Ru  | Tj
Чеҳраи ҷадид. Марям Шариф - духтари Навоз Шариф оё Бҳуттои дуюми Покистон мешавад?
Чеҳраи ҷадид. Марям Шариф - духтари Навоз Шариф оё  Бҳуттои дуюми Покистон мешавад?
Аксҳо: Аз интернет

Чеҳраи ҷадид. Марям Шариф - духтари Навоз Шариф оё Бҳуттои дуюми Покистон мешавад?

Нашр шуд

Дар сароғози мавҷи танишҳои сиёсии аҳзоби Покистон Марям Шариф, мухолифи бонуфузи Имрон Хон қарор дорад. Ӯ ба ҳайси узви аршади ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон, ки ҳизби Навоз Шариф ба шумор меравад, бо баёнияҳои пурэҳсос ба мухолифи ашадии Имрон Хон табдил шудааст. Вай дар тозатарин изҳороти худ Имрон Хонро “девона ва васвосӣ” хитоб намуда, аз мақомоти додгоҳӣ тақозо кард, ки бораи ҷинояти ӯ қарор содир кунанд: “Агар ин девона ва васвосӣ ба хотири ин ҷиноят муҷозат нашавад, пас аз имрӯз қонуни ҷангал дар ин кишвар ҳоким хоҳад шуд”. Ӯ Имрон Хонро ба хиёнат алайҳи Қонуни асосӣ муттаҳам мекунад.

Бисёре аз коршиносон дар таҳлилҳои худ аз шуҷоат ва матонати сиёсии Марям Навоз тамҷид кардаанд ва гуфтаанд, ки ояндаи раҳбарии ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон ба ҳузури вай дар арсаи сиёсӣ бастагӣ дорад.


Марям Шариф - чеҳраи ҷадиди саҳнаи сиёсати Покистон кист?

Марям Шариф духтари Сарвазири собиқи Покистон Навоз Шариф аст. Ӯ аз замони навҷавонӣ вориди арсаи сиёсат шудааст. Номи ӯ аз ҳамон рӯзе, ки падараш аз тарафи ҳукумати Парвиз Мушарраф боздошт шуд, дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Вай ҳамроҳ бо модараш дар дифоъ аз падари зиндонии худ тазоҳуротҳо ва ҷунбишҳои сиёсии зиёдеро раҳбарӣ кард, то он замоне, ки ҳукумати Парвиз Мушарраф маҷбур гардид, ки ӯро ба Арабистони Саудӣ табъид кунад. Марям Шариф он замон бо расонаҳои гуногун суҳбат мекард ва аз таъқибу набудани озодиҳои сиёсӣ дар замони ҳукумати низомии Парвиз Мушарраф ҳарф мезад. Он замон ӯ ба як чеҳраи дурахшони озодихоҳ бадал шуда буд.

Пойгоҳи аслии ҳизби Лигаи мусалмонони Навоз Шариф Лоҳур аст. Имрон Хон як чеҳраи ҷавони саҳнаи сиёсат соли 2011 бо ташкили раҳпаймоие дар Лоҳур бар зидди ҳизби Навоз Шариф фаъолиятҳои сиёсиро оғоз кард. Дар ин давра Марям Шариф бидуни ин ки мақоми расмие дошта бошад, вориди саҳнаи муборизоти сиёсӣ гашт. Вай дар манотиқи гуногуни Лоҳур барои ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон асосан дар байни ҷавонон таблиғоти интихоботӣ мебурд.


Марям Шариф, ки худ як чеҳраи ҷадид ва ҷавон дар арсаи сиёсат буд, зуд дар байни ҷавонон мавқеъ пайдо кард ва то ҳудуде бо ҳузураш мавқеи ҳизби Лигаи мусалмонони Покистонро тақвият бахшид.

Марям Шариф дар ибтидо хеле зуд бо шабакаҳои иҷтимоӣ ошно шуд ва асосан таблиғоти сиёсиашро аз тариқи платформаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пеш мебурд. Вай дар соли 2013 дар интихобот барои пирӯзии падараш - Навоз Шариф мубориза мекард.

Баъди он ки Навоз Шариф давлати миллиро ташкил дод, вай ба иқоматгоҳи сарвазир дар Исломобод кӯчид ва масъулияти “Шабакаи иртибототи стратегии расонаҳо”-ро ба ӯҳда гирифт. Он замон ӯ наздиктарин чеҳраи сиёсӣ бо сарвазири вақти Покистон буд.


Санадҳои фошшудаи Панама: доғи сиёҳ бар ояндаи Марям Шариф

Марям Шариф замоне, ки падараш Сарвазири Покистон буд, яке аз таъсиргузортарин чеҳраҳои сиёсӣ дар ҳукумат ба шумор мерафт. Бархе рӯзноманигорон ӯро мушовир ва наздиктарин одами Навоз Шариф медонистанд.

Дар соли 2016 санадҳои Панама фош шуд, ки дар он аз фасоди хонаводаи Навоз Шариф, махсусан қарордодҳои махфӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ва харидани манзили гаронбаҳо дар Лондон, сухан мерафт. Ин иттиҳомот дастаке барои мухолифин шуд ва мухолифин аз мақомот дархост намуданд, ки Навоз Шариф ба ҷурми фасод барканор гардад. Имрон Хон аз ҷумлаи ашхосе буд, ки шахсан ин барномаро дунбол мекард. Дар ин гирудорҳо исми Марям Шариф ҳам доғдор шуд ва ӯро мухолифинаш гоҳу ногоҳе ба фасод муттаҳам мекарданд.

Салом Ғанӣ яке аз рӯзноманигорони машҳури Покистон дар суҳбат бо “Бӣ-бӣ-сӣ” дар ин маврид чунин мегӯяд: “Онҳо ( яъне мухолифини Марям Шариф) медонанд, ки ӯ ҷонишини Навоз Шариф аст ва ба ҳамин далел аст, ки ба ӯ ҳамла мекунанд, ҳатто бештар аз он интиқодҳое, ки аз падараш мекунанд”.

Агарчи иттиҳомоти зиёде дар мавриди ӯ матраҳ шуду ҳатто аз ҷониби додгоҳ боздошт ва озод низ шуд, вале маҳбубияташ дар байни мардуми Покистон рӯз ба рӯз меафзояд. Бо он ки дар замони ҳукумати падараш ҳеҷ вазифае надошт, вале он замон ҳам баъд аз Навоз Шариф қудратмандтарин узви ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон ба шумор мерафт.


Нахустин мақоми расмии ҳизбии Марям Шариф

Бисёриҳо гумонзанӣ доштанд, ки дар соли 2018 шояд Марям Шариф аз сӯйи ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон ба ҳайси сарвазири оянда муаррифӣ шавад. Ҷараёни ҳаводис нишон дод, ки ҳанӯз ҷойгоҳи Марям Шариф дар ҳизб устувор нашудааст. Пас аз баргузории интихоботи парлумонии соли 2018 барои нахустин бор Марям Шариф дар ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон масъулияти нав гирифт ва ба узвияти Шӯрои раҳбарии ин ҳизб қабул шуд. Ӯ баъдан ба унвони муовини Раиси ҳизби Лигаи мусалмонон ба пайкори сиёсӣ оғоз намуда, ба унвони оппозитсияи ҳукумати Имрон Хон фаъолият кард. Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки баъд аз Шаҳбоз Шариф, раҳбарии феълии оппозитсияи ҳукумати Покистон масъулияти раҳбарии ҳизби Лигаи мусалонон бар ӯҳдаи Марям Шариф қарор хоҳад гирифт.


Оё ӯ Беназир Буҳутои дуюм мешавад?

Покистон як кишвари шадидан мазҳабист ва раҳбар интихоб шудани зан низ аз баракати демократияи покистонӣ аст. Дар Покистон қаблан Беназир Бҳутто баъд аз марги падараш вориси сиёсии ӯ шуда, ба мақоми Нахуствазирӣ расид. Ӯ нахустин зан дар шарқи исломӣ буд, ки бо раъйи мардум ба маснади сарвазирӣ расид. Ҳоло Марям Шариф айни роҳеро мепаймояд, ки замоне Беназир Бҳутто паймуда буд.

Падари Марям Навоз Шариф бемор аст ва умури ҳизби таҳти раҳбарии ӯ ба амакаш – Шаҳбоз Шариф қарор дорад.

Ҳоло бисёриҳо дар Покистон бар ин боваранд, ки шояд Марям Шариф вориси сиёсии падараш - Навоз Шариф бишавад. Онҳо қотеъият ва маҳбубияти ӯро дар назар гирифта, мегӯянд баъд аз Навоз Шариф ва амакаш – Шаҳбоз Шариф ӯ дар ҳизби Лигаи мусалмонон таъсиргузортарин чеҳра аст.


Агарчи ҳоло ӯ ба маснади сарвазирӣ такя нахоҳад зад, вале пас аз чанд соли дигар пас аз амакаш – Шаҳбоз Шариф муҳимтарин чеҳра дар ҳизби Лигаи мусалмонон хоҳад буд.

Дар тозатарин иқдом парлумони Покистон Шаҳбоз Шарифро ба унвони Сарвазир интихоб кард. Акнун зимоми умур ба дасти ҳизби Лигаи мусалмонон қарор гирифт. Бешак, нақши Марям Шариф ба унвони муовини ҳизби Лигаи мусалмонон дар мудирияти ояндаи ҳукумати тозаинтихоб калидӣ хоҳад буд.


Атиқ Раҳимӣ. Ҷоизадори “Гонкур”-и Фаронса. Муҳоҷире аз Кобул дар авҷи қуллаи нависандагӣ ва коргардонӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед