Ru  | Tj
Меҳроҷиддин Сайриддинзода: “На ҳар ҳунарманд ба нақшаш овоз дода метавонад”
Меҳроҷиддин Сайриддинзода: “На ҳар ҳунарманд ба нақшаш овоз дода метавонад”
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Меҳроҷиддин Сайриддинзода: “На ҳар ҳунарманд ба нақшаш овоз дода метавонад”

Нашр шуд

Меҳроҷиддин Сайриддинзода, коргардони овоз, актиёри дубляж ва танзимгари филмҳо буда, дар ин соҳаҳо ҷавони муваффақи кишвар дониста мешавад. Ӯ дар сӯҳбат бо мо доир ба махсусиятҳои дубляж ва тарҷумаи филмҳо гуфт.

- Сабаби ба дубляж рӯ овардани Шумо дар чист? 

- Ростӣ, ба соҳаи дубляж ва тарҷумаи филмҳо бисёр шавқ доштам ва ҳамин боис гардид, ки ба дубляж рӯ биорам. Ҳоло наздики 10 сол мешавад, дар ин самт фаъолият мекунам. 

- Дар ин самт кӣ ба Шумо бештар кӯмак кардааст?

- Устоди аввалин ва фикр мекунам, охиринам дар соҳаи дубляж ва танзими филмҳо ин Малоҳат Абдуллоева мебошанд. Муаллима ба ман пайваста маслиҳат медоданду медиҳанд ва аз он кас албатта хеле  миннатдор ҳастам.

- Кор ё корҳои аввалини Шумо дар ин соҳа кадомҳо буданд? 

- Ман корро дар ин самт аз дубляжи филмҳои туркӣ шурӯъ кардам. Маро роҳбари студияи ҳамонвақтаи "Аҷам-филм" Бобоҷон Ғафуров ба кор даъват карданд ва дар он ҷо филмҳои "Дили захмдор", "Ҷонфидо", "Ҳикмати зиндагӣ" ва ғайраҳоро дубляж кардам. Аз моҳи феврали соли 2016 дар Телевизиони “Синамо” ба ҳайси коргардони овози дараҷаи якум ба кор омадам ва тӯли 5 сол кор кардам. 

- Шумо метавонед бигӯед, ки дар тӯли 5 соли фаъолиятатон дар “Синамо” чӣ микдор филмро дубляж кардед?

- Ҳатто тахмин карда наметавонам. 

- Барои дубляж як нафар басанда аст? 

- Аз ҷиҳати техникӣ барои танзим ва дубляж ду нафар лозим мешавад, яке барои сабти овоз ва дигаре барои танзим, яъне коргардони овоз. Аммо дар вақти кор худам ҳам дубляж ва ҳам танзим мекардам.

- Барои чӣ дар дубляж садоҳои нав дида намешаванд?

- Ростӣ, ин савол ба мо зиёд дода мешавад ва дар ин росто ман аз нафароне, ки дар дубляж кор кардан мехоҳанд, хоҳиш мекунам, ки ба ин соҳа бипайванданд.

- Дубляж кардани як филм чӣ қадар вақтро мегирад?

- Дубляж кардани филм бисёр душвор аст. Филмҳо дуовоза ва бисёровоза мешаванд. Агар филм дуовоза бошад, дар он кор кардан осонтар аст. Аз ин хотир, дубляж кардани филми мустанад нисбат ба филми ҳунарӣ осонтар аст. Аммо бо вуҷуди ин, мо наметавонистем, ки як филмро дар як рӯз омода кунем. Филме, ки давомнокиаш ду ё се соат бошад, омода карданаш ду ё се рӯз давом мекунад, вале омода кардани силсилафилмҳо вобаста ба миқдори он ҳафтаҳо тӯл мекашанд.

- Оё фаъолият кардан дар самти дубляж ба ҳунарманд шудани шахс таъсир  мерасонад?

- Дар синамои ҷаҳонӣ "за кадровый актёр" аст, ки ӯро "актёр дубляжа" мегӯянд. Онҳо ҳунармандоне ҳастанд, ки дар дубляж маҳорат доранд ва паси парда мемонанд, вале дар кадр бозӣ карда наметавонанд. Аз ин хотир, актёри дубляж аз актёри кино фарқи калон дорад. Мо бисёр ҳунармандони хуб дорем, ки дар филм нақш меофаранд, вале вақте ба онҳо мегуфтем, ки дар нақши худатон овоз диҳед, наметавонистанд. 

- Шумо дар қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми филми "Умед ба адолат" нақш офаридед. Чаро ин корро дигар давом надодед?

- Вақте ки Далер Раҳматов ба ман пешниҳоди нақшофарӣ карданд, розӣ шудам. Баъдан, дарк кардам, ки ҳунарманд шудан заҳмати зиёдро талаб мекунад ва агар ман ҳунарманд шудан хоҳам, бояд бисёртар кӯшиш кунаму омӯзам.

- Бо чӣ сабаб аз телевизиони “Синамо” рафтед?

- Ин ба вазъи саломатиам бастагӣ дошт. Аммо аз “Синамо” дур шуданам ин маънои онро надорад, ки аз синамо даст кашида бошам. Дар оянда боз насиб бошад корро давом медиҳам.

- Ба назари Шумо дубляжи имрӯзаи мо то кадом андоза метавонад, талаботи бинандагонро қонеъ гардонад?

- Дар ҳама кор норасогиву камбудӣ вуҷуд дорад. Ман ҳамчун техник мехоҳам, ки дар кишвар шумораи студияҳои нав бо таҷҳизоти нав зиёд бошанд ва филмҳо на танҳо аз забони туркӣ, балки аз дигар забонҳои олам низ тарҷума ва дубляж карда шаванд. 

- Барои актёри дубляж будан пеш аз ҳама чӣ зарур аст?

- Асосан машқи лабу даҳон кардан ва бо овози баланд китоб хондан лозим. Ва талаботи дигар ин садои хубу шунаво ва ба ҳама фаҳмо доштан мебошад.

- Бо кадом ҳунармандон барои Шумо дубляж кардан осон буд?

- Бо шодравон Назармади Мӯсо. Он кас бисёр шахси наҷиб буданд. Мо чандин сол бо он кас соатҳои дароз якҷоя дубляж мекардем ва аз як нигоҳ ҳамдигарро мефаҳмидем. Ду рӯз пеш аз вафоташон мо бо он кас филми мустанаде сабт карда будем. Вақте ки хабари маргашонро шунидам муддати зиёд ба худ наомадам. Ҳамин тавр, дар баробари Назармади Мӯсо боз Ортиқи Қодир, Қурбони Собир, Некқадам Шоҳназаров, Ғаниҷон Олим, Раҷаб Ҳусайн, Асалбеки Назрӣ, Давлат Абдуллоев, Хуршед Мустафоев, Шуҷоат Ҷалолиддинов ва дигарон ҳастанд. Аз занҳо бо Малоҳат Абдуллоева, Мавлона Наҷмиддинова, Моҳпайкар Ёрова, Заррина Бадалова ва дигарон кор кардан осон аст . Инҳо ҳунармандоне ҳастанд, ки садояшон микрафонро ба худ мекашад, онҳо дар сатҳи касбӣ овоз медиҳанд ва бо онҳо кор кардан албатта, хеле осон аст.

- Ташаккур барои суҳбат.


Чанд шарти “намурдани” блоггинг ва блоггер дар Тоҷикистон




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед