Ru  | Tj
Бонуи ҷуроббофи машҳури олам. “Ин ғолибият бароям ифтихори бузург буд”
Бонуи ҷуроббофи машҳури олам. “Ин ғолибият бароям ифтихори бузург буд”
Аксҳо: Halva.tj

Бонуи ҷуроббофи машҳури олам. “Ин ғолибият бароям ифтихори бузург буд”

Нашр шуд

Ҷуроббофӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардумии тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҷуроби имрӯзаи Тоҷикистон бо зоҳири зебои худ ҷаҳониёнро шигифтзада намудааст. Ин намуди ҳунар асосан дар ВМКБ-и Тоҷикистон рушд кардааст. Ҷуроббофӣ яке аз писандидатарин намуди ҳунари занони кӯҳистони Бадахшон аст. Ин ҳунар таърихи хеле қадима дорад ва дар солҳои охир ривоҷ ёфта истодааст. Мардуми Бадахшон ҷуробро чун тумор медонистанд, ки гуё онҳоро аз ҳар воқеаи бад ҳифз менамуд. Мардум ҷуробро дар рӯзҳои фараҳбахш ба дӯстону наздикон тӯҳфа менамуданд, ки ин амал дӯстии онҳоро ҷовидона менамуд. Бешак ин ҳунари аҷдодӣ бо зоҳири зебо ҳамаро мафтун менамояд ва ҳар сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, ҳатман ҷуроби Помирро ҳамчун дастовез бо худ мебарад. Ҷуробҳоро асосан аз пашми табиӣ омода менамоянд. Ҷуроби Помир дар баробари аз сардӣ муҳофизат намудан, хусусиятҳои дигари табобатӣ низ дорад.


Ҳунари ҷуроббофиро имрӯзҳо занони бадахшӣ то ҳадди имкон рушд дода истодаанд. Аспармо Мавлонназарова яке аз чунин ҳунармандоне мебошад, ки барои аз байн нарафтани ин ҳунари аҷдодӣ заҳмати зиёд мекашад. Ӯ солҳост бо ҳунари бофандагӣ сари кор дорад ва то имрӯз 85 намуди нақши ҷуроби Помирро таҳия намудааст.

Аспармо Мавлонназарова дар бораи фаъолияти ҳунармандӣ ва тарзи омодакунии Ҷуроби Помир ба мо қисса намуд.


Ба мерос гирифтани касбу ҳунар аз падару модар

Аспармо Мавлонназарова дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Ӯ донишгоҳро низ хатм намуда, дар баробари касби пуршарафи омӯзгорӣ ҳунари аҷдодиро низ омӯхта, соли 2003 Ташкилоти ҷамъиятии ҳунарҳои мардумии “Назира”-ро боз намуд, ки то имрӯз дар ин даргоҳ чандин шигирдони зиёде тарбия намудааст.


Аслан Аспармо ҳунари бофандагиро дар хурдсолӣ аз модари худ омӯхтааст. “Модарам ҳунарманд буданд. Аз кӯдакӣ ба рафти корҳояшон халал мерасонидаму мегуфтам: “Модарҷон ба ман ҳам ёд диҳед”. Он кас дар ҷавоб мегуфтанд, ки “бофандагӣ кори вазнин аст, ту ҳоло хурд ҳастӣ ва наметавонӣ”. Вале ҳамеша пофишорӣ мекардам, ки ба ман низ ин ҳунарро омӯзонанд. Билохира, модарам розӣ шуданд ва ба ман лавозимоти ҷуроббофиро доданд. Ба тарзи кори он кас аҳамият дода, дар давоми чанд рӯз як ҷуфт “ҷуробак” бофтам. Он замон тахминан 6-сола будам ва аввалин маҳсули бофтаи худро бо тавсияи модар ба дарё андохтам. Гӯё иҷрои ин амал барои зудтар омӯхтани ҳунари бофандагӣ кӯмак менамудааст” - бо лабханд ба ёд овард - Аспармо Мавлонназарова.


Ҷуроби Помир ва махсусияти нақшу нигори он

Ҷуробҳоро ҳар ҳунарманд мувофиқи завқу салиқаи худ “гулпартоӣ” карда мебофад. То имрӯз нақшҳои гуногуне аз ҷониби ҳунармандон эҷод мешаванд, ки ҳар як нақш ифодакунандаи мафҳуми хос аст. Масалан, гули садбарг, байрақ, ситора, ракета, рах-рах, баргак нақшҳое ба ҳисоб мераванд, ки аз ҷониби бофанда дар ҷуробҳо “гулпартоӣ” мешаванд. Қаҳрамони мо дар давоми фаъолияти ҳунармандии худ зиёда аз 85 намуди нақшҳоро эҷод намудааст ва дар ҷуробҳои бофтаи худ истифода кардааст.


“Ҳар нақши ҷуроб дар худ маънои хос дорад. Масалан, нақши офтоб ин маънои гармиро медиҳад. Ман аз ҳар чизе, ки мебинам, илҳом мегирам ва як нусхаи навро месозам. Ҳамчунин, табиати зебои Ватан низ ба мо - ҳунармандон илҳом мебахшад. Дар мо аз ҳама чиз нусха мебардоранд, ҳатто аз қулф, шона, барги дарахт, офтоб, ситора ва ғайра. Дар Бадахшон ба нақшҳои ориёӣ бартарӣ дода мешавад, ки дар худ рамзи озодӣ, ободӣ, хушбахтӣ ва дӯстиро ифода мекунад” - мегӯяд ӯ.


Навъҳои ҷуроби Помир

Ҳунармандони бадахшӣ се навъи ҷуробҳоро мебофанд. Намуди якум ҷуроби кӯтоҳ, ки маъмулан онро “пояфзолҷуроб” низ меноманд. Намуди дувум, ки бештар барои пӯшидан ва тӯҳфа кардан истифода мешаванд, “ҷуробҳои то зону” ном доранд. Намуди севуми ҷуробҳо, ки то миёнро мепӯшонанд, маъмулан бо фармоиш омода мешаванд, ки онро бештар чупонон ва шикорчиён ба бар менамоянд.


“Ман асосан ду намуди ҷуробҳоро мебофам, ҷуробҳои кӯтоҳ ва то зону. Ҷуробҳоро ба се қисм ҷудо менамоем: қисми соқ, пошна ва пешпанҷа. Кори мо аз тарзи бофтани ҷуроб оғоз меёбад. Дар мо ду тарзи бофтани ҷуроб маъмул аст: яксиха ва панҷсиха. Баъдан андозаи гирди буҷулаки пойро чен намуда, аз рӯйи нақши интихобгардида зичии бофтро муайян менамоем ва миқдори ҳалқаҳои барои оғозшавии кор заруриро ҳисоб менамоем. Пас аз ин ба бофтан шурӯъ мекунем ва нусхаи дарназардошташударо дар ҷуроб ҷой медиҳем. Ҳар ҷуробро аз рӯйи зичии бофти он баҳогузорӣ мекунанд. Ҳар қадар бофти мо зич бошад, ҳамон қадар маҳсули мо зебо ва хуб мешавад”, мегӯяд Аспармо.


Хусусияти шифобахшӣ

Барои хушсифат ва зебо омода намудани Ҷуроби Помир ресмони он нақши муҳимро мебозад. Ресмони ҷуробҳоро бештар аз пашми шутур, гӯсфанд ва буз омода мекунанд, ки дар худ хусусияти шифобахшӣ низ доранд. Аспармо Мавлонназарова ба ресмони бофандагӣ аҳамияти бештар медиҳад ва ҷуробҳои худро аз ресмони пашмини табиӣ омода менамояд.


“Ресмон ё ришта дар бофтани ҷуроб нақши муҳим доранд. Ман ба ресмонҳое, ки дар бозорҳо мефурӯшанд он қадар эътимод надорам, чунк онҳо дар таркиби худ маводҳои синтетикӣ низ доранд. Маҳсулоти бароям заруриро аз ВМКБ дастрас менамоям. Ҳамеша бароям аз онҷо ресмон мефиристанд, ки аз пашми табиӣ омода мешаванд. Пашм низ хусусияти шифобахшӣ дорад, масалан, ҷуроби аз пашми шутур омодагардида ба бештари дардҳо даво мебахшад” - мегӯяд ҳунарманди тоҷик.


Ҷуроби Помир ҷаҳониёнро мафтун намуд

Ҷуроби Помир бо зоҳири пурнақшу нигори худ хориҷиёнро низ шефта намудааст. Ҳар сайёҳе, ки ба кишвар меояд, ҳатман ҷуроби Помирро ҳамчун тӯҳфа ба ватани худ мебарад.


“Муносибати хориҷиён ба ин ҳунари мардумии тоҷик бисёр хуб аст. Дар ҳар ҷашнвораи байналмилалӣ, ки ширкат менамудам ва маҳсулоти дасти худро ба намоиш мегузоштам, иштирокчиён бо дидани ҳунари ҷуроббофӣ дар ҳайрат меафтоданд. Ҳамеша ин навъи ҳунари бофандагӣ аз ҷониби онҳо хуш пазируфта мешуд, ки албатта ин барои мо - тоҷикон ифтихори бузург аст. Масалан, дар ҷашнвораи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буд, ширкат доштем ва мардуми араб ҷуробҳои моро хӯш пазируфтанд. Воқеан, мо ҳунаре дорем, ки ҷаҳониёнро мафтун намудааст, бояд ба қадри он бирасем ва барои аз байн нарафтани он кӯшиш намоем” – гуфт, Аспармо Мавлонназарова.


Зани тоҷик - Ҳунарманди беҳтарини ҷаҳон

Аспармо Мавлонназарова дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҳунарҳои аҷдодии мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Ӯ дар ҷашнвораи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар шаҳри Оши Қирғизистон баргузор гардид, ширкат намуда, маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштааст. Ҳамчунин, дар ҷашнвораи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон гузаронида шуда буд, иштирок намуда, соҳиби диплом гардидааст. Соли 2012 тоқичаи бофтаи ӯро, ки номи онро мардуми Бадахшон “паккул” мегӯянд, аз ҷониби ЮНЕСКО бо нишони сифати ЮНЕСКО қадрдонӣ кардаанд.


Соли 2020 Аспармо Мавлонназарова дар озмуни “Беҳтарин маҳсули ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Шӯрои ҷавонии ҳунармандон, ки ба таври онлайнӣ баргузор шуда буд, ширкат намуд. Дар озмуни мазкур ҳунари дасти ӯро хӯш пазируфтанд ва бо унвони “Ҳунарманди беҳтарини ҷаҳон” сарфароз гардониданд.

“Барои ман ин ғолибият ифтихори бузург буд. Чун зани тоҷикро дар байни чандин кишварҳо “Ҳунарманди беҳтарини ҷаҳон” эълон намуданд, ки он шавқу завқи ҳунармандии маро боз ҳам боло бардошт” - бо хурсандӣ баён намуд Аспармо.


Аспармо Мавлонназарова ба ҷуз ҷуроббофӣ боз тоқича, рӯмол, кокул, қолинча, борхалта, гарданбанд ва ғайраро низ мебофад.

Ҳунармандбонуи тоҷик ният дорад, ки сафи шигирдони худро бештар намояд ва дар рушду ривоҷ ёфтани ҳунари аҷдодии мардуми тоҷик саҳми бештари худро гузорад.


Бонуи таъмиргари муҳаррик


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед