
Ду рӯзи пур аз муҳаббат: Қуллаи Мегафон дар Сафед - Дара
Нашр шуд
Дар ҷаҳони муосир алоқа дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши барҷаста дорад. Аз ин рӯ, телекоммуникатсия воситаи беҳтарини мубодила мебошад. Кишварҳое, ки технология ва навовариҳои муосирро барои ба даст овардани мавқеи худ дар бозор истифода мебаранд, ҳоло инфрасохтори мустаҳкамтари рақамӣ ва қувваи бештари кориро бо ҷаҳони рақамӣ мувофиқ месозанд.
Дар айни замон, алоқаи устувор дар ҷомеаҳои имрӯза нақши бемисл дорад ва шабакаҳои фарохмавҷро дар саросари ҷаҳон ба як қисми ҳаётан муҳим табдил ёфтаанд. Яке аз чунин ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ширкати мобилии Мегафон мебошад.
Имрӯз дар Тоҷикистон садҳо ширкатҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ фаъолият мекунанд ва тавре маълум аст мақсади асосии ин ширкатҳо пеш аз ҳама ба даст овардани манфиат ба ҳисоб меравад. Яъне суди пулӣ, моддӣ, сиёсӣ ва ғайра. Дар ин миён нақши шикартҳои алоқавӣ низ барои пешрафти тамоми соҳаҳо назаррас буда метавонад. Чун пешрафти ҷаҳони имрӯзаро бидуни мавҷудияти алоқаи мобилӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Аммо нуктаи аз ҳама муҳим ин аст, кадоме аз ширкатҳои фаъолияткунанда дар Тоҷикистон бештар мардумӣ буда метавонанд, махсусан дар соҳаи алоқа? Албатта, ин нукта моро ба ташвиш овардааст. Пеш аз ҳама ширкатҳои алоқавӣ бояд мардумӣ бошанд, зеро зиндагии имрӯзи тамоми мардумони дунё, хоҳ камбизоатон ва ё хоҳ сарватмандон, хоҳ дар ҳаёти кӯҳсор ва ё хоҳ дар ҳаёти шаҳр бидуни алоқаи мобилӣ тасаввурнопазир аст. Бинобар ин, ширкатҳои мобилӣ бояд хизматрасонии худро мувофиқ ба шароиту тарзи зиндагӣ ва иқтисоди мардум пешниҳод кунанд.
“Мегафон Тоҷикистон” - ширкати мардумӣ
Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва аз ин рӯ, бештари мардумонаш дар деҳаҳо ва баландкӯҳҳо зиндагонӣ мекунанд. Албатта, шароити деҳа ва зиндагонӣ дар ин ҷойҳо гунаҳои хоси худро дорад. Бинобар ин, яке аз стратегияҳои ширкати мобилии “Мегафон Тоҷикистон” ин пеш аз ҳама ба вуҷуд овардани шароити иртиботӣ (интернетӣ ва мобилӣ) дар кӯҳистонҳо мебошад. Ин ширкат ҳамеша ва дар ҳама иқдомҳояш хизмат ба мардуми ин сарзаминро асоси фаъолияти худ қарор додааст. Яъне мувофиқ ба тарзи зисту зиндагонии мардум, мувофиқ ба вазъи иҷтимоӣ ва шароити иқтисодии мардум стратегияи фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки “Мегафон Тоҷикистон” дар шаҳрҳои Тоҷикистон нуфузи камтар дошта бошад. Баръакс, “Мегафон Тоҷикистон” ягона ширкате ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо дар шаҳрҳои Тоҷикистон навовариҳои телокоммуникатсиониро ҷорӣ мекунад ва кӯшиш мекунад то ҳамқадами ҷаҳони муосир бошад. Ба ин чанд иқдом ва барномаҳои ахири пешгирифтаи ин ширкат асос шуда метавонад. Ин ширкат ҳамеша кӯшиш дорад, ки дар кӯҳсорҳо низ шароити муосири телекоммуникатсиониро ба вуҷуд биоварад.
Фазои лаззатбахш ва сӯҳбатҳои гарму самимӣ
Фазои Сефед-Дара бисёр лаззатбахш ва гуворо буд. Мо - журналистон блогерон, фаъолони иҷтимоӣ, сайёҳон ва дигар ҳамсафаронамонро бо дили гарм ва муҳаббати беандоза Анатолий Изюмников - директори иҷроияи “Мегафон Тоҷикистон” пешвоз гирифта, хушомадед гуфт. Ба Сафед-Дара тахминан соатҳои 16-и баъд аз зуҳр расидем. Аз ҳамон лаҳзаи ба сафар баромадан, дар чеҳраҳои ҳама хурсандиву хӯшӣ падидор гардида буд. Зеро аксари ҳамсафарон медонистанд, ки барномаҳои “Мегафон Тоҷикистон” хусусияти шод кардан дорад.
Ҳамчунин, як гурӯҳ журналистон аз кишвари Русия низ моро ҳамроҳӣ карданд. Онҳо аз тамошои Сафед-Дара бисёр хӯш гашта, аксбардорӣ мекарданд. Умуман ҳама аз ҳамон лаҳзаи ба Сафед-Дара расидан, ба аксгирӣ пардохтанд. Зеро табиату ҳавои Сафед-Дара мафтункунанда буда, ба дили инсон шодиву фараҳ мебахшид.
Пас аз хӯроки шом барномаи консертӣ шурӯъ шуд. Ҳама ба таври ғайриоддӣ худро озод ҳис карда, ба шақ мерақсиданд. Гоҳе рақс ва гоҳи дигар хандаву бозӣ мароқовар буд. Дар ҳар гурӯҳ суханҳои бисёр бомуҳаббат ва самимӣ садо медод. Худи Директори иҷроияи "Мегафон Тоҷикистон" миёни мардум омада, бо ҳама гуфтугӯи самимӣ ва ҳазлҳои аҷиб мекард. Аз каноре хандаҳои зебо ва аз канори дигар овози саманду парандаҳои хӯшовоз ба шабнишинӣ диловезии дигар зам мекард. Ин шом блогерон, журналистон ва фаъолони иҷтимоиро бо ҳам қаринтар кард.
Қуллаи “Мегафон Тоҷикистон”
Ҳадафи асосии ин саёҳати дурӯза ин буд, ки ба хотири 20-умин солгарди “Мегафон Тоҷикистон” яке аз қуллаҳо дар Сафед-Дара ба номи ин ширкат гузошта мешуд. Бинобар ин, субҳи дигар соати 5-и субҳ сафар ба ин қулла оғоз гардид. Аз рӯи нақша сафар 10 соатро дар бар мегирифт. Субҳи барвақт аксарият бо роҳбарии Анатолий Изюмников ба раҳпаймоии қуллаи зебо камар бастанд.
Онҳо ин қулларо дар тӯли чор соат фатҳ карда, он ҷо акси хотиравӣ гирифтанд ва қуллаеро ба номи “Қуллаи Мегафон” номгузорӣ карда, ба ин хотир дар доманакӯҳ лавҳаи хотиравӣ ва ҳамчунин капсула бо паём ба нишонадорони оянда гузоштанд.
Мо - як гурӯҳи хурд дар Сафед-Дара монда будем, зеро Даря Чижова - намояндаи Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ламаносов ва Кирилл Кривоешеев рӯзноманигори расонаи "Коммерсант" барои рӯзноманигорон бояд мастер-класс мегузарониданд. Онҳо дар бораи муносибатҳои журналистика ва блогҳо сӯҳбат намуда ва тамоюлҳои модерни ВАО-ро муҳокима карданд. Мастер-класс дар фазои зебои Сефед-Дара озод ва бисёр дилнишин гузашт. Аз ин мастер – класс бисёр чизҳоро омӯхтан аз имконият берун набуд.
Ҷамшеди сиёҳҷурдаи сафедботин
Дар Сафед-Дара Ҷамшед ном ҷавоне ба корҳои хоҷагидории Осоишгоҳи Сафед-Дара машғул буд. Ба кори ӯ диққат дода, наздаш рафтам ва бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда, аз зиндагӣ дар Сафед-Дара пурсидам. Рафтору кирдори ӯ гӯяндаи қалби зебояш буданд. Ба гуфти ӯ дар ин минтақа дар зимистон зиндагонӣ кардан бисёр мушкилиҳо дорад. Ҷамшед бо таассуф гуфт, ки чанд сол пеш аз мушкилии зимистонии ин минтақа ҳамсари худро аз даст додааст. Ҳамсари ӯ дар вақти таваллуди фарзандаш ҷон додааст. Ҷамшед мегӯяд, ки чанд сол пеш дар зимистон ба ин ҷо мошин намеомадааст ва ҳатто дар телефонҳо алоқаи мавҷ ҳам набудааст. Аз ин рӯ, ӯ натавонистааст, ки ҳамсарашро сари вақт ба беморхона расонад.
Ба гуфти Ҷамшед дар ин баландкӯҳ нахустин шуда мавҷи ширкати Мегафон пайдо шуда, бисёр мушкилиҳоро аз байн бурдааст.
“Инак мавҷи ин ширкат дар тамоми гирду атрофи минтақа паҳн гардидааст. Дар баландкӯҳҳо, ки дар он ҷойҳо асосан чӯпонҳо ба сар мебаранд, интернети баландсуръати Мегафон мавҷуд аст”, мегӯяд Ҷамшед.
Воқеан, “Мегафон Тоҷикистон” имрӯзҳо унвони фахрии оператори "баландкӯҳ"-ро соҳиб гаштааст. Ин ширкат аввалин шуда шабакаҳои чанд наслро аз 3G то 5G дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард ва дигар навовариҳои телекоммуникатсиониро оғоз кард.
Анатолий Изюмников, директори иҷроияи МегаФон Тоҷикистон хулосаи сафари мазкурро чунин арзёбӣ кард:
“Бист соли таърих танҳо оғози кор аст. Ҷаҳиши навбатӣ ба пеш ва болобароии дигари мо оғоз мешавад. Акнун мо муваззаф ҳастем, ки сатҳи худро бо иқдомҳои ҷадид, дастовардҳои нав таъйид кунем”.
Мо – Тоҷикистониён аз ин ширкат умедҳои калон дорем ва аз ин рӯ таманно мекунем, ки боз ҳам ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. 20 - солагии “Мегафон Тоҷикистон” - ин ширкати бонуфузи мардумӣ муборак бошад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед