Ru  | Tj
Нишасти ноком. Гутериш хоҳони ҳукумати фарогири тоҷикҳо, паштунҳо ва ҳама ақвом дар Афғонистон шуд
Нишасти ноком. Гутериш хоҳони ҳукумати фарогири тоҷикҳо, паштунҳо ва ҳама ақвом дар Афғонистон шуд
Аксс: MOFA.GOV.QA

Нишасти ноком. Гутериш хоҳони ҳукумати фарогири тоҷикҳо, паштунҳо ва ҳама ақвом дар Афғонистон шуд

Нашр шуд

Нишасти дувуми Созмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон рӯзҳои якшанбе ва душанбеи ҳафтаи равон дар шаҳри Давҳаи Қатор бидуни кадом натиҷаи чашмрас ва умедворкунанда анҷом ёфт. Дар ин нишаст намояндагони 27 кишвар, ҷомеаи мадании Афғонистон бидуни ширкати гурӯҳи ҳаросафкани Толибон ҳузур ёфтанд. Толибон ба далели напазируфтани шартҳояшон аз сӯйи дабири кулли СММ аз иштирок худдорӣ карданд.

Антониу Гутериш нишасти мазкурро муассир хонд, вале гуфт, ки як қатор мушкилот ҷой дорад, ки монеъи музокира ва таомул бо гурӯҳи Толибон мешавад. Ӯ гуфт, шарти ба расмиятшиносии ин гурӯҳ ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузури паштунҳову тоҷикҳо ва дигар ақвоми Афғонистон ва ҳамчунин арҷгузорӣ ба ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи башар аст. Дабири кулли СММ дар суҳбат бо харнигорон афзуд:

“Адами ҳузури Толибон дар нишасти Давҳа ҳеч латмае ба нишасти дурӯзаи Давҳа ворид накардааст, балки муфид ҳам буд. Толибон мехостанд, ки ба унвони намояндаи Афғонистон дар ин нишаст ҳузур дошта бошанд, ки аз тарафи мо рад шуд. Мо хоҳони ташкили ҳукумати фарогири паштунҳо, тоҷикҳо ва ҳама ақвом дар Афғонистон ҳастем. Ончи Толибон аз мо мехостанд ба маънии ба расмият шинохтани онон буд. Аммо мо бар ин бовар ҳастем, ки на танҳо вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон беҳтар нашуда, балки бадтар ҳам шуда. Мо аз Толибон хостем, ки тасмимҳои мабнӣ бар манъи рафтани духтарон ба мактаб, донишгоҳ ва корро лағв кунанд”.


Яке аз масъалаҳои ин нишаст таъйини намояндаи вижаи СММ дар умури Афғонистон буд, ки бо мухолифати гурӯҳи Толибон ва бархе кишварҳо, аз ҷумла Русия, Чин ва Эрон ба давраи баъдии нишаст вогузор шуд. Антониу Гутериш гуфт: “Тасмим гирифта шуд, то маҷмуъае аз машваратҳоро оғоз кунам ва шароит барои таъйини намояндаи вижаро баррасӣ кунам, ки на танҳо вазифаи ҳамоҳангии ҳамкории ҷомеаи ҷаҳониро бар уҳда дошта бошад, балки битавонад ба сурати муассир бо Толибон кор бикунад”.

Чин, Эрон ва Русия гуфтаанд, ки таъйини намояндаи вижа дар умури Афғонистон бояд бо мувофиқати гурӯҳи ҳаросафкани Толибон сурат гирад. Ҳамчунин Русия аз гуфтугӯ бо намояндагони ҷомеаи мадании Афғонистон бо дархости Толибон худдорӣ кардааст. Сафири ин кишвар дар Афғонистон гуфтааст, ки бо дархости Толибон аз мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мадании Афғонистон худдорӣ варзидааст.

Ба назар мерасад, дар ин нишаст сафбандиҳои ҷадид дар масъалаи таомул бо гурӯҳи Толибон ба вуҷуд омадааст. Дар ҳоле ки СММ ва кишварҳои ғарбӣ дар садади пайдо кардани роҳи муомила ва таомул бо гурӯҳи Толибонанд, ин гурӯҳ бо матраҳ кардани шартҳои иҷронашавандаи худ роҳи таомул бо ин кишварҳоро бастааст. Коршиносон дар робита ба нишасти Давҳа дидгоҳҳои мутафовитро ироа мекунанд.

Аҳмадалӣ Ҷалолӣ, вазири пешини умури хориҷаи Афғонистон мегӯяд, ки ширкат накардани гурӯҳи Толибон дар чунин нишастҳо боиси инзивои байнулмилалии онҳо мешавад: “Имтиноъи режими Толибон аз ширкат дар нишасти Созмони Милал дар Давҳа метавонад инзивои байнулмилиии онро амиқтар кунад. Ин таҳқир ҳамчунин мумкин аст эътибори режимро ба унвони як тараф барои ҳаллу фасли сиёсӣ аз тариқи музокира бо соири бахшҳои марбути ҷомеаи Афғонистон коҳиш диҳад”.

Ҳамчунин Ричард Бент, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари СММ барои Афғонистон мегӯяд, ки умедвор аст ин нишаст боиси баргузории як ришта нишастҳои маънодор ва фарогир миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои дахил дар қазияи Афғонистон шавад, ки “ҳам баҳс дар мавриди ҳуқуқи башар, бавижа ҳуқуқи занон ба унвони ҳастаи аслии роҳи ояндаи Афғонистонро дар авлавият қарор медиҳанд”.

Дар пасманзари ин нишаст кишварҳои Олмон, Конодо, Олбонӣ, Белжик, Булғористон, Фаронса, Косово, Муғулистон, Ҳуланд ва Руминия бо пахши як баёния гуфтаанд, ки Толибон тағйир наёфтаанд: “Аз замони охирин нишасти мо дар ҳамоиши амниятии Муних дар соли 2023 Толибон ҳеч пешрафте дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Афғонистон, ба вижа ҳуқуқи асосии занон ва духтарон надоштаанд. Баръакс масъули яке аз вахимтарин ва ваҳшатноктарин вазъиятҳои ҳуқуқи башарӣ дар саросари ҷаҳон ҳастанд”.

Маҳбуба Сироҷ, Лутфуллоҳ Наҷафизода, Файз Золанд, Митро Меҳрон ва Шоҳгул Ризоӣ ба намояндагӣ аз ҷомеаи мадании Афғонистон дар нишасти Давҳа ширкат карданд.

Лутфуллоҳ Наҷафизода баъди поёни ин нишаст гуфт, ҷаҳон тасмим гирифтааст, ки бидуни Толибон роҳашро идома диҳад. Шоҳғул Ризоӣ низ гуфтааст, ки ҷаҳон бояд рӯйи Толибон фишор биёварад, то аз нақзи ҳуқуқи башар ҷилавгирӣ шавад.

Митро Меҳрон гуфтааст, ки баҳс ва гуфтугӯ дар бораи Афғонистон бояд вобаста шавад ба ҷиноятҳо ва маҳдудиятҳои ҷорӣ кардани гурӯҳи Толибон, ки фоҷеаи ҳуқуқи башариро дар ин кишвар ба вуҷуд овардааст: “Ман бори сангини масъулияти  ҷамъе, ки ҳамаи мо инҷо бар дӯш мекашем, ишора мекунам. Тамоми баҳсҳо ва гуфтугӯҳои мо бояд бар меҳвари ҳамин воқеъиятҳои мавҷуди Афғонистон устувор бошад”.

Баъзе раҳбарони аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ аз таркиби ширкаткунандагони нишасти Давҳа интиқод карда, гуфтаанд, ки бояд чунин нишастҳо бо таркиби фарогиртар баргузор шавад.

Муҳаммад Муҳаққиқ, узви Шурои муқовимат барои наҷоти Афғонистон ва яке аз роҳбарони ҳазора тасмимҳо ва нишастҳои таҳти назари СММ-ро чандон чорасоз намедонад ва мегӯяд, ки тағйире эҷод намекунад.

“Коркарде, ки СММ дар ин ҷаласа нишон дод, маълум мешавад, ки рабте ба қазияҳои Афғонистон надорад. Бештар саъй мекунанд, ки Толибон биёянд ва як навъ бо онҳо роҳи таомул густурдатар шавад. Ва низ аз мухолифони Толибон касеро даъват намекунанд”, - таъкид кард Муҳаққиқ.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯяд, нишасти Давҳа бо сарпарастии СММ танҳо барои бароварда сохтани манофеъи гетосиёсии Амрико созмондеҳӣ шудааст ва комилан дар ҷиҳати сиёсатҳои амрикоӣ амал мекунад. Гурӯҳи дигар мегӯянд, ки дар нишасти Давҳа нишонаҳои оғози як ҷанги сарди дигар бо сафбандии Чин, Русия ва Эрон бар алайҳи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ намоён мешавад.

Тамим Осӣ, таҳлилгари масоили сиёсии Афғонистон таъкид мекунад, ки “Афғонистон оҳиста-оҳиста табдил ба як майдони “ҷанги сарди ҷадид”-и Амрико, Чин, Русия, Эрон мешавад. Толибон ҳаммонанди як ширкати амниятиии кироӣ бахшҳои сохтаҳои он ба дасти ин ё он қудрат ба кироя гирифта хоҳад шуд. Сиёсатмадорони собиқи ҷумҳурият мисли Ҳомид Карзай, Ашраф Ғанӣ ва амсоли онон минҳайси сарбозҳои ин ҷанги сарди ҷадид ба майдон хоҳанд омад. Бозигари куҳнакори ин арса ва фили ин бозӣ, яъне Покистон ҳамчунон муттаҳиди ғарб боқӣ хоҳад монд. Шуруъи ин бозии сард аз нишасти Давҳа бо мавқифгириҳои Русия, Чин, Эрон оғоз шудааст”.

Довуд Ирфон, пажуҳишгари ҳиротӣ бо таъкид бар ин нукта, ки саҳнагардони асосии нишасти Давҳа Амрико ва муттаҳидонаш аст, мефзояд: “Аммо бояд гуфт, ки ҳадафи аслии онҳо дар лифофа пинҳон аст ва чизе буруз намедиҳанд. Аммо ман фикр мекунам, ки ҳадаф аз баргузории нишаст ба навъе оғози як ҳаракат барои таомули бештар бо ҳукумати сарпарасти Афғонистон ва аз як тарафи дигар ба наҳве таҳти фишор қарор додани онон бошад, ба хотири тааҳҳудоте, ки дар нишасти қаблии Давҳа мутааҳҳид шуда буданд”.

Чашмандози нишасти Давҳа нишон дод, ки аксари омилони он дар фикри роҳҳои ҷалби гурӯҳи Толибон ба ҷомеаи байнулмилалиянд. Вале шартҳои гузоштаи Толибон, ки рӯйи арзишҳои ҳуқуқи башарӣ хати бутлон мекашад, монеъ ва бунбасти асосии ҳадафи ҳамкорӣ ва таомул бо ин гурӯҳ аст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед