Ru  | Tj
Аксбардорӣ дар кино ва мушкилоту нозукиҳои он
Аксбардорӣ дар кино ва мушкилоту нозукиҳои он
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Аксбардорӣ дар кино ва мушкилоту нозукиҳои он

Нашр шуд

Аксбардорӣ ва дизайн ду соҳаи муҳимми замони имрӯза ба ҳисоб мераванд. Махсусан соҳаи филмофариро бидуни дизайнер ва аксбардор тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аксбардорӣ ва дизайн касбе мебошанд, ки аз инсон сабру тоқат ва завқи баланд талаб мекунанд. Инак сӯҳбати мо бо дизайнер ва аксбардори ҷавону муваффақ Фирдавс Набиев.

- Чи сабаб гардид, ки шумо ба Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" омадед ва дар нахуст чи ҳадафҳоро дунбол будед?

- Охирҳои соли 2008 дар як корхонаи тарғиботӣ кор мекардам ва баъди чанде аз кор рафтаму чанд муддат бекор гаштам. Рӯзе яке аз дӯстонам гуфт, ки ба “Тоҷикфилм” чун ман мутахассиси дизайнери компютер лозим аст. Ҳамин тавр, дар ин ҷо ба кор шурӯъ кардам.

Он вақтҳо ягона ҳадафам ҳамчун дизайнер кор кардан буду халос. Баъди чанд муддати кор хостам, ки худамро дар самти кино низ санҷам, аммо он вақтҳо дар марҳилаи ташаккул қарор доштам ва бинобар ин, маро лозим буд, ҳар он чиро, ки омӯхта будам, дар амал татбиқ намоям.

- Ба аксбардорӣ рӯ овардани Шумо тасодуфӣ буд ва ё аз қабл ба ин ҳунар рағбат доштед?

- Он вақтҳо тамоман дар бораи аксбардорӣ тасаввуроте надоштам, вале аз рӯи завқу ҳавас ҳар замон акс мегирифтам ва як дастгоҳи хӯрди аксбардорӣ ҳам доштам. Як муддат маблағ пасандоз кардаму соли 2011 дастгоҳи нави аксбардорӣ харидам ва ҳамин тавр, вориди дунёи аксбардорӣ шудам.

Соли 2012 аз тарафи Ҳукумат ба “Тоҷикфилм” супориш дода шуд, ки филми "Марги бегуноҳ" - вобаста ба воқеаҳои Ҷанги шаҳрвандӣ ба навор гирифта шавад. Вақте ки омодагиҳо барои ба навор гирифтани ин филм ҷараён дошт, коргардони филм Юнус Юсуфов ва ёвари он Асланшоҳ Раҳматуллоев пешниҳод карданд, ки дар филм аксбардор шавам. Ҳамин тавр, қабул кардаму дар ин ҷода қадамҳои аввалини худро гузоштам.

- Ҳамаи кор ба худ як душворӣ дорад, душвории кори аксбардорӣ дар чист?

- Дар аскбардорӣ душворӣ ҳамон вақт вуҷуд дорад, ки дар давраи омӯзиш қарор дорӣ ва то ҳол ҳанари аскбардории худро интихоб накардаӣ. Аксбардорон ду хел мешаванд. Нафароне, ки аз рӯи ҳавою ҳавас акс мегиранд ва нафароне, ки тахассусӣ ҳастанд. Аз ин хотир, нафароне, ки тахассусӣ ҳастанд, интихоб кардани жанр барояшон каме душворӣ меорад.

Вақте моҳҳои феврал мо дар деҳаи Қиблаӣ банаворгирии филми "Марги бегуноҳ" - ро оғоз кардем, дар рӯзи аввали он барф меборид ва бо вуҷуди барфи зиёд, сардии ҳаво ва шамоли сахт маро лозим омад, ки расм гирам. Онҷо лаҳзаҳои тирпаронӣ бисёр буданд ва ман бояд расмҳои хуб мегирифтам.

- Дар аксбардории кино нақши асосиро чӣ мебозад?

- Дар дилхоҳ аксбардорӣ нақши аз ҳама муҳимро нур мебозад. Чун худи фотография ин маънои кашидан бо нурро дорад.

- Дар як филм шумо тақрибан чанд акс мегиред?

- Дар филми “Марги бегуноҳ”, ки қадамҳои аввалинам буд 7000 акс гирифта будам. Дар филмҳои дигар бошад то 1200 – 1300-то расм мегирам.

- Дар чанд филм аксбардор ва дизайнер будед?

- Дар 19 филми ҳунарӣ ҳамчун аксбардор ва зиёда аз 25 филми ҳуҷҷатӣ ҳамчун аксбардор-дизайнер кор кардам. Масалан, дар филмҳои «Умед ба адолат», «Марги бегуноҳ», «Як ҷаҳон аз ману ту», «Муаллим», «Сафари ҳавоӣ», “Дурбин”, «Хоби ҳамдуна», «Провинциальные мечтатели», «Utopia», «Пешбаст», «Маро бубахш», "Бархез модар”, «Рақси зиндагӣ», «Детский дом», «Бункер», «Взгляд газели», «Роҳ» ва ғайра.

- Бештар бо кадом коргардонҳо ҳамкорӣ кардаед?

- Бо Рачабалӣ Пиров, Юнус Юсуфов, Абдулҳай Зокиров, Носир Саидов, Муҳаббат Сатторӣ, Далер Раҳматов, Румӣ Шоазимов, Диловар Султонӣ, Носир Раҳимон, Шарофат Арабова, Маҳмадрабӣ Исмоил, Муҳиддини Музаффар ва ду лоиҳаи хориҷӣ: яке филми "Детский дом" - и Шаҳрбону Содот, ки аз Афғонистон буду, вале бо гурӯҳи фаронсавиҳо ба Тоҷикистон омада буд ва дигаре филми "Утопия" - и Ҳасан Назир - коргардони эронӣ, ҳамкорӣ кардам.

- Чи тавре, ки огоҳӣ дорем, Шумо дар озмуни байналмилалии "35АVARDS" иштирок кардаед. Иштирок дар ин озмун чи тавр ба Шумо даст дод?

- Дар ин озмун дар муддати 300 рӯз тақрибан аз 173 - 175 кишвари дунё аксбардорон беҳтарин маҳсули кори худро пешниҳод мекунанд. Дар умум 403-405 ҳазор аксбардорон расмҳои худро дар жанрҳои гуногун мефиристанд. Вақте ба сомонаи онҳо ворид мешавӣ, жанри расмҳои худро интихоб карда, номнавис мекунӣ ва расмҳои гирифтаатро равон мекунӣ. Ман аллакай се сол мешавад, ки дар ин озмун ширкат мекунам. Дар озмун аксҳоро аз рӯи ду номинатсия: Садгонаи аксҳои беҳтарин ва Садгонаи аксбардорони беҳтарин қабул мекунанд. Ман мақсад дорам, ки дар Садгонаи беҳтарин аксбардорони дунё шомил шавам.

- Аз рӯи аксҳои гирифтаи шумо ягон нафарро барои иҷрои нақш дар филм интихоб кардаанд?

- Бале, чунин мавридҳо бисёр зиёд аст. Коргардонҳо ба ман занг зада мепурасанд, ки ин духтар ё писарро чӣ тавр пайдо кунанд. Ман бештар барои баъзаи киностудия расм мегирам ва аз дигар кастингҳо ҳам расм дорам. Қисми зиёди онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорам, масусан дар Фейсбук. Ҳатто аз Эрон занг зада хоҳиш карданд, ки рақамҳои ҳамон нафари интихобкардаашонро равон кунам.

- Барои нафароне, ки мехоҳанд дар оянда аксбардор бошанд, Шумо чӣ тавсияҳо медиҳед?

- Тавсияи ман ин аст, ки ҳеҷ вақт дар фикри ба даст овардани пул нашуда, пайваста пайи омӯзиш ва ҷустуҷӯ бошанд. Нафаре, ки беҳтарин дастгоҳро мехараду завқ надорад, аксбардор шуда наметавонад. Чизи муҳимми дигар ин ки аксбардор бояд ҳамарӯза зиёда аз 200 расмро омӯзад. Зеро яке аз роҳҳои тақвияти дониши аксбардорӣ ин омӯзиши маҳсули аксбардорони дигари ботаҷриба аст. Ман ҳам имрӯзҳо барои омӯзиши аксҳои дигарон вақти муайяни худро ҷудо мекунам. Чунки замона пайваста дар ҳоли тағйирот қарор дорад ва моро ҳам лозим меояд, ки ҳамқадами замон бошем.




Намоз Ҳотамов: Рисолати муаррих навиштани ҳақиқати таърих аст!

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(145) "Муҳиддини Музаффар: “Мехоҳам, ки қисми зиёди умрам дар майдони навор гузарад.”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12248"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8318"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(94) "/tj/articles/talk/mu_iddini_muzaffar_mekho_am_ki_ismi_ziyedi_umram_dar_maydoni_navor_guzarad_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3942"
  ["CODE"]=>
  string(75) "mu_iddini_muzaffar_mekho_am_ki_ismi_ziyedi_umram_dar_maydoni_navor_guzarad_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3942"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Муҳиддини Музаффар: “Мехоҳам, ки қисми зиёди умрам дар майдони навор гузарад.”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(108) "Муҳаммадрабӣ Исмоил: “Лаҳзаҳои киноофарӣ бисёр ширинанд”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "11551"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(72) "/tj/articles/talk/mu_ammadrab_ismoil_la_za_oi_kinoofar_bisyer_shirinand/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3719"
  ["CODE"]=>
  string(53) "mu_ammadrab_ismoil_la_za_oi_kinoofar_bisyer_shirinand"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3719"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Муҳаммадрабӣ Исмоил: “Лаҳзаҳои киноофарӣ бисёр ширинанд”

Другие новости