Ru  | Tj
Дар Душанбе ба рӯзноманигорони навкор дар бораи анатомияи фейкҳо гуфта шуд
Дар Душанбе ба рӯзноманигорони навкор дар бораи анатомияи фейкҳо гуфта шуд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Дар Душанбе ба рӯзноманигорони навкор дар бораи анатомияи фейкҳо гуфта шуд

Нашр шуд

Дар Душанбе, дар доираи лоиҳаи «Озмоишгоҳи хабарҳои хуб», мастер-класс барои рӯзноманигорони навқалам баргузор гардид, ки онро сармуҳаррири портали таҳлилии Русия Ia-centr.ru Даря Чижова роҳбарӣ кард. Ӯ дар бораи чӣ тавр санҷидани иттилооти муҳим, чаро рӯзноманигорони "воқеӣ" каманд ва ба онҳо имрӯз дар бозор то чӣ андоза талабот ҳаст, андешаронӣ кард.

Мавзӯи мастер-класс «Анатомияи фейкҳо» муқаррар гардид. Иштирокчиёни он донишҷӯёни факултаҳои журналистикаи донишгоҳҳои шаҳри Душанбе, рӯзноманигорон ва блогерҳои фаъоле буданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабар сари кор доранд.

"Агар манбаъҳои шумо ғалат бошад, пас шумо низ эҳтимолан хато мекунед"

"Хабарҳои қалбакӣ" расман мафҳуми нисбатан навест, ки чанд сол пеш, вақте дар фазои иттилоотӣ бештар маводу мундариҷаҳои номуайян, ба ибораи дигар – дурӯғ, пайдо шуд, ба миён омад. Ҳамзамон, мафҳуми «фактчекинг», яъне тафтиши ҳақиқат ё кори муқаррарӣ бо манбаъҳо, ҷорӣ гардид.
"Пас, чӣ бояд кард, вақте шумо маълумотро на аз воситаҳои ахбори омма пайдо кардед, балки масалан, ягон шахс бо аксе ба наздатон омаду дар бораи ҳодисае нақл кард ва хоҳиш намуд, ки дар ин бора нависед?", - ба иштирокчиён савол дод Даря Чижова.

- Албатта, рӯзноманигор, ҳамчун миёнарав байни ҳукумат ва ҷомеа бояд равандҳои гуногунро инъикос кунад, аммо дар баробари ин, ахлоқи рӯзноманигорӣ бояд принсипи «зиён нарасондан» -ро низ дар бар гирад, аз ин рӯ мо бояд танҳо дар бораи он чизе, ки аз он мутмаин ҳастем, бинависем.

Фаҳмидан зарур аст, ки маълумотро аввалин шуда кӣ нашр кард ва бояд сарманбаъро пайдо кард, яъне ҳангоми кор бо маълумоти нав бояд фаҳмед, ки манбаи шумо кист ва то чӣ андоза ростқавл аст. Агар манбаи шумо дурӯғ бошад, пас шумо низ фиреб медиҳед.


Манбаъ: шабакаҳои иҷтимоӣ. Тафтиши аккаунт (саҳифа)

Барои фаҳмидани то чӣ андоза боэътимод будани манбаъ, бояд санаи таъсис додани аккаунтро санҷид. Аммо, агар шумо шабакаҳои иҷтимоиеро, ки санаҳои эҷоди аккаунтро нишон намедиҳанд, истифода баред, пас ҳамеша имконияти аз назар гузаронидани худи лента ва муайян кардани замони нашри паёми аввалинро доред. Агар лента ба охир нарасад, пас аккаунт кӯҳнашуда аст ва ба он ҳадди ақал бовар кардан мумкин аст.

Ҷустуҷӯ кардани саҳифаҳои дигар

«Google-картинки» яке аз воситаҳои самараноки ҷустуҷӯ кардани аккаунтҳои дигари манбаи шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Муайянкунии ҷойгиршавии ҷуғрофӣ

Барои санҷидани манбаи маълумот бояд лентаро аз назар гузаронд, ки дар профил кадом шаҳр нишон дода шудааст ва он то чӣ андоза бо паёмҳои гузошташуда, аз ҷумла дар албомҳо ва аксҳои шахсӣ, мутобиқат мекунад. Дар омади гап, як "ҳиллаи" -и хеле олӣ барои тафтиши шахс – ин аз назар гузаронидани албоми қайдкардагон мебошад, яъне аксар вақт аз назар гузаронидани на танҳо чизҳое, ки худи шахс нашр кардааст, балки кӣ ӯро дар саҳифаи худ қайд кардааст, низ хеле босамар аст. Маҳз аз рӯи ин хат метавон макони воқеии шахсро аз нуқтаи назари доираи дӯстон ва дар куҷо будани ӯ муайян кард.

Чӣ бояд кард, агар маълумотро Шумо на аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас кардед, балки ба телефони мобилиатон занг зада хабар доданд?

Вақте ки шумо дар ягон шабакаи иҷтимоӣ ба қайд гирифта мешавед, он рақами телефон ва почтаи шуморо "мепурсад" - ин маънои онро дорад, ки аз ҳамин лаҳза телефони шумо бо профили шумо алоқаманд карда шудааст ва шуморо аз рӯи рақами телефонатон ба осонӣ ёфтан мумкин аст.

Дар Facebook ин кор хеле содда аст. Дар он ҷо шумо рақами телефонро дар сатри ҷустуҷӯ ворид мекунед ва ба шумо аккаунте, ки бо ин рақам алоқаманд аст, бароварда мешавад.

Воситаи дигаре, ки имкон медиҳад шахсро санҷем, ин «FindFace» мебошад. Метавонед профили Instagram-ро ё ин ки аксро ба барнома зам кунед, ҳатто агар он хомӯш карда шуда, ғайрифаъол бошад, мувофиқан, тавассути коркарди маълумоти калон ва гардиш дар интернет тавассути Google ва Yandex ҳамаи аксҳои марбут ба ин профил пайдо мешаванд ва ҳамин тавр, ё шабакаҳои иҷтимоии дигар, ё аккаунтҳои дигар муайян карда мешавад.

GetContact» дар Русия воситаи хеле маъруф аст. Афзалияташ дар он аст, ки шумо воқеан ба худ менигаред, аммо ҷиҳати манфиаш - суст кор карданаш аст. Агар ин барномаро ба телефони худ насб кунед, пас ба он иҷозат медиҳед, ки ба алоқаҳое, ки ба пойгоҳи ин барнома дохил мешаванд, дастрасӣ пайдо кунад. Аз ин рӯ, агар шумо ин барномаро барои тафтиши фактҳо ва ташхиси шахс истифода бурдан хоҳед, пас маслиҳат медиҳам, ки онро дар телефони худ насб накунед.

Чӣ гуна шахсеро, ки маълумотро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фиристодааст ва ҳамчунин мундариҷаи фиристодаи ӯро метавон тафтиш кард.

Аз ҳама аввал - ин тафтиши воқеияти шахс. Дар ин ҳолат, агар ба шумо нома фиристода бошанд, пас Google ба кор меояд. Намешавад, шахсе, ки масалан, як мақолаи илмӣ ё илмӣ-оммавӣ навиштааст, дар фазои интернет вуҷуд надорад. Ин ғайриимкон аст! Бояд ба ин диққат диҳем. Аммо, ба ғайр аз он, ки ин шахси воқеӣ аст ё не бояд тафтиш кард, ки ӯ донишманди воқеӣ аст ё не. Вай бояд ҳадди ақал дар 3 майдони асосии илмӣ, ки ҳоло рақамӣ карда шудаанд, нашрияҳо дошта бошад. Дар ин порталҳо дар сатри ҷустуҷӯ ному насаб ворид карда мешавад, пас ҳамаи нашрияҳои ин шахс дар он ҷо бароварда мешавад. Ин як воситаи содда аст, аммо барои тафтиш ниҳоят муҳим мебошад.

Бояд оиди ҷои кори ӯ боварӣ ҳосил кард. Масалан, аз рӯи таҷрибаи Русия, дар мо шумораи зиёди муассисаҳое пайдо шудаанд, ки бо ҳам наздик ном бурда мешаванд. Масалан, байни Академияи илмҳои Русия ва Академияи илмҳои тиббии Русия фарқият ҳаст.

Нуктаи дигар – ин курсҳои такмили ихтисос аст, ки кам касе ба он таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Ҳарчанд бояд санҷид, ки то чӣ андоза инсон айни замон ба ин мавзӯъ шомил аст, яъне агар вай 15 сол пеш 100 мақола навишта бошад, ин бисёр хуб аст, аммо ин 15 сол пеш буд ва илм пайваста дар ҳоли рушд аст. Дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломаносов мо портале дорем, ки маводҳои ҳамаи олимони дар ин донишгоҳ ва бо ин донишгоҳ фаъолиятбарандаро ҷамъоварӣ мекунад. Дарҳол санаи интишори охиринро мебинем ва мефаҳмем, ки то чӣ андоза ин шахс шомили мавзӯъ аст.

Чӣ тавр аксҳоро тафтиш кардан мумкин аст?

Ба ғайр аз воситаи «Google – картинки» боз як коркарди муфид, ба монанди метамаълумотҳо вуҷуд дорад. Ин чизе аст, ки тавассути пахш кардани тугмаи хосиятҳо метавонем қариб, ки аз ҳама гуна тасвирҳо, расм ё сурат ҳосил кунем. Хамин тавр, шумо метавонед, на танҳо ба кӣ тааллуқ доштани ҳуқуқи муаллифро, балки номи суратгир ё модели камераро муайян карда, онро бо тарзи пешкаш шудани акс муқоиса кунед. Ба ин маълумотҳо бояд эҳтиёткор бошем, зеро онҳо на дар ҳама аксҳо мавҷуданд - дар баъзе ҷойҳо онҳо дида намешаванд ё тоза карда шудаанд, аммо агар зарур бошад, барномасозон метавонанд онҳоро барқарор кунанд.

Хизматрасониҳои «эътимод»

PR-CY - порталест, ки метавонад муайян кунад: то чӣ андоза ба домен бовар кардан мумкин аст, оё аз тарафи сохторҳои мухталиф огоҳӣ шуда буд ё не, муҳосира шуда буд ё не, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати ӯ шикоят шуда буд ё не? Агар савол оиди нашр кардан ё накардани мақола ва ё маводе пайдо шавад, пас беҳтараш онро тавассути порталҳои PR-CY ё SimilarWeb, ки ҳардуи ин порталҳо ройгонанд, аз санҷиш гузаронем.

Мо метавонем, солҳо барои пайдо кардани обрӯ ғайрат кунем, аммо баъд як "хабари ҷолиб" омода мекунем, ки пас аз он эътимоду боварии дигаронро аз даст медиҳем. Аз ин рӯ, мо ҷонибдори афзоиши табиӣ ҳастем - тавассути санҷиш, иттилооти босифат ва албатта тавассути донистани аудиторияи мақсадноки худ.

- Чаро дар асл рӯзноманигорони воқеӣ хеле каманд?

- Чунки рӯзноманигор низ бояд коршинос бошад, сарфи назар аз он, ки ӯ бо коршинос танҳо мусоҳиба мекунад. Чунки ҳамон мусоҳиба бояд бо ягон масъалаи ҷаҳонӣ, ки муамморо инъикос мекунад, анҷом дода шавад. Танқид кардан мумкин ва зарур аст, аммо ин бояд ба таври созанда ва самараовар сурат гирад. Вазифаи рӯзноманигоре, ки матн менависад на дар он аст, ки касеро сарзаниш ё бадном кунад. Ҳар як матни рӯзноманигор метавонад ба мавзӯъҳои мубраму мушкил бахшида шуда бошад, аммо онро бо эҳтиром ва таваҷҷӯҳ навиштан мумкин аст.

- То чӣ андоза ба рӯзноманигорони касбӣ талабот ҳаст?

- Ба онҳо талабот зиёд аст. Вақтҳои охир одамон аз журналистикаи касбӣ ба Ютуб (YouTube ) мераванд. Ин чӣ маъно дорад? - Маънои онро дорад, ки шахс муддати тӯлонӣ дар як ченак буд, вақте тасмим мегирад, ки чизеро иваз кунад, вай ба «шиноварии озод» мебарояд, аммо дар баробари ин «таҷриба» -и худро ҳамчун мутахассис ва эътимоди шунавандагони худро нигоҳ дошта, ба майдони дигар мегузарад, вале ба ҳар ҳол талабот ба ӯ боқӣ мемонад.

Мо чанде пеш дар Русия курси "Журналистикаи амалӣ" -ро ташкил кардем, ки вазифаи он тайёр кардани мутахассисоне буд, ки танҳо дар бораи технология навишта метавонанд. Аксар вақт мо фикр мекунем, ки “ман журналист ҳастам ва дар бораи ҳама чиз навишта метавонам”, аммо не. Барои он ки шумо ба коршиносон саволҳои дуруст диҳед ё барои донистани он ки чиро пайгирӣ кунед ва ба кӣ эътимод намоед, шумо бояд дар ягон соҳа таҷрибаи муайяне дошта бошед, маҳз барои ҳамин курсҳои мақсаднок ва соҳавӣ гузаронида мешаванд.

Коршиносон – забони хеле часпанда ва "оқилона" доранд, вале рӯзноманигор шахсест, ки бояд иттилоотро бо забони фаҳмо на барои мутахассисон, балки барои шунавандагони худ пешниҳод кунад. Журналисти ҳақиқӣ, ки дар болои як муаммои муайян кор мекунад, бояд бо ду калима фаҳмонда тавонад, ки дар ин ё он соҳа, минтақа ва ё вазъияти муайян чӣ рух дода истодааст.


Ҷамъбасти озмуни “Парасту – 2021”: “Садои қу” соҳиби Шоҳҷоиза шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед