Ҷамъбасти озмуни “Парасту – 2021”: “Садои қу” соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Нашр шуд
Шоми 25 – уми май дар толори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҷамъбасти Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту – 2021” доир гардид. Ин озмун дар остони таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов баргузор гардид. Аз 19 то 25 – уми май, дар озмуни мазкур давоми як ҳафта 11 театри касбии ҷумҳурӣ ширкат варзид. Аз инҳо се театр ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва шоҳҷоизаро соҳиб гаштанд. Ҳамчунин аз рӯи номинатсияҳои гуногун ба театрҳо ва ҳунармандон ҷоизаҳо супорида шуд.
Шоҳҷоизаи “Парасту– 2021” – ро театри қадимтарини тоҷик - Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова-и шаҳри Конибодом барои намоишномаи коргардон Овляқули Хоҷақулӣ – “Садои Қу” соҳиб шуд, ки нақшҳои асосии онро ҳунармандон Фарҳод Ғаффорпур, Ғайрат Қодиров ва Фаррух Ваитов иҷро карда буданд.
Ҷойи якуми озмунро Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский бо намоишномаи коргардон Б. Миралибеков – “Нидои Умари Хайём” ишғол намуд. Нақши асосии онро саркоргардони театри мазкур, ҳунарманд Хуршед Мустафоев бозида буд.
Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов бо намоишномаи “Бежан ва Манижа” – и коргардон Б. Қурбонзода сазовори ҷойи дуюм гашт. Дар ин намоишнома нақши марказии он – Бежанро ҳунарпеша Отахон Саидзода иҷро кард.
Дар озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту – 2021” Театри мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Хоруғ бо намоишномаи коргардон У. Хусравов - “Лаъли Бадахшон” ҷойи сеюмро соҳиб шуд.
Дар озмуни мазкур, инчунин ҷоизаи махсус барои тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ба ҳайати ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара барои намоишномаи “Даҳ рӯзи генерал - Шерак”, ки бо коргардонии С. Додарбеков аз рӯйи пйесаи И. Усмонов рӯи саҳна омадааст, тақдим карда шуд. Намоиши ғайриозмунии “Ишқи парӣ” – и МДТ ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ҷоизаи “Беҳтарин дебют” – ро соҳиб гашт.
Ҷоизаҳои “Беҳтарин намоиши бачагона” – ро ба намоиши “Лаку Пак” – и Театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон, “Беҳтарин ороиши саҳна” – ро ба намоиши “Аршин мал алан” – и Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва “Беҳтарин ороиши мусиқӣ” – ро ба намоиши “Булбули Хуҷанд” – и Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи К. Хуҷандии ш. Хуҷанд сазовор донистанд.
Ҷоизаҳои “Беҳтарин нақши эпизодӣ” – ро ба ҳунарманд Абдураззоқова барои иҷрои нақши занона дар намоиши “Фариштаи наҷот” – и коргадон Т. Тоҷибоеви Театри давлатии ӯзбекии драмавӣ – мазҳакавии ба номи Шукур Бурҳонови н. Спитамен, “Беҳтарин нақши операвӣ” – ро ба сарояндаи беҳтарини опера Қурбонмурод Зокиров, “Беҳтарин нутқи саҳнавӣ” – ро ба Саидҷон Муродов ҳунарманди Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов (Аҳорун) бо намоиши “Макбет” – и коргардон Ф. Қосимов, “Беҳтарин нақши занона” – ро ба Мавлона Наҷмиддинова барои иҷрои нақши модар аз намоиши “Гунҷишкакон ҳам механданд” – и коргардон Қ. Мирзоев, “Беҳтарин нақши мардона” – ро ба Абдукарим Машрабов барои иҷрои нақши Ҳорунаррашид дар намоиши “Шикори шер” – и коргардон С. Усмонов лоиқ донистанд.
Инчунин дар доираи озмуни “Парасту – 2021” соҳибони ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” Султон Усмонов – саркоргардони Театри давлатии Академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва “Беҳтарин асари драматургӣ” – драманависи машҳури тоҷик Ҷумъа Қуддус барои асари “Лаъли Бадахшон” дониста шуданд.
Барои ҳамкориҳои судманд, саҳми назаррас дар тарғибу ташвиқ ва инъикоси ҷараёни баргузории Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2021” Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва телевизиони фарҳангӣ – фароғатии “Сафина” бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед