Ru  | Tj
“Аҳорун” бинандаро ба асри Пушкин бурд. Гузориш аз нахустнамоиши “Евгений Онегин” дар Душанбе
“Аҳорун” бинандаро ба асри Пушкин бурд. Гузориш аз нахустнамоиши “Евгений Онегин” дар Душанбе
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

“Аҳорун” бинандаро ба асри Пушкин бурд. Гузориш аз нахустнамоиши “Евгений Онегин” дар Душанбе

Нашр шуд

Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон – “Аҳорун” ба номи Муҳаммадҷон Қосимов бори нахуст намоишномаи “Евгений Онегин”-ро аз рӯи асари Пушкин (тарҷумаи Муҳиддин Фарҳат) ба саҳна овард.

Ҳаводорони санъат, аз ҷумла ҳунармандон, шахсиятҳои фарҳангӣ ва рӯзноманигорон дар ин шомгоҳи илҳомбахш ҷамъ омаданд. Ҳузури вазири фарҳанг, Матлубахон Сатториён ин рӯйдоди фарҳангиро боз ҳам ҷилои хос бахшид.

Дебочае ба эҷоди Пушкин

Таърихи тарҷумаи осори Пушкин ба забони тоҷикӣ беш аз садсола аст. Нахустин асари ба тоҷикӣ баргардоншудаи шоири бузурги рус “Қиссаи моҳигир ва моҳӣ” буда, соли 1899 аз ҷониби Аҷзӣ тарҷума шудааст. Дар тӯли ин солҳо адибони барҷастаи тоҷик чун А.Лоҳутӣ, Ҳ.Юсуфӣ, М.Турсунзода, М.Раҳимӣ, С.Улуғзода ва дигарон осори гаронбаҳои Пушкинро ба забони тоҷикӣ баргардон кардаанд.

“Евгений Онегин” бошад, аз ҷониби шоири маъруф Муҳиддин Фарҳат дар солҳои 60-уми асри гузашта тарҷума шуда, соли 1967 нашр гардидааст. Ҷолиб он аст, ки ҳанӯз соли 1946 операи “Евгений Онегин”-и Чайковский дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба забони тоҷикӣ иҷро шуда буд.

Шоҳкори Пушкин дар “Аҳорун”

Ҳанӯз дар лаҳзаҳои аввали намоиш, аз он замоне ки парда бардошт шуд, амалкарди ҳунарии ҳунармандон таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб кард: “Пушкин”-ро аз толор ба саҳна бароварданд ва ӯ ба қиссаи намоиш сар кард.

Бо либосҳои русӣ ва нақшҳои барҷастае, ки гӯё аз тасвирҳои асримиёнагии Петербург бархоста буданд, ҳунармандон қаҳрамонони фоҷиаи маъруфи Пушкинро бо ҷилои нав зинда карданд.

Гулчеҳра Наимова, коргардони намоишнома, бо ҳунари фавқулодда тавонист, ки асолати асарро эҳё созад ва ҳамзамон шеваҳои бадеии навро ба намоиш ворид кунад.

Қиссае аз ишқи феҷеабор

Нақши Евгений Онегинро ҳунарманди ҷавон, Шоҳмурод Аюбов бо нозукиҳои хоса иҷро намуд. Онегин – ҷавони боақлу худшинос, вале мағрур ва худбовар дар рӯйи саҳна қиёфае дигар меёфт. Аюбов бо истеъдоди худ образи Онегини ошиқ ва пушаймонро бо ҳолатҳои нозук ва ҳаяҷонбахши равонӣ намоиш дод.

Ӯ дар лаҳзаҳои ҷанҷолу ҷудоӣ бо Татяна бо чеҳраи пур аз ҳиссиёти зиддунақиз нақш мебозид. Албатта, дар бархе мавридҳо ҳанӯз камбудиҳое дида мешаванд, ки шояд барои ҳунармандони ҷавон одист.

Рухшона Улфатова, ки нақши Татянаро офарид, бо содагӣ ва самимият лаҳзаҳои ишқи нозуки Татянаи ҷавонро намоиш дод. Лаҳзаи навиштани нома ба Онегин, ҳангоме ки рӯ ба дояи худ пайваста дар ишқу орзуи ҷавонӣ суҳбат мекунад, як лаҳзаи фаромӯшнашавандаи намоиш гардид. Ин ишқи шодибахшу фоҷеабор, ки танҳо бо дидори охирини Онегин анҷом меёбад, ҳамзамон як паёми ахлоқии қавӣ ва омӯзанда дорад.

Зиндагии Пушкин ҳам ба тамошобин рӯшан шуд

Коргардон бо тарҳрезии саҳна, либосҳои таърихӣ ва лаҳзаҳои ҷаззоб тавонист, ки олами тасаввуроти Пушкинро дар муҳити зинда намоиш диҳад.

Аз лаҳзаи аввал, ки ровӣ бо сурати монанд ба Пушкин ба саҳна омад ва бо либосҳои асри нуздаҳум оро ёфт, эҳсос мегашт, ки худи Пушкин гӯё дар саҳна ҳузур дорад. Ин бозёфти коргардон ба тамошобинон илҳоми амиқ бахшид ва ҳисси наздикӣ ба замон ва муҳити достонро фузун гардонид.

Рашод Исмоилбеков нақши ровии намоишнома ё худ Пушкинро бо эҳсоси хос иҷро намуд. Ӯ тавонист нозукиҳои зиндагии Пушкинро ба тамошобинон ҳувайдо кунад. Вай дунёи шоир ва ҳиссиёти ӯро бо ҳунармандии баланд кушода, ҳар лаҳзаро таъсирбахш пешкаш менамуд.

Арзишҳои волои адабиёт дар саҳнаи театри тоҷик

Бозгашти бону Гулчеҳра Наимова ба саҳнаи “Аҳорун” – рамзи дубора эҳё шудани шукуҳу шуҳрати театрии тоҷик аст. Коргардон Гулчеҳра Наимова тавонистааст ғояи аслии Пушкинро ҳифз карда, онро бо гунаҳои муосир пешниҳод намояд. Ин намоиш бори дигар исбот кард, ки арзишҳои волои адабиёт ва ҳунар дар қалби санъати тоҷик ҷойгоҳ ва ҷилои беназире доранд.

Намоиш арзиши баланди бадеӣ дошта, тамошои он ба ҳамаи дӯстдорони санъати театрӣ тавсия мегардад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед