Ru  | Tj
"Оянда - аз шумо вобаста". Тарбиягирандагони мактаб-интернатҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи футбол дар Сочи ширкат варзиданд
"Оянда - аз шумо вобаста". Тарбиягирандагони мактаб-интернатҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи футбол дар Сочи ширкат варзиданд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

"Оянда - аз шумо вобаста". Тарбиягирандагони мактаб-интернатҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи футбол дар Сочи ширкат варзиданд

Нашр шуд

Хонандагони ду мактаб-интернати Тоҷикистон, иштирокчиёни лоиҳаи хайриявии "Оянда - аз шумо вобаста"-и ширкати "МегаФон-Тоҷикистон" аз Сочи баргаштанд. Онҳо дар он ҷо бо ҳамсолони руси худ дар футбол сабқат карданд.

Ташаббуси хайриявии "Оянда - аз шумо вобаста" 11 сол инҷониб амалӣ карда мешавад. Ҳар сол тарбиягирандагони мактаб-интернатҳои Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ имкони ба шаҳри Сочи сафар карданро пайдо мекунанд. Қаблан дастаҳои наврасон ду марҳилаи озмунро гузашта, ҳуқуқи муаррифии Тоҷикистонро ба даст оварда буданд. Ҳадафи асосии озмун - кӯмак дар рушд ва такмили малакаи варзишӣ гуфта мешавад.


Сафари имсола барои наврасони варзишгар бисёр ҷолиб буд, зеро соли 2020, бо сабаби пандемия ба Русия ҳеҷ сафаре сурат нагирифт. Вазъият дар ҷаҳон то ҳол мураккаб аст, бинобар ин, барои ташкили иштироки футболбозони наврас дар мусобиқаи байналмилалӣ саъю кӯшиш ва дастгирии иловагӣ лозим омад. Вале, ба туфайли ҳамкории ширкатҳои "Мегафон-Тоҷикистон" ва "Сомон эйр", инчунин бо дастгирии Сафорати Русия дар Тоҷикистон, ин сафар имконпазир гардид.

Дар мусобиқа ду дастаи футбол аз ҷониби тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав ва хонаи наврасони рақами 1-и шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Дар ин мусобиқа иштирокчии аз ҳама хурдтарин 11 - сола буд, ки шарафи кушодани озмун насиби ӯ гардид.

Тибқи анъанаи муқарраршуда, иштирокчиёни лоиҳаро пас аз бозгашт Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар манзили худ ба ҳузур пазируфт. Дар шароити ғайрирасмӣ, бачаҳо дар бораи таассурот ва муваффақиятҳои худ нақл карданд.


Бояд гуфт, ин дафъа дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойҳои 5-ум ва 6-ум қарор гирифтанд, ки ин далели лаёқат ва ҷидду ҷаҳди онҳо мебошад, зеро онҳо бозингарони касбӣ нестанд.

Барои табрикоти футболбозони наврас сармураббии клуби футболи Химки (вилояти Москва) Игор Черевченко, сармураббии клуби футболи "Истиқлол" Виталий Левченко, мураббии мактаб-интернати Шаҳринав Ҳамза Пиров ва мураббии мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе Диловаршохи Асомуддин омада буданд.

Дар ин вохӯрӣ суханҳову орзуҳои зиёди самимиву дилнишин нисбат ба ин наврасони варзишгар гуфта шуд ва онҳо дар навбати худ ба ташкилкунанагон барои чунин имконият изҳори миннатдорӣ карданд. Ҳамчунин, наврасон ба иштирокдорон дар бораи шаҳри Сочи, баҳр ва шиносоиашон бо дӯстони нав нақл карданд.

Пас аз анҷоми қисми расмӣ ба капитанҳо тӯбҳои футболӣ бо имзои футболбозони маъруфи тоҷику рус тақдим гардид. Сафири Русия дар Тоҷикистон ва директори генералии ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" низ дар ин тӯбҳо имзо гузоштанд. Ғайр аз ин, ба ҳар як иштирокчӣ барои хотира футболкаҳои номӣ тақдим карда шуд.

Дар тӯли 11 сол, дар доираи ин ташаббуси хайриявӣ, чандин нафар наврасони муваффақ ба камол расидаанд, ки ҳунари худро нишон дода тавонистанд. Яке аз онҳо Парвиз Алиев - бозингари яке аз клубҳои футболи Хуҷанд мебошад.


Қаблан Парвиз тарбиятгирандаи хонаи наврасони рақами 1-и шаҳри Хуҷанд буд. Дар синни 12-солагӣ ӯ иштирокчии лоиҳаи "Оянда - аз шумо вобаста" гардида, тавонист, ки лаёқати худро нишон диҳад.

Дастае, ки Парвиз дар он бозӣ мекард, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб омада ва имконияти дар мусобиқаҳои Сочи муаррифӣ кардани Тоҷикистонро пайдо кард. Парвиз беандоза шод буд. Орзуҳои ӯ амалӣ мешуданд. Дар Сочи наврасони мо натиҷаҳои хеле хуб нишон доданд. Дастаи ғолиб ба Англия роҳхат гирифт ва дар он ҷо бо футболбозони дастаи «Арсенал» бозӣ кард.

Имрӯз Парвиз он хурсандӣ ва эҳсосотеро, ки онҳо ҳангоми мулоқот бо кумирони худ аз сар гузарониданд, ба хотир меорад. Он лаҳзаи ҳаяҷонбахш - вақте ки дастаи Тоҷикистон барои бозӣ бо Арсенал ба майдон баромад, ҳамеша дар ёди ӯ нақш бастааст.

Ҳоло Парвиз дар тими ҷавонони шаҳри Хуҷанд, ки ба Лигаи Олӣ шомил аст, бозӣ мекунад. Вай дар назди худ ҳадафҳои нав гузошта, онҳоро амалӣ мекунад.

Боварӣ дорем, ки дигар бозингарон низ мисли Парвиз муваффақ шуда, дар футболи касбӣ истеъдоди худро нишон медиҳанд.



Абдуллоҳи Раҳнамо: “Аҳмад Зоҳир барои андешаварон андеша ва барои сиёсатгарон сиёсат аст...”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед