Ru  | Tj
Ба бонувон чӣ тӯҳфа кунем?
Ба бонувон чӣ тӯҳфа кунем?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Ба бонувон чӣ тӯҳфа кунем?

Нашр шуд

Тӯҳфа, ҳадя, инъом василаи ибрози меҳру самимият байни инсонҳост. Мо одат кардаем, ки дар рӯзҳои махсус, яъне зодрӯз ва ё ҷашну идҳо наздиконамонро бо тӯҳфае шод намоем. Вале равоншиносон тавсия медиҳанд, ки зуд – зуд аз шахси наздик ҳадя гирифтан муносибатҳоро мустаҳкамтар мегардонад. Махсусан, бонувон гирифтани тӯҳфаҳои ногаҳониро меписанданд.

Ҳоло, ки дар арафаи Рӯзи бонувон қарор дорем, аксари мардон дар фикри харидани тӯҳфае афтодаанд, ки писанди модарону хоҳарон бошад. Пӯшида нест, ки гоҳо ин муаммоеро мемонад. Барои бонувон чӣ гуна тӯҳфаҳо мақбуланд? Ҳаҷм, миқдор, андоза, нарх ва намуди зоҳирии он муҳим аст?

Мо ба чанд нафар модарону хоҳарони азизамон бо ҳамин савол муроҷиат кардем, то донем, ки ба онҳо чиро тӯҳфа намоем.


Мушаррафа Ҷӯраева – профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муомилаи неку дастгирии ҳаррӯза аз ҷониби мардонро тӯҳфаи олӣ барои бонувон меҳисобанд. Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар рӯзҳои ид мардон метавонанд бар замми тӯҳфаи харидаашон, бо иқдоме ҷинси латифро хурсанд намоянд.

“Модару ҳамсару духтари худро ҳамон рӯз  аз тамоми ташвишҳои рӯзгор озод карда, тамоми масъулиятро ба дӯши худ гиранд, то модарону хоҳарону духтарон рӯзи идашон худро дар иҳотаи меҳру муҳаббату ғамхорӣ эҳсос кунанд, хуллас, лоақал, як рӯз дар канори мардони оила ҷинси латиф буданашонро эҳсос намоянд. Бовар кунед, ин тӯҳфаи арзишмандтарин аст. Дар ин сурат тӯҳфаи тақдимшуда боз ҳам гуворотар менамояд”.

Муаллима аз ҳадяҳои ҳамешагии наздикон ёдовар шуда, гуфтанд, ки одатан шавҳарашон – дастагули тару тоза ва ҷавоҳирот, писарон – гулҳои тару тоза ва атр, дӯстону ҳамкорон – китоб тӯҳфа мекунанд. 

Тӯҳфаи хотирмонтарин барои профессор Ҷӯраева дар рӯзи таваллудашон тақдим шудааст. “Фарзандонам саду як садбарги сафед, ангуштарини тилло ва торти хеле болаззате, ки дар шакли китоби калон ва дар рӯяш "Диссертация Джураевой Мушаррафы Рустамовны" навишта шуда буд, тӯҳфаи ногаҳонӣ карданд”.


Хоҳари дигари мо, Нодира ҳам чун ҳама занону духтарон тӯҳфа гирифтанро дӯст медорад. Ӯ инро нишонаи самимият, омили афзуншавии муҳаббат медонад. Ба гуфтаи ӯ гарчанде тӯҳфаҳо ҳар сол такрор оянд ҳам, вале дар он як ҷаҳон эътиборро эҳсос кардан мумкин. 

“Мардони оилаи мо ба тақдими тӯҳфаҳои маъмулӣ одат кардаанд, аммо муҳимаш эътибор. Масалан, падарам ҳамеша бо як намуд тӯҳфа қаноат мекунанд: атри “Donna Felice” аз ширкати "Faberlic". Бародаронам ҳар тӯҳфае, ки мегиранд, ҳатман шоколади "Merci" - ро ба он зам мекунанд. Аз дӯстон бештар бозичаҳо - маҳз хирсак, соати дастӣ, гарданбанд, ҳайкалчаҳои электронӣ, зарфи қаҳванӯшӣ бо акси худ ва ҳатман атр бо гулҳои зинда гирифтаам”. 
Тӯҳфае, ки то ин замон барои Нодира хотирмон будаааст, барояш ҷавоне дар зодрӯзаш тақдим кардааст. “Аслан он ҳам тӯҳфаи маъмулӣ буд: дохили қуттии "валентинӣ" садбаргҳои голландии сафед ва шириниҳои "Rafaello" бо гарданбанди рамзӣ. Аммо ин тӯҳфаи ногаҳоние буд, ки онҳо ҳамеша хотираҳои гуворо доранд”, ба хотир овард Нодира.

Маслиҳати Нодира ба мардон ин аст, ки техникаҳои маишӣ ҳеҷ гоҳ тӯҳфа барои занон буда наметавонад.

“Ҳар чизе ки тақдим кардан мехоҳанд, набояд зам намудани гули зинда ва шоколадро фаромӯш кунанд. Занон ҳамеша гули зинда ва шириниро дӯст медоштанд ва дӯст медоранд”.

Дар мавриди тӯҳфа ҳунарпешаи ҷавони театр Зарина Бадалова назари дигар дорад. Ӯ новобаста ба арзиши тӯҳфа, пеш аз ҳама самимияти онро муҳим медонад. “Ҳадя бояд самимӣ бошад. Пеш аз ҳама саломатии азизон бароям беҳтарин тӯҳфа аст. Ҳамсарам бештар ҷавоҳироти нуқрагин тӯҳфаам мекунад, ки ин бароям хеле арзиш дорад”.


Тӯҳфаи хотирмонро Зарина замони кӯдакияш аз дасти модараш гирифтааст ва онро ҳамеша эҳтиёт мекунад. Ӯ ба мардон маслиҳат медиҳад, ки пеш аз ҳама модар ва ҳамсарони худро самимона дӯст доранд ва эҳтиром кунанд. “Дар масъалаи тӯҳфа камбудии рӯзгори модар ва ҳамсарро дида онро пурра намоянд, аммо беҳтарин ҳадя барои модар, ҳамсар ин эҳтироми якдигар, дӯст доштан, қадр кардани ҳастии якдигар аст”.

Аз назари сарояндаи номӣ, Ҳанифаи Эмомалӣ низ барои бонувон ҷавоҳирот тӯҳфаи писандида аст.
“Ҷавоҳирот беҳтарин дӯсти духтарон аст. Нуқраи тозаву пурҷило ё тилло барои наздиктарин шахсон як ҷаҳон хушнудӣ мебахшад. Наздиконам инро медонанд ва одатан бо чунин тӯҳфаҳо табрикам мекунанд. Дӯстону ҳамкорон бошанд, гул, атриёт ва шириниҳо тақдим мекунанд”.

Ӯ мегӯяд, тӯҳфа кардан хуб аст, аммо арзиши он бо саломативу хушбахтии оилаам баробар нест. “Барои ҳар як бонуи хона табассуму муҳаббати гарми аҳли оила қиматтарин ҳадяи илоҳист. Фарзандонам бароям беҳтарин тӯҳфаи зиндагиянд”.

Барои муаллима Ҷаҳонгул Меликова бошад, шогирдонаш тӯҳфаҳои хотирмон кардаанд. “Хониши хубу рафтори намунавии толибилмонам ҳамеша маро хурсанд мекунад. Вале онҳо дар рӯзи омӯзгор ва Рӯзи модарон тӯҳфаҳое низ кардаанд, ки бароям бисёр азиз ва фаромӯшнашаванда ҳастанд. Яке аз шогирдонам дар бокал ва аҳли гурӯҳ бошанд дар як торт акси маро ҷой дода, маро ба Рӯзи модарон табрик карда буданд. Ин тӯҳфаи самимиву ногаҳонӣ ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад”.

Аз гуфтаҳои ин бонувон хулоса кардан мумкин, ки тӯҳфа новобаста аз қимату ҳаҷму намудаш метавонад арзиши ниҳоят баланд дошта бошад. Муҳимтар аз ҳама меҳру муҳаббат, ишқу самимият ва саломатии азизон аст. 




Осорхона - таърихи зиндаи ҳар миллат



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед