Ru  | Tj
Муаллифи “Миллати ишқ”. Машҳуртарин нависандаи зан дар олами Шарқ
Муаллифи “Миллати ишқ”. Машҳуртарин нависандаи зан дар олами Шарқ
Аксҳо: Аз Интернет

Муаллифи “Миллати ишқ”. Машҳуртарин нависандаи зан дар олами Шарқ

Нашр шуд

Дар таърихи адабиёти турк ҳеҷ нависандаи зане маҳбубияти Алиф Шафақро (Elif Şafak-туркӣ, Элиф Шафак-русӣ, Elif Shafak-англисӣ) надорад. Ӯ бо навиштани романҳои ишқиву пурмоҷаро на фақат дар Шарқ, балки дар ҷаҳон шӯҳратёр гардидааст. Романҳои ӯ “Ҳаромзодаи Истамбул”, “Миллати ишқ” ва “Се духтар дар ҳаво” пурхонандатарин китобҳо дар ҷаҳони имрӯз ба шумор мераванд. 

Мавзӯи романҳои Алиф Шафақ мавзӯи имрӯзӣ мебошад. Ӯ дар бештари романҳояш масоили ишқу ошиқӣ ва маҳрумиятҳои занонро тасвир мекунад. Бархе аз адабиётшиносон бо нописандӣ ба осори ӯ нигоҳ мекунанд ва романҳои ӯро ҷузъе аз романҳои оммаписанд медонанд. Аммо гурӯҳи дигар сабаби шӯҳрат ва маҳбубияти ӯро дар шуҷоаташ медонанд, ки бо мавқеъгириҳои сиёсӣ ва ҳимоят аз озодиву озодихоҳӣ дар ҷаҳони имрӯз машҳур шудааст. Муборизаҳои озодихоҳонаи ӯ дар боби озодиҳои занон ва танқидҳояш аз ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ӯро на фақат чун нависанда, балки ҳамчун яке аз фаъолони ҷараёни феминист дар олами Шарқ машҳур кардааст.

АЛИФ ШАФАҚ КИСТ?

Алиф Шафақ 25 –уми октябри  соли 1971 дар Стасбурги Фаронса ба дунё омад. Вай нахуст донишгоҳро дар Туркия ба итмом расонида, сипас дар донишгоҳҳои номдори кишварҳои ғарбӣ дарс хондааст. Ҳоло дар Донишгоҳи Оксфорди Англия машғули таҳсил аст.

Вай соли 2005 бо як англисе бо номи Эюп Джан издивоҷ кард ва то имрӯз бо ӯ зиндагӣ мекунад.

Алиф Шафақ бо ду забон: туркӣ ва англисӣ асар эҷод мекунад. Вай то имрӯз 16 китоб навиштааст, ки 10-тои он роман мебошад ва аксари ин асарҳо дар радифи китобҳои серхаридор қарор гирифтаанд.

Алиф Шафақ дар хонаводаи аҳли зиё ба дунё омадааст. Падараш, ки Нурӣ Белгин ном дошт, дар риштаи фалсафа таҳсил ва кор кардааст. Модараш бошад Шофок Отоймон як дипломат буд. Алиф Шафақ тахаллуси адабияшро аз исми модараш “Шофок” гирифт, ки ба забони тоҷикӣ ҳамон “Шафақ” аст. 

Дар замони ҷавонии ӯ падар ва модараш аз ҳам ҷудо мешаванд ва ӯ муддате бо модарбузургаш зиндагӣ мекунад. Худи ӯ он давронро ба ёд оварда менависад, ки “Дар он даврон талоқ маъмул набуд. Модарбузургам, ки зани таҳсилкарда набуд, кӯмак кард, то модарам битавонад ба донишгоҳ баргардад ва шуғле барои худаш пайдо кунад. Вай баъд дипломат шуд. Дар он даврон маъмулан занони ҷавони ҷудошуда аз ҳамсар, билофосила издивоҷ мекарданд. 

Дар давроне, ки Алиф Шафақ навҷавон буду бузург мешуд, ҷомеаи Туркия куллан тағйир мекард.  Акнун духтарон озодии бештар доштанду ҳатто сигор мекашиданд ва ин фазои ҷомеаи Туркияи онвақта ҳайратовар буд.  Вай бо муқоисаи бибии падарӣ ва модариаш ихтилофи дидгоҳ ва салиқаи як наслро чунин баён мекунад: “Бибиҳои ман ҳамсин буданд ва аз як табақа ва фирқа, аммо тафсирҳои онҳо аз дин бисёр тафовут дошт. Дидгоҳи бибии падариам бар асоси тарсу шарм ва ҳалолу ҳаром буд, дар ҳоле ки нигоҳи бибии модариам бар асоси ишқ шакл гирифта буд”.

Сарнавишти Алиф Шафақ ва модараш бар нависандагии ӯ таъсири амиқ гузоштааст. Ӯ худаш борҳо бо мисол овардан аз зиндагии падар ва модар гуфта, ки аз ҳам пошидани оила ба нависандагияш таъсири амиқ  гузоштааст. Бояд гуфт, пас аз ин ки модари Алиф Шафақ аз падараш ҷудо мешавад, ҳеҷ вақт шавҳар намекунад, аммо падараш бо хонуми фаронсавие издивоҷ намуда, аз он зан соҳиби ду писар мешавад. Алиф Шафақ дар мусоҳибае мегӯяд: “Бо падарам хеле вақт иртибот надоштам. Ӯро намедидам. Ҳеҷ аксе бо ҳам надорем. Ин мавзӯъ маро хеле нороҳат мекард. Муддатҳо гузашт, то ин масъаларо ҳазм кунаму бо он канор биёям. Сахттар аз ин чиз бароям пазируфтани ин буд, ки ӯ фарди бад ва саҳлангор нисбат ба ман ва дар айни ҳол падари хуб барои писаронаш ва устоди хубе барои шогирдонаш буд. Канор омадан бо ин фикр, ки касе дар башхҳое аз зиндагиаш муваффақ ва дар бахшҳои дигар шикастхӯрда ва заиф аст, бароям сахт буд. Муддатҳо худамро фарзанди бегона мехондам. Як духтари фаромӯшшуда”. Бисёриҳо ба ин ҷузъиёти зиндагии Алиф Шафақ ишора карда, ин фоҷеаро яке аз муҳимтарин ангезаҳое медонанд, ки ӯро ба навиштан во доштааст.

Худи Алиф Шафақ дар хусуси аз кай оғоз намудани нависандагӣ чунин мегӯяд: “Ман навиштанро аз замоне, ки хеле ҷавон будам, оғоз кардам. На бо ин далел, ки мехостам нависанда шавам, балки чун ҳис мекардам, зиндагӣ хеле хастакунанда аст. Барои ин ки рӯҳияам солим бимонад, ба китобҳо ниёз доштам. Барои ман сарзамини достон рангорангтар ва ҷаззобтар аз дунёи воқеӣ буд. Тахминан бистсола будам, ки ба нависандагӣ алоқаманд шудам.

Вай бештари осорашро бо забонҳои туркӣ ва англисӣ эҷод кардааст. Вале дар сӯҳбате мегӯяд, ки забони туркӣ барои баён ва навишт осонтар аз забони англисӣ аст, дар ин хусус мегӯяд: “Навиштаҳоям ба забони туркӣ расотар буд, аммо замоне ки барои тадрис дар донишгоҳ ба Амрико ҳиҷрат намудам, ба забони англисӣ такя кардам. Ин забон ба ман ҳисси озодӣ медод. Ҳанӯз ҳам ба забони туркӣ роҳаттар ибрози эҳсосот мекунам ва аз орзуҳоям ҳарф мезанам”.

“МИЛЛАТИ ИШҚ”: РИВОЯТИ ОРИФОНА АЗ ҚИССАИ ИШҚИ ШАМСИ ТАБРЕЗӢ

Романи “Миллати ишқ”, ки дар ду хати замонӣ ҷараён меёбад, яке аз романҳои ишқии серхонанда ва пурфурӯши Алиф Шафақ ба шумор меравад. Як пардаи воқеаҳои ин роман ривояте аз асри ҳафтуми ҳиҷрӣ мебошад ва парда ё хати дигари сужаи ин роман масъалаҳои асри имрӯзро дарбар мегирад. Дар хати аввали сужа, Мавлоно ба унвони олими бузург дар шаҳри Қуния миёни мардум шинохта мешуд ва мардум ва табақаи ҳукуматдорон барои ӯ эҳтироми бисёр қоил буданд, оварда шудааст. Аз тарафе Шамс дар остонаи чиҳилсолагӣ эҳсос мекунад, ки ба зудӣ аз дунё меравад ва мехоҳад аз чиҳил қонуни ишқе, ки дар зиндагияш дарк карда, барои касе бигӯяд.

Дидор миёни суфӣ ва олим ва моҷароҳое, ки дар ин байн ба миён меояд, хонандаро то охири достон ба худ ҷазб мекунад. Дар хати дувуми сужа, моҷароҳое тасвир мешавад, ки пас аз 14 қарн дар Бостони Амрико ба вуқӯъ мепайвандад. Замоне, ки Эло Робенштайн дар арафаи чиҳилсолагӣ асту ба тозагӣ масъулияти таҳрири китоберо мепазирад. Эло гирифтори корҳои рӯзмарагист ва зиндагияш низ бо ҷанбаҳои мутафовут ба мушкилот рӯбарӯст, ки “Чиҳил қонуни ишқ” ном дорад ва дар воқеъ ҳамон моҷарои дидори Шамс ва Мавлоно мебошад, ки зиндагии ӯро зери таъсир қарор медиҳад. Фалсафаи ин роман дар воқеъ рӯзгори Шамс ва Мавлоно аст ва яке аз далелҳои маҳбубияти ин китоб ривояти қиссаи ин орифи бузурги Шарқ мебошад.

“Миллати ишқ”, ки ба забони туркӣ ва англисӣ “Чил қонуни ишқ” номгузорӣ шудааст, дар соли 2010 бо ду забон: туркӣ ва ангилисӣ нашр гардид. Гуфта мешавад, ки ин китоб то кунун беш аз 500 маротиба дар Туркия таҷдиди чоп шудаву ба беш аз 30 забони зиндаи дунё тарҷума гадидааст. Ин китоб рекорди пурфурӯштарин китобҳои нашршуда дар Туркияро ба даст овард. 

АЛИФ ШАФАҚ ВА ШАҲНРИ Ӯ

Алиф Шафақ ҳоло дар Лондон зиндагӣ мекунад. Ӯ яке аз мухолифони асосии сиёсатҳои президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аст. Ӯ доир ба сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Туркия мавқеъгириҳои шадид ва интиқодҳои тунд дорад. 

Вай дар мавриди зиндагӣ дар Лондон чунин мегӯяд: “Ман ошиқи ин шаҳрам. Миллатҳои мухталифе ин ҷо зиндагӣ мекунанд ва ин чизи каме нест. Чун ман аз кишваре меоям, ки дар он гуногуннажодӣ хушоянд нест.”

Алиф Шафақ бо нашри романҳои зиёд ҷоизаҳои гуногунеро ба даст овардааст ва аввалин зани нависандаи турк аст, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ касб мекунад. Вай замоне номзад ба ҷоизаи Букер - ҷоизаи маъруфи адабӣ дар Ғарб низ будааст.


“55 Gym Ladies”. Кушодашавии аввалин маҷмааи варзишӣ барои занон дар Душанбе




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед