Ru  | Tj
Рушди сайёҳӣ дар Бадахшон: аз ёдгориҳои қалъа то чашмаҳои шифобахш
Рушди сайёҳӣ дар Бадахшон: аз ёдгориҳои қалъа то чашмаҳои шифобахш
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Рушди сайёҳӣ дар Бадахшон: аз ёдгориҳои қалъа то чашмаҳои шифобахш

Нашр шуд

Бахши сайёҳӣ ҳамчун падидаи нави иқтисодиёт ва яке аз самтҳои сердаромадтарини он дар ҷаҳони муосир арзёбӣ мегардад. Ба ҳамин хотир, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Дар ин муддат соҳаи туризм хеле рушд намуд. Инро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд намудаанд.

Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон будаанд.

Аммо дар соли 2020 бо сабаби авҷи пандемияи коронавирус сарҳадҳо маҳкам гардид. 

Бешак ҳар мусофири роҳ дар дил ҳаваси дидани Тоҷикистони биҳиштосоро дорад ва ҳар сайёҳе, ки вориди Тоҷикистон мешавад, ҳатман аз водии Вахон гузар мекунад. Чун асрори табиат ва муъҷизаҳои Вахонзамин диққати онҳоро ба тарафи худ мекашад. Вахон ягона водиест, ки бо урфу одатҳои худ аз дигар минтақаҳои Бадахшон махсусан аз сокинони дигари ноҳияи Ишкошим ба куллӣ фарқ дорад.

Табиат ва бойгариҳо

Табиат ва бойгариҳои Бадахшон, аз ҷумла водии Вахон ҳамеша дар мадди назари давлатҳо ва олимони дунё буд. Омӯзиши табиат ва бойгариҳои Бадахшон дар асри ХХ ба суръату сифати баланди илмӣ соҳиб гардид. Омӯзиши обу ҳаво, иқлими Помир барои пеш бурдани корҳои илмии дигар соҳаҳо, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, нақлиёти ҳавоӣ, бехатарии роҳ, баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва рафъи офатҳо аҳамияти калон дошт. Дар ҳудуди ҳозираи Вахон бисёр бойгариҳои табиӣ аз қабили лаъл, лоҷувард, талк, абрақ, булури кӯҳӣ, обҳои гарм, обҳои нӯшокии маданӣ ва ғайраҳо мавҷуданд. Бадахшон маҳз бо ҳамин бойгарӣ ва табиати худ маъруфи дунё гаштаасту ҳар сайёҳ дар дил ҳаваси дидани ин сарзамин ва хусусан водии Вахонро мекунад. 

Вахон дар хотироти сайёҳон

Дар таърих аввалин хориҷие, ки ба Вахон омадааст, ҳаҷрави хитоӣ Фас-Ян будааст. Ӯ ҳамчун паҳнкунандаи дини буддоӣ соли 399 аз Шансӣ ба воситаи Хутан, Помир, Вахон ба Ҳиндустон раҳсипор мешавад ва соли 415 ба ватан бармегардад.

Сайёҳи дигари хитоӣ Сон – Юн соли 549 ба Вахон омада, онро Бахо ном мебарад. Дар ёддоштҳояш қайд мекунад, ки кӯҳҳои ин сарзамин осмонбӯс буда, дараҳои бетаг дорад. Сайёҳи номии Венесия (Италия) Марко Поло дар асри XIII (1271- 1295) ба сайёҳати Осиё мебарояд ва ин сайёҳати ӯ 24 сол давом меёбад. Ӯ соли 1270 ба Вахон меояд. Дар қайдҳои сафараш менависад, ки аз Вахон се рӯз роҳ паймуда ба баландтарин ҷойи дунё яъне Помири Шарқӣ мебароед. Дар он баландӣ байни ду қаторкӯҳ водие ҳаст, аз байни он дарёчаи шӯхобе ҷорӣ мешавад.

Аз байни апрупоиҳо, сайёҳи бритониёӣ Ҷон Вудро дуюмин шахсе ном бурдан мумкин аст, ки ба Вахон омадааст. Ҷон Вуд соли 1838 вориди вахонзамин мегардад. Ӯ асосан бо мақсади кашфи роҳҳои ҳаракат, хусусиятҳои табиат, бойгариҳо аҳамият дода, онҳоро ба харита ворид мекунад.

Ҷойҳои таърихии Вахон яке аз ёдгориҳои нодир ба ҳисоб мераванд. Яке аз онҳо се қалъаи калонтарини Вахон – Қаҳ-қаҳа дар Намадгут ба номи шаҳри Якубат, Замри оташпараст дар Ямчун бо номи шаҳри Гашена ва дар Зонг ба номи Абрешимқалъа (Вршымқала бо забани вахонӣ) мебошад, ки харобаҳои онҳо то кунун чун ёдгориҳои таърихӣ арзи вуҷуд доранд. Таърихи сохтмони қалъаҳои Вахон, аз ҷумла Қаҳ-қаҳа ва Ямчун ба асрҳои II –I-и пеш аз милод ва VI-VIII-и милодӣ рост меояд. Соли 2018 гурӯҳи 20 нафараи сайёҳон аз Британияи Кабир ба Тоҷикистон омада буданд ва онҳо аз қалъаҳои Қаҳ-қаҳа, Замри оташпараст ва чашмаи Биби Фотимаи Заҳро дидан намуданд. Онҳо дар дафтари хотироти хеш сафари Тоҷикистонро беҳтарин сафар дарҷ намуданд.  Барои онҳо асрори табиат ва дар баландии 2842 метр ҷойгир будани чунин чашма, ки обаш хусусияти табобатӣ ва он қалъае ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад, аҷибу ғайриоддӣ менамуд. Аз миёни он гурӯҳи 20 нафара як нафарашон пулис буд. Дар идомаи сӯҳбат маълум гардид, ки овозаи ин диёр то ба Англия расидааст ва ӯ дар дил ҳаваси дидани инҷоро мепарваридааст ва билохира ба мақсадаш расидааст. Ин гуна нафарон зиёд ҳастанд, ҳатто бо сайёҳоне рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки бори дуюму сеюм аз Тоҷикистон дидан мекунанд. Ва ногуфта намонад, ки аз ҳама чизи аҷибе, ки диққати сайёҳонро ба худ мекашад, ин навиштаҷот ва расмҳову эроглифҳои рӯисанг мебошад. Ин гуна сангҳо қариб дар тамоми деҳаҳои водии Вахон дида мешаванд.

Осорхонаи Сӯфӣ Муборакқадами Вахонӣ

Осорхонаи Сӯфӣ Муборакқадами Вахонӣ воқеъ дар деҳаи Ямги водии Вахон макони ҷалби сайёҳӣ гардидааст. Аз гуфтаҳои директори осорхона Маликмамадов Ҳайдармамад бармеояд, ки осорхона соли 1989 таъсис дода шуда, соли 1993 фаъолияташоро оғоз намудааст. Осорхонаи адабӣ ва ёдгории Мубораки Вахонӣ аз хона ва долону айвони миллии Бадахшонӣ, хонаи шахсии шоир, пешдолон, айвон, ҳавлӣ, боғи шахсӣ ва тобеи осорхона, ки бо дарахтони себу зардолу, ки худи Муборакқадам парвардааст, мақбараи шоир, ҳуҷраҳои гӯшанишинӣ, сангҳои тасвирӣ, навиштаҷотҳои рӯи сангӣ, номи шоир, расмҳо, навиштаҷотҳои илмӣ, тақвими шамсӣ, мисраъҳои шеърӣ, тақвими шамсӣ, силсиласангҳои олотҳои мушоҳидакунии офтобу ситорагон «Ҳамалхона», «Санги офтоббин», «Тирезасанг», «Чилласанг» ва осиёби шахсии Мубораки Вахонӣ иборат аст. Дар осорхона рӯбоби дусараи қадима, ки худи Сӯфӣ Мубораки Вахонӣ онро сохтааст, ба ёдгор мондааст. Аз гуфтаҳои Маликмамадов Ҳайдармамад рӯбобҳо шакли одамиро дорад ва онҳо фалсафаи ба худ хос доранд. Ӯ қайд намуд, ки вақте ба сайёҳон ҳар як ашёи осорхонаро муаррифӣ мекунем, хеле шигифтзада мешаванд. Ҳар сайёҳе, ки аз ин осорхона дидан мекунад, ҳамтан шаберо дар деҳаи Ямги бостон рӯз мекунад.

Обҳои муъҷизаосо


Ноҳияи Ишкошим диёри чашмаҳои гарму хунуки табобатӣ буда, ин чашмаҳо яке аз бойгариҳои бебаҳо ва шӯҳратёби он ҳисоб меёбанд. Таркибу аҳаммияти шифоии онҳо омӯхта шуда, шумораи онҳо то ба 27 адад мерасад. Аз қадим чашмаҳои Гармчашмаю Авҷ, Ямчуну Ширгин ва Зонг дар табобати мардум маълуму машҳур буданд. Солҳои 70–80 асри ХХ бисёре аз ин чашмаҳо обод шуданд. Дар заминаи обҳои шифобахши Гармчашма, Авҷу Ямчун табобатгоҳҳои давлатӣ амал мекунанд. Оби ҳар яке аз ин чашмаҳо дорои таркиби ба худ хоси химиявӣ буда, бемориҳои гуногунро табобат мекунанд. Табобатгоҳи Гармчашма аз қадим боз шӯҳрат дошта, дар он бемориҳои пӯст, системаи такягоҳу ҳаракат, дилу рагҳои хунгард, системаи асаб роҳҳои нафаскашӣ ва ғайра табобат мешаванд. Дар 30 километрии поёнтар аз маркази ноҳияи Ишкошим чашмаи шифобахши Авҷ амал мекунад. Дар он беморони касалиҳои дилу раги хунгард, шушу роҳҳои нафаскашӣ, гурда, чашм ва дигар дардҳо табобат мешаванд.


Чашмаи Биби Фотимаи Заҳро, ки дар баландии 2842 ҷойгир аст, аз соли 2000-ум инҷониб хеле ободу зебо гардидааст. Ин чашмаи шифобахш дорои меҳмонхонаҳо ва санатория мебошад. Дар ин ҷо бемориҳои талха, ҷигар, устухону мушак ва дигар бемориҳои занона табобат мешаванд. Сохтмони табобатгоҳ дар чашмаи Ширгин давом дошта, дар ин дармонгоҳ беморони устухону мушак, асаб, гурда, ҳозима ва нафаскашӣ низ шифо меёбанд. Чашмаҳои гарми Зонг барои рафъи бемориҳои мубодилаи меъда ғадудҳо ва ҳозима хизмат мерасонанд. 

Ҳамин тавр ватани мо мамлакати сайёҳӣ аст ва ҳар сол зиёда аз ҳазор сайёҳ аз он дидан мекунад. 

Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки мулки мо на танҳо дар олами Шарқ, балки дар олами Ғарб низ мавқеашро пайдо намудааст ва овозааш то ба кишварҳои дур расидааст.



Бобои 9 набераи варзишгар аз мушкилот то дастгириҳо гуфт. Темур чаро дар Бозиҳои олимпӣ мағлуб шуд?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед