳмадшоҳи Масъуд гузошта шудааст, каме дар хусуси интихоби акс ва шиори сомона мегуфтед?
- Масъуди бузург символ ё намоди мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар ҷаҳон аст. Вай танҳо касе буд, ки бо ин падидаҳо аслан сари созиш надошт. Худи ӯ як мусалмон, ботақво, ошиқи ислом буд ва тамоми умри худро сарфи муқовимат кард, аммо бо исломи тундрав, хушунатсоз ва мухолифи ҳуқуқи инсонҳо, бахусус занон комилан сари созиш надошт. Масъуд бар ҳуқуқи тамоми ақвом – тоҷик, ӯзбек, паштун, туркман, ҳазора ва ғайраҳо эҳтиром мегузошт ва миллатгароиро гуноҳи бузург медонист, он гуна ки дини Ислом ҳукм мекунад. Ин Толибон ҳастанд, ки фақат қавми худ – афғон ё паштунҳоро мебинанд ва гирифтори як маризии фашистии оганда бо исломе бо таърифи хоси худашон ҳастанд ва бо номи ислом ба хотири бадном кардани дини Ислом кор мекунанд.
Дар бораи шиор, ки чунин аст: “Агар миллате барои анҷоми як маъмурият тасмим бигирад, ҳама дунё алайҳи он бархезад ҳам, шикаст мехӯрад”. Мо - мардуми Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳоло дар муқобили як воқеияти ҷадиде қарор дорем, ки бояд аз як гиребон, ҳамчун як миллат ва соҳиби як сарзамин сар берун кунем ё сарзаминҳоямонро дар ихтиёри ин ваҳшиҳои асри XXI мегузорем ва ё аз дастовардҳои садсолаҳоямон ҳимоят мекунем. Бояд иҷозаи инро надиҳем, ки сарнавишти моро дигарон рақам бизананд. Бояд соҳиби сарнавишти худ бошем.
Мутаассифона, тамоми қудратҳои ҷаҳонӣ ба гунае бо “воқеияте ба номи Толибон”, як низоми инсонситез, занситез, динситез, ҳуқуқситез ва аз ҳар арзише, ки ҳаст, мункиру ба ҳар чизе, ки модерн аст, мухолиф, ошкору пинҳон созиш кардаанд. Иттифоқоте, ки имрӯз таҳти султаи Толибон дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст, ҳама, ҳатто ҳамкору пуштибонони онҳоро низ шокӣ кардааст, аммо бастаҳои пул аз Амрикову Аврупо вориди бонкҳои Толибон мешаванд ва онҳо ин маблағҳоро барои тақвияти артишҳои террористии худ истифода мекунанд.
Мо – мардуми Афғонистону кишварҳои ин сӯи Ому, ки тақрибан арзишҳои муштараки фарҳангиву динӣ дорем, чӣ кор кунем? Бояд якдаст шавем ва Афғонистонро аз коми аждаҳои ифротгароиву терроризм берун орем. Дар акси ҳол, ин аждаҳо Осиёи Марказиро низ хоҳад фурӯ бурд.
- Сомонаи "Сангар" дар куҷо фаъолият мекунад ва ё умуман дафтар дорад?
- Мо дафтари махсус надорем. Кормандони мо дар саросари олам кор мекунанд. Шӯрои машвараи мо, ки дар сомона нашр шудааст, дар гӯшаву канори ҷаҳон нишастааст. Ҳамзамон ин коршиносону рӯзноманигорон барои сомона матлаб менависанд ё ягон матлабро пешниҳод мекунанд.
- Дар ташкили сомона бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ шудед?
- Ягон мушкили хос надоштем, чун кори гурӯҳӣ буд ва беҳтарин коршиносу рӯзноманигорони Афғонистону Тоҷикистон дар он саҳим буданд, ҳатто корҳои техникӣ низ дастаҷамъона иҷро шуданд.
- Чуноне медонем, матолиб бо се забон нашр мешаванд. Дар пешбурди фаъолияти сомона киҳо ба кор ҷалб гардидаанд?
- Муаллифонеро, ки матлабҳояшонро мехонед ва номҳояшонро мебинед, ҳамагӣ ҳамкори моянд. Матнҳои форсӣ дар Эрон, ҳатто дохили Афғонистон ва дар Австралияву Аврупову Амрико таҳия мешаванд. Тарҷумаи русиро дар Душанбе ва англисиро дар кишварҳои аврупоиву амрикоӣ чандин нафар ройгон анҷом медиҳанд. Хулоса, “Сангар” як тарҳи дастаҷамъӣ ва бидуни пуштибонии сиёсиву молӣ аст. Як суроға не, суроғаи зиёде дорад.
- Махсусияти сомона дар чист?
- Фарқи хосаеро бо дигар сомонаҳо намебинем. Шояд танҳо ин бошад, ки ба чанд забон нашр мешавад ва муҳим аз ҳама паёми мо, ҳарфи моро ба ҷаҳониён мерасонад.
- Масъалаҳое, ки матраҳ мегарданд танҳо фарогирандаи вазъи сиёсии Афғонистон мебошанд? Каме дар мавриди мавзӯҳое, ки мавриди таваҷҷуҳи сомона мебошанд, сухан мекардед.
- Афғонистон намунаи як оянда барои Осиёи Марказӣ аст. Низомҳои минтақа набояд фикр кунанд, ки он чӣ дар Афғонистон иттифоқ афтод, мутаваҷҷеҳи онҳо нахоҳад шуд. Оё дар Ӯзбекистону Туркманистон ва Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон ифротгароён ҳузур надоранд ва дар интизори фурсати худ нестанд? Иттилои дақиқ вуҷуд дорад, ки дар ҳаводиси Қазоқистон авомили ифротгароиву терроризм ширкати густарда доштанд. Ё дар Қирғизистон тамоми он созмонҳое, ки ҷавомеи ин тарафи Ому, қабл аз ҳама, Афғонистону Покистонро ҳамеша ба чолиш мекашиданду мекашанд, амал намекунанд? Дар сафи созмонҳои террористие, ки дар Афғонистон фаъолият доранд, шаҳрвандони тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва бештаринашон ӯзбекистониву тоҷикистониянд. Ҳатто ӯйғурҳои Чину мусалмонони Русия низ мунтазири фурсати худ нишастаанд.
Ман метавонам мавзӯи асосии “Сангар” – ро геосиёсат ё геополитика гӯям, аммо агар сайре ба сафҳаи аввали сомона кунед, хоҳед дид, ки масоили фарҳангӣ низ мавриди таваҷҷӯҳи мост. Он ҳам бад-ин маъност, ки фарқ миёни фарҳанги худу бефарҳангии Толибу ҳамдастонашро таъкид кунем.
- Сабаб дар чист, ки бештари муаллифон бо номи мустаор менависанд?
- Дуруст аст, ки дар тими “Сангар” чанд нафар бо номи аслии худ кор намекунанд. Инҳо, ба шумули банда, афродеанд, ки дар Афғонистон ҳастанд ва ё хешовандонашон он ҷо зиндагӣ мекунанд, ба далоили амниятӣ номи аслиашон бурда намешавад. Мо тими қавитаринеро дорем. Хабарнигорони мо дар Кобул, Мазори Шариф ва Қундуз таҳти султаи Толибон зиндагӣ мекунанд. Як хабарнигори мо дар кӯҳҳои Ҳиндукуш машғули кор ва ҳамеша ба Андаробу Хуст ва Панҷшер дар сафар аст. Ман пеши садоқат ва сарсупурдагии онҳо сари таъзим фурӯд меорам, ки ин ҳама корро барои мо ройгон анҷом медиҳанд.
Аммо метавонам бигӯям, ки муаллифони 90 фисади матолиб ашхоси воқеиянд, шурӯъ аз устоди бузургвор Фарид Юнус, ки дар Амрико зиндагӣ мекунанд, то рӯзноманигори маъруф Раззоқи Маъмун дар Австралия ва олими варзида Абдуллоҳи Раҳнамо дар Душанбе ва дигарон.
Бархе номҳо барои ҷомиаи Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ошно нестанд, бархе ҳам барои Афғонистон. Ҳадаф ҳам ҳамин буд, ки онҳо зери як сақф ҷамъ оварда, матолибашон ба чанд забон тарҷума шавад, то паёмашон низ ба мухотаб бирасад. Мо мехоҳем, ки моро, яъне мардуми минтақаи моро бишнаванд. Мо ҳама дар кунҷу канори дунё як ҳарфро мезанем, як нигаронӣ дорем, аммо як минбар надоштем.
- Будани сомонаи “Сангар” дар фазои иттилоотии Тоҷикистон, аз кадом лиҳоз муҳим аст?
- Ҳамон далеле, ки дар боло гуфтам. Бигзор, мардуми Тоҷикистон ва тамоми минтақа воқеиятҳои пушти пардаро бубинад ва дар хоби ғафлат намонанд.
- Каме дар бораи " Шӯрои мушовара" бигӯед, ҳайати он дар таъсиси сомона чӣ нақш доштанд?
- Банда ба ҳар яки онҳо изҳори сипос мекунам, ки дар лаҳзаҳои ҳассос дар канори мо ва дили ҷамъи мо буданд. Бавижа, аз устод Раззоқи Маъмун ва Фахриддини Холбек изҳори сипос мекунам, ки мешавад гуфт, тарроҳи асосии ин сомона ва ба чунин мӯҳтаво буданд.
- Дар ин муддат сомонаи "Сангар" аз ҷониби ягон ниҳод ва ё созмони ҷамъиятие дастгирӣ ёфтааст?
- Қатъиян не.- Ба хотири матолиби сиёсӣ ва таҳлилие, ки дар сомона нашр мешаванд ва он мавзӯҳое, ки баррасӣ мегарданд, аз ҷониби Толибон ва ё ашхоси алоҳида ба раванди кори сомона ягон халал ворид гардидааст?
- Хушбахтона, то ба ҳол чунин як иттифоқе наафтодааст. Тавре ки дар боло ишора кардам, хабарнигорони мо хеле ҷиддӣ амнияти худро ҳифз мекунанд.
- Сомонаи "Сангар" дар оянда чӣ мақсад дорад?
- Як орзу ва як ҳадаф дорем, ки минтақа аз ифротгароиву терроризм озод шавад ва роҳ барои рифоҳу рушди кишвару мардуми минтақа боз гардад.
-Ташаккури зиёд!
Саломат бошед!
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед