Ru  | Tj
Духтари афғонистонӣ дар радифи 12 зани таъсиргузори ҷаҳонӣ
Духтари афғонистонӣ дар радифи 12 зани таъсиргузори ҷаҳонӣ
Аксҳо: Аз Интернет

Духтари афғонистонӣ дар радифи 12 зани таъсиргузори ҷаҳонӣ

Нашр шуд

Маҷаллаи “Тайм” Заҳро Ҷӯёро барои иқдоми “Эҷоди тағйир дар муҳити душвор” дар радифи 12 зани фаъол ва таъсиргузори ҷаҳон ҳамчун чеҳраи соли 2022 интихоб кардааст. Акси ин рӯзноманигори афғонистонӣ дар саҳифаи нахусти маҷаллаи “Тайм”-и амрикоӣ нашр шудааст. 

Гуфта мешавад, Заҳро Ҷӯё дар муҳити душвори фаъолият бо ба қудрат расидани Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) хабаргузории “Рухшона”-ро хориҷ аз Афғонистон роҳандозӣ намуд, ки он бештар мавзӯҳои марбут ба занонро инъикос мекунад. 

Бо сари қудрат омадани Толибон фаъолияти расонаҳо дар Афғонистон ба мушкилот рӯ ба рӯ шуд ва аксар хабарнигорони касбӣ тарки кишвар намуданд. 

Толибон бо иҷрои сензур ва фишор бар расонаҳо барои фаъолияти озоди расонаҳо мушкилӣ эҷод мекунанд. Меъёрҳои сахтгиронаи Толибон на фақат кори хабарнигорон ва расонаҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст, балки фаъолияти хабарнигорони зан дар Афғонистон тақрибан номумкин шудааст. Аксар рӯзноманигорони зани Афғонистон аз тарси таъқиби ин гурӯҳи тундрав ба хориҷ паноҳанда шудаанд. Заҳро Ҷӯё аз ҷумлаи рӯзноманигорони занест, ки бо ба сари қудрат омадани Толибон Афғонистонро тарк кард. Дар чунин шароит таъсиси хабаргузории “Рухшона” аз сӯйи рӯзноманигори 29 -сола Заҳро Ҷӯё яке аз иқдомҳои ҷасурона тавсиф шудааст. 

Заҳро Ҷӯё дар гуфтугӯ бо маҷаллаи “Тайм” ҳарфҳоеро, ки гӯё Толибон аз назари рафтор ва идеология тағйир кардаанд, рад мекунад: “Толибон гурӯҳе тундрав ва бунёдгаро аст ва ба ҳуқуқи башар ҳеҷ эътиқоде надорад”- мегӯяд вай. 

Заҳро Ҷӯё дар сӯҳбат бо маҷалла аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ба ҳеҷ сурат ин гурӯҳи террористиро ба расмият нашиносанд. Ӯ мегӯяд: “Музокирот миёни Толибон ва давлати Амрико дар замони Президент Доналд Трамп, ки ба тавофуқ миёни ин ду тараф анҷомид, бидуни ҳеҷ намояндае аз давлати Афғонистон ё занон баргузор шуд. Дар ҳамон замон мушаххас шуд, ки хостаҳои занони афғон барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш аҳаммияте надорад. Акнун ҳамаи занони Афғонистон ҳуқуқ, озодӣ ва умеди худро аз даст додаанд.”

Интихоби Заҳро Ҷӯё дар ин феҳристи 12 нафара дар ҳолест, ки дар соли 2021 ин маҷалла феҳристи 100 чеҳраи таъсиргузори ҷаҳон, ба шумули занҳоро нашр карда буд. Дар ин феҳрист аз Афғонистон Маҳбуба Сироҷ ва Мулло Абдулғанӣ Бародар низ зикр шуда буданд. Интихоби Мулло Бародар дар ин феҳристи 100 нафара интиқодҳо ва хашми бархе коршиносони масоили Афғонистонро барангехта буд. 

Заҳро Ҷӯё рӯзноманигорест, ки бо ба қудрат расидани Толибон дар хориҷ аз Афғонистон хабаргузории “Рухшона”-ро барои инъикоси масоили занон таъсис кард. Ин хабаргузорӣ хеле зуд дар декабри соли 2021 ҷоизаи хабарнигории “Мэри Колвин”-и Британияи Кабирро соҳиб шуд.


Ба бонувон чӣ тӯҳфа кунем?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед