Ru  | Tj
Даргузашти Давлатманд Холов тоҷикону эрониён ва афғонистониҳоро ба сӯг нишонд
Даргузашти Давлатманд Холов тоҷикону эрониён ва афғонистониҳоро ба сӯг нишонд
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Даргузашти Давлатманд Холов тоҷикону эрониён ва афғонистониҳоро ба сӯг нишонд

Нашр шуд

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов дар синни 73 бар асари бемории саратон даргузашт. Ӯ чанд ҳафта қабл барои дармон ба Русия рафт, вале дароманаш бенатиҷа буд ва рӯзи 18 феврал дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Даргузашти ҳунарманди саршинос ҳаводоронашонро дар Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба сӯг нишонд. Давлатманд Холов аз ангуштшумор ҳунармандони тоҷик аст, ки нафақат дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳони форсизабонон, дар байни мардуми Эрону Афғонистон аз маҳбубияти вижае бархурдор аст. Сурудҳои ӯ, ки умдатан аз ашъори Мавлавӣ, Рӯдакӣ, Хайём ва Бедил аст, ҳаводорони зиёде дар ин кишварҳо дорад. Махсусан таронаи “Шоҳ, паноҳам бидеҳ”, ки дар байни мардуми Эрон яке аз маҳбубтарин сурудаҳои ӯянд. Ин суруд, ки моҳияти мазҳабӣ дорад, бештар мардуми Эронро ҷалб мекунад. Аз ин ҷост, ки ӯ борҳо ба Эрон сафар кардаву консертҳои ҳунарӣ анҷом додааст. Корбарони расонаҳои иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон марги Давлатманд Холовро зоеъаи бузург тавсиф карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ба аҳли оила ва пайвандону наздикони ҳунарманд изҳори таслият кард. Дар паёми таслияти раисҷумҳур таъкид мешавад, ки “Эмомалӣ Раҳмон саҳми бисёр арзишманди Давлатманд Холовро дар рушди ҳунари овозхонӣ, махсусан сурудаҳои халқӣ ва жанри “Фалак” таъкид карда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ баён карданд”.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ ба ҳаводорон ва аҳли хонаводаи марҳум таслият арз кард: “Бинобар даргузашти Ҳунарпеши мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, оҳангсоз ва фалаксарои маҳбуби тоҷик Давлатманд Холов изҳори ҳамдардӣ  баён карда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонам”.

Қаҳрамон Сулаймонӣ, собиқ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме навишт, ки дӯсти нозанинам ба қавли Мавлоно азми тамошои фалак кард: “Ӯ садои тозае буд, ки аз аъмоқи таърихи ҳунари мусиқии ин қаламрав танини тоза дар офоқ афканд. Фалакхоне, ки дар чанд даҳаи гузашта бахше аз ҳунари мусиқии Тоҷикистонро ривоят мекард. Ҳаҷми каманизири садояш ҳамроҳ бо занги пуртанин ва инъитофи хос ва интихоб аз сари завқи шеър, ӯро намояндаи тамомъиёри мусиқии фалак кард.

Пажвоки садояш дар маҳдудаи марзҳои Тоҷикистон маҳдуд намонд. Дар Эрон ҳавохоҳони бисёр дошт ва дар Афғонистон дӯстдорони фаровон. Бо сафари абадии ӯ мусиқии Тоҷикистон устоди камназир ва  шеъру адаби форсӣ пайвандгари чирадастро аз даст дод.

Ғамшарики ҳама дӯстони тоҷик ҳастем, ки дар азои яке аз намояндагони бузурги ҳунар ва фарҳанги муштарак ба азо нишастаанд”, - таъкид мекунад Қаҳрамон Сулаймонӣ.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо зикри ин нукта, ки Давлатманд Холов дар ҳунар ва ҳунари овозхонӣ фалқулода бузург буд, навишт: “Ман ба Давлатманд ҳамеша Бузург муроҷиат мекардам. Ӯ ноҳинҷор табассум мекард ва “эй ака” мегуфт.... Давлатманд дар ҳунар, овозхонӣ, шаҳдкашии фавқулодаи овоз бузург буду нотакрор ва ҳамеша ҳамин хел ҷовидон мемонад”.

Умед Ҷайҳонӣ, забонпажӯҳ ва муассиси  гурӯҳи “Вожаҷӯ” даргузашти Давлатманд Холовро “зоеъае ҷуброннопазир барои ҳунари мусиқии миллии Тоҷикистон “тавсиф кард.

Машкур Кобулӣ, узви раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон  дар расои реҳлати Давлатманд Холов навишт: “Холиқи асари гаронсанги “Шоҳ, паноҳам бидеҳ”, устод Давлатманд Холуф ҳам рафт. Аз ӯ порсол (2023) дар ҷашнвораи Имом Ризо (а) таҷлил шуд. Бархе авқот як асари ҳунарии қавӣ ба ҷойи ҳазорон соат минбар ва садҳо китоб таъсири руҳӣ ва маънавӣ дорад. Милёнҳо инсони шефтаи маънавият ва вилоят бо шунидани он мусиқии мондагор аз умқи ҷон бо Мавлои Рауф алайҳу-с-салом иртиботи руҳӣ гирифтанд”.

Шоири тоҷик Абдулқодири Раҳим Давлатманд Холовро ҳунарманди нотакрор номид ва навишт: “Аз даргузашти дӯст ва бародари гиромӣ Давлатманд Холов ангуҳгинем ва ба пайвандонаш изҳори таслият карда, сабри ҷамил хоҳонем. Давлатманд Холов ҳунарманди нотакрор ва беҳамто буд. Даргузашти ӯ талафоти бузургест барои ҳунари тоҷик”.

Одили Нозир, ки бештар матолиби фарҳангӣ менависаду бо ҳунармандон мусоҳибаҳои фаровон нашр кардааст, марги Давлатманд Холовро “талафоти бузурге барои ҳунари тоҷик” номид ва навишт: “Ӯ шахсе буд, ки бонги Фалакро ба фалак расонид ва ҷуғрофиёи алоқамандони онро бамаротиб васеъ кард. Суруди ӯ “Шоҳнома Ватан аст” (Шеъри Гулрухсор) гимни ғайрирасмӣ, вале ба қалбҳо пазируфташудаи форсизабонони ҷаҳон аст”.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик навишт, ки даргузашти ҳунарманди нотакрори тоҷикро талафоти бузурге ба фарҳанги миллӣ ва мардуми кишвар ва ҳамчунин форсизабонони ҷаҳон номид: “Давлатманди бузург бароям натанҳо ҳунарманди дӯстдошта, балки дӯсти азиз низ буданд. Тамоми сурудҳояшро дорам ва онҳоро ҳамеша гӯш мекунам. Дар яке аз суҳбатҳоям гуфтам, ки орзу дорам, ки дуторнавозиро ёд гирам. Баъди 2 рӯз ба хонаам бо як дутори зебое омада, онро ба ман туҳфа кард. Чанд дарси омӯхтани онро низ ёд доданд. На он қадр хуб тавонистам”.


Муҳибуллоҳ Нурӣ, сиёсатмадори ҷавони Афғонистон дар паёме марги Давлатманд Холовро таслият гуфта, навишт: “Устод ним қарн бо ҳунари хеш ҳазорон инсонро дар ду сӯйи Ому таҳти таъсир қарор додааст. Амре, ки устод Давлатмандро дар миёни сойири ҳунармандони тоҷик барҷаста кардааст, истифода аз сабки мусиқии Фалак ва корбурди густардаи ашъори ирфонӣ аст. Аз ҷумла, аз ашъори Ҳофиз, Хайём ва Мавлоно истифодаи густарда кардааст. Бо ин равиш эшон яке аз нахустин касонест, ки дар муаррифии Мавлоно ба мардуми Тоҷикистон нақши асосӣ ифо кардааст”.

Дориюши Раҷабиён, хабарнигори телевизиёни Бӣ-Бӣ-Сӣ форсӣ Давлатманд Холовро “фарзанди барозанда”-и сарзамини тоҷик номида навишт: “Дар шабакаҳои иҷтимоъии Тоҷикистон хабари шуми даргузашти Давлатманди Хол мечархад, вале боварам намешавад. Ва мадхали викидидиёияш ҳам буруз нашуда, агар ин хабари шум воқеъият дошта бошад. Зоеъаи бузурге бар пайкари ҳунари эронӣ аст. Ин ҳунарманди мумтози Тоҷикистон ва фалакхони дараҷаи яки ҷаҳон 73 сол пеш дар Кӯлоби Тоҷикистон ба дунё омад ва аз фарзандони барозандаи ин сарзамин аст. Ҳам бо ҳунар ва ҳам бо шахсияти сутуданиаш дар қалби ҳазорон ҳазор хона дорад”.

Парвиз Ҷоҳид, як тан аз эрониёне, ки равобити дӯстона бо ин ҳунарманд доштааст, таъкид кард: “Давлатманд садои гарм ва дилнишине дошт ва ашъори Мавлавиро бо лаҳни тоҷикии зебое мехонд. Аз тариқи Маҳдӣ Ҷомӣ ва ҳамсараш Шаҳзода бо Давлатманд ошно шудам ва дар мустанаде, ки Маҳдӣ дар бораи мусиқии фалак ва Давлатманд месохт, бо ӯ ҳамкорӣ кардам. Дар миёни мардуми тоҷик маҳбубияти зиёде дошт ва фиқдонаш ҳис хоҳад шуд”.

Муҷиб Меҳрдод, собиқ мудири масъули рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон, ки аз минтақаи Бадахшони ин кишвар аст, навишт, ки аз кӯдакӣ бо суруд ва мусиқии тоҷикӣ бузург шудааст ва яке аз овозхононе, ки ҳамеша садояшро мешунид, Давлатманд Холов аст: “Дар миёни ҳунармандони бузурги тоҷик садои Давлатманди Хол ва мусиқии мунҳасир ба фардаш аз кӯдакӣ то ҷавонӣ ва ҳатто дар ғурбат ҳамроҳи ман будааст. Ҳеч ҳунарманде монанди устод Давлатманд маро бо он гузаштае, ки шукӯҳашро дар шеъри форсӣ таҷриба кардаем, пайванд надодааст. Омезаи ғиҷаку данбур ва найу даф дар мусиқии тоҷикӣ мазаву кайфи хоссе барои мардуми канораҳои Омударё доштааст. Бавижа он гоҳе ки ин таркиби мусиқиёӣ бо шоҳкорҳои шеъри классики форсӣ якҷо шавад, он ҳунари таолибахш падид меояд ва дар мо зеботарин эҳсосотро зинда мекунад”, - менависад ин рӯзноманигори афғонистонӣ.

Азиз Бориз, дипломат ва сиёсатмадори афғонистонӣ дар хусуси равобит ва ҳамкориҳояш бо ҳунарманд ёддошт медиҳад: “Солҳои маъмуриятам дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бо зиндаёд Хол ошно шудам. Одами самимӣ ва беғаш буд. Яке аз рӯзҳо дарвозабон аҳвол дод, Давлатманд Хол мехоҳад наздам биёяд. Аҳвол додам биёяд. Ин охирин дидори ҳузурии мо буд. Дар мулоқот чанд дона фита аз таронаҳои худаш, минҷумла шашмақомро туҳфа оварда буд, бо қадрдонӣ пазируфтам. Дар соли 2020 хабар шудам, ки зиндаёд Давлатманд Хол барои иҷрои барномае аз тарафи Донишгоҳи Камбриҷ даъват шудааст. Рӯзи баъд телефонӣ суҳбат кардем, даъват кардам то Оксфорд биёянд. Қарор шуд бо писараш биёяд, аммо натавонист сафари худро тамдид кунад. Дубора тамос гирифт ва ҷараёнро бароям қисса кард ва худоҳофизӣ кардем”.


Бояд гуфт, Давлатманд Холов ҳунармандест, ки аз навҷавонӣ, аз синни 13 сурудхониро оғоз кардааст. Ӯ ба сабки фалак тарона мехонд ва ин навъи мусиқии суннатии тоҷикро дар ҷаҳони форсизабонон муаррифӣ кард. То он ҷойе ӯ таъсири фавқулода ба мардум гузошта буд, ки мегуфтанд Давлатманд Холов ба жени фалак руҳи тоза бахшид.

Давлатманд Холов яке аз овозхонҳои хуштолеъи тоҷик буд, ки дар бештари маросимҳои фарҳангии расмӣ ширкат мекард ва суруд мехонд. Ӯ солҳо дар Кумитаи радио ва телевизиёни Тоҷикистон кор кард ва саҳми инкорнашуданӣ дар рушди мусиқии фалак гузошт. Ӯ дар давоми 30 соли ахир дар заминаи эҳёи мусиқии суннатии фалаки тоҷик корҳои зиёде анҷом дод ва оҳангҳои мондгоре боқӣ гузошт.

Маросими ҷанозаи Давлатманд Холов имрӯз, 19-уми феврал, бо ширкати чеҳраҳои шинохта, ҳунармандон ва ҳаводоронаш дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар оромгоҳи Лучоб дафн шуд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед