Ru  | Tj
Дар ҷануби Тоҷикистон бори аввал дарахти банан ҳосил дод. Кӣ онро парвариш кард?
Дар ҷануби Тоҷикистон бори аввал дарахти банан ҳосил дод. Кӣ онро парвариш кард?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Дар ҷануби Тоҷикистон бори аввал дарахти банан ҳосил дод. Кӣ онро парвариш кард?

Нашр шуд

Файзнисо Рустамова, сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соли аввал аст, ки ҳосили дарахтони банан ва папаяро мечинад. Мегӯяд, заҳмати яксолаи кашидааш бор овард. Дар ин ноҳия танҳо оилаи ӯ ва як ҳамсояаш чунин навъҳои меваи тропикиро парвариш мекунанд.

Ӯ ба муаллифи Halva.tj тарзи парвариши чунин навъҳои меваро дар Тоҷикистон нақл кард.

НАВГОНӢ ДАР ПАРВАРИШ

Файзнисо Рустамова 67 сол дорад. Мегӯяд, ки мардуми ноҳияи Ҷайҳун бештар ба парвариши лиму машғул ҳастанд. Писари ӯ ва як ҳамсояашон тасмим гирифтанд, ки дар самти парвариши навъҳои меваи тропикию суптропикӣ навгоние ворид созанд.

Онҳо якуним сол пеш барои овардани ниҳоли банан ба шаҳри Тошканди Узбекистон рафтанд. Писараш 22 ниҳоли банан ва як ниҳоли папая овард. Мардуми деҳа ба онҳо гуфтанд, ки чунин навъҳои мева ба иқлими Тоҷикистон тобовар набуда, сабзиданаш имконнопазир аст. Беҳтар аст, ки  заҳмат накашанд. Вале онҳо ба гуфтаи мардум чандон аҳамият надоданд ва ба корашон идома доданд.

Азбаски писари холаи Файзнисо барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ аксари вақтҳо берун аз хона мешавад, нигоҳубини дарахтон бар зиммаи ӯ вогузор аст. Мегӯяд, ки ҳоло заҳмати кашидаашон самар баст.

«Бори аввал аст, ки ҳосили дарахтонро мечинем. Аз шодии зиёд ҳосили яке аз он дарахтонро пурра ба ҳамсояҳо, хешу табори наздик ва ба кормандони идораи ҷамоат тақсим кардам. Онҳо ҳайрон шуданд ва акнун бовар карданд, ки ин гуна навъҳои мева дар худамон ҳосил медодааст», - бо хурсандӣ нақл мекунад холаи Файзнисо.


ДАРАХТИ БАНАН БЕШ АЗ 200 ДОНА ҲОСИЛ МЕДИҲАД

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки дарахти банан нозук буда, бештар об ва гармиро талаб мекунад. Барои хушк нашудани дарахтҳо бо бананпарварони узбекистонӣ дар тамос ҳастанд. Ҳар як ниҳоли онро бо қимати 300 сомонӣ харидорӣ карданд. Ба ниҳоли банан доруҳои азотӣ додан лозим нест, бештар поруи пӯсида ва компос пошидан лозим аст.

Хонаводаи Рустамовҳо дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон солҳост, ки дар гармхонаҳо ба парвариши помидору бодиринг ва қаламфури ширин машғул ҳастанд. Акнун оҳиста-оҳиста ҷойи онҳоро меваҳои дар Тоҷикистон камчину дар бозорҳо пурхаридор мегирад.

«Як дарахти банан то 250 дона ҳосил медиҳад. Дар сурати саривақт анҷом додани корҳои агротехникӣ дар як сол то 3 маротиба метавонад ҳосил диҳад. Банан мисли лимӯ дар гармхона парвариш карда мешавад. Гармии гармхона рӯзона 28 ва шабона 18 дараҷа гарм бояд бошад. Зимистон дар гармхона алов мекунем. Зимистони гузашта хеле сард омад, ки ба дарахтон таъсир расонид», - мегӯяд холаи бананпарвар.


Компос як намуди пору аст, ки ғизонокии он аз поруи гову гӯсфанд бештар будааст. Файзнисо Рустамова мегӯяд, компос аз барги дарахтону пӯсти сабзавоту мева ва каме поруи гов омода карда мешавад, ки ба дарахтони банану папая манфиатбахш мебошад. Онро худашон тайёр мекунанд.

ПАЙРАВИИ ҲАМСОЯҲО

Дар миёни 22 дарахти банан як адад дарахти папайя доранд, ки он ҳам бор додааст. Файзнисо Рустамова мегӯяд, ки чунин навъи меваро барои таҷриба овардааст. Дар бозорҳои минтақаи вилояти Хатлон чунин навъи меваро надидааст. Тамъаш ба харбузаи тоҷикӣ хеле монанд аст, аз ин рӯ онро харбузаи дарахтӣ ном мебаранд. Ба гуфтаи пизишкон папая ба бемориҳои фишорбаландӣ, диабети қанд ва саратон фоида доштааст.

«Таъмаш бисёр ширин аст, ба ҳамсояҳо тақсим кардам. Ҳамчунин барои хешу таборам ба вилояти Суғд равон кардам. Дарахти папая аз банан фарқаш дар он аст, ки ҳосили зиёд медиҳад. Баъди ба ҳосил даромадани дарахтон ҳамсояҳо низ тасмим гирифтанд, ки парвариши ин намуди меваҳои лазизро ба роҳ монанд.», - гуфт Файзнисо Рустамова.


ҲАДАФИ ДИГАРИ ФАЙЗИНИСО РУСТАМОВА

Ин зани кордону рӯзгордида ҳадаф дорад, ки шумораи дарахтони банану папая ва парвариши онҳоро зиёд карда, то ҳадде нархи онро дар бозори минтақа коҳиш диҳад. Акнун беш аз 20 ниҳоли банану папаяро дар қуттиҳои махсус сабзонидааст. Мегӯяд, ки ҳоло мушкили ягона замонаӣ набудани гармхонаҳояш аст. Дар заминаи сохтани чунин гармхонаҳо ба сарпараст ниёз доранд.


Вилояти Хатлон аз гармтарин минтақаҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо истифода аз обу ҳавои мусоид деҳқонону кишоварзон солҳои охир кишту парвариши навъҳои гуногуни меваву сабзавотеро ба роҳ мондаанд, ки то имрӯз парвариши онҳо дар Тоҷикистон дида намешуд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед