Ru  | Tj
Тоҷикон бо сабки «K-pop»: Оё субмаданият дар Тоҷикистон ба ин ҳад машҳур аст?
Тоҷикон бо сабки «K-pop»: Оё субмаданият дар Тоҷикистон ба ин ҳад машҳур аст?
Аксҳо: k-pop_shop.tj

Тоҷикон бо сабки «K-pop»: Оё субмаданият дар Тоҷикистон ба ин ҳад машҳур аст?

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон солҳо инҷониб хӯрокҳои онҳоро дӯст медоранд, аз ороишоти истеҳсолии онҳо истифода мебаранд ва филмҳои ин кишварро тамошо мекунанд, аммо аз он, ки субмаданияти Кореяи Ҷанубӣ бо номи «K-pop» низ дар байни ҷавонон шӯҳрат пайдо карда истодааст, кам касон огоҳанд.

«К-рор» чист?

«K-pop» - як жанри мусиқии Кореяи Ҷанубӣ аст, ки пас аз нашри намоҳанги “Gangnam Style-и PSY” маъруфу машҳури дунё гардид. Дар асл, ин поп-мусиқии кореягӣ унсурҳои электропопи ғарбӣ, хип-хоп, мусиқии рақсӣ ва ритм-н-блюзҳои муосирро дар бар мегирад. Ҳамагӣ дар тӯли якчанд сол «K-pop» ба як субмаданияти бузурги мусиқӣ табдил ёфта, ҳаводорони зиёд пайдо кард ва аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ маҳбубияти зиёд ба даст овард.

Одатан, намояндагони «K-pop» симои лӯхтакмонанд доранд. Онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки идеал бошанд: дар овоз, дар намуди зоҳирӣ, дар хореография ва ғайра. Чеҳраи бачаҳои кореягӣ бо услуби махсуси мӯймонӣ ва ороиши рӯй - ин ҳама хислатҳои «K-pop» мебошанд. Субмаданият идомаи мӯди ба филмҳои кореягӣ, хӯрок ва мусиқии ба мо омада мебошад.

Дар ин самт барои ҳар як суруд, доимо як хореографияи инфиродию содда мавҷуд аст, ки махсусан дар TikTok барои ҷавонон ҷолиб аст. Истеъдоди ғайриоддии сарояндагони «K-pop» ҳамеша олӣ аст ва ҷолибаш он, ки шумораи иштирокчиён дар гурӯҳҳо одатан на камтар аз панҷ нафарро ташкил медиҳанд.

Намояндагони субмаданият доимо дар ВАО баромад карда, ҳамчунин, дар намоишҳои телевизионӣ  низ ширкат меварзанд ва ба ин тариқ шавқу ҳаваси мухлисони худро боз ҳам афзун мегардонанд.


«K-pop» - базм  дар Душанбе

Дар Душанбе баъзан «K-pop» - базмҳо аз ҷониби Сафорати Корея дар Тоҷикистон барпо карда мешавад, ки барои хуш гузаронидани вақти ҷавонон ва шиносоӣ ва муошират бо ҳамфикрон, як имконияти хубе дониста мешавад. Аксар вақт, ин гурӯҳҳо худашон ҷамъ меоянд.

Бо мақсади огоҳӣ доштан аз рӯйдодҳои охирин, шумо метавонед ба саҳифаи шабакаи иҷтимоии Instagram @k-pop_shop.tj обуна шавед. Одатан, дар он ҷо эълонҳои чорабиниҳо, шабнишиниҳо ва ғайра, нашр мешаванд.
Воқеан, аз имконияти «K-pop» вақтҳои охир гурӯҳҳои маъруф истифода бурда, брендҳои либос, ороишот, атриёт, ҷавоҳирот ва дигар чизҳои худро ба намоиш мегузоранд. Ҳамаи инҳоро дар саҳифаи Instagram пайдо кардан мумкин аст.


«К-рор» - шуғли дӯстдоштаи ман аст. Ман ин ҳама зебоиро дӯст медорам! Танҳо тасаввур кунед - ҳама чиз дар ин ҷо зебо аст: ҳаракатҳои нави рақсӣ, мусиқии таҳрикдиҳанда, "макияжи” олӣ ва боз аксар вақт озмунҳои ҷолиб гузаронида мешаванд. Масалан, як озмуни - кӣ зудтар номи ҳамаи иштирокчиёни "NCT 127" -ро номбар мекунад? Яъне ҳамаи ин моро хеле ҳавасманд мекунад. Мо мехоҳем мисли ситораҳои Корея идеалӣ бошем”, - мегӯяд Рухила Назарова сокини Душанбе.
Имрӯзҳо мухлисони душанбегии «K-pop»-гурӯҳҳои зеринро хеле зиёд  меписанданд: BTS, BLACKPINK, EXO, TWICE, Got7, Mamamoo, Red Velvet, MONSTA X, SEVENТEEN.
«Ман мухлиси  «BTS» ҳастам. Ин дастаи аз ҳама машҳуртарин аст, ки дар ҳамаи раддабандиҳои ҷаҳонӣ пешсаф гардидааст. Вақте наворҳои онҳоро тамошо мекунед ё мусиқиашонро гӯш мекунед, дар шумо низ хоҳиши суруд хондан ба вуҷуд меояд, шахсан дар ман ҳамон замон хоҳиши рақсидан ё аз “YouTube” рақс омӯхтан, пайдо шуд. Ин ба ман бисёр илҳом мебахшад. Аз ин рӯ, дар ояндаи наздик ба нақша гирифтам, ки ба омӯзиши забони кореягӣ шурӯъ кунам», - мегӯяд Ҷонона Ҳомидова.

Бояд бигӯям, дар Тоҷикистон кам касоне медонанд, ки филмҳо ва силсилафилмҳои кореягие, ки чандин сол инҷониб дар ҷумҳурии мо писанди тамошобинон гардидаанд, "драма" номида мешаванд ва як ҷузъи фарҳанги «K-pop»-ро ташкил медиҳанд. Маъруфтарини онҳо инҳоянд: "Маликаи Чорин", "Стартап", "Хонаи азиз", "Зебоии ҳақиқӣ", "Рӯз ва шаб / Бедоршавӣ" ва ғайра.


Рушди сайёҳӣ дар Бадахшон: аз ёдгориҳои қалъа то чашмаҳои шифобахш


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед