Ru  | Tj
Бобои 9 набераи варзишгар аз мушкилот то дастгириҳо гуфт. Темур чаро дар Бозиҳои олимпӣ мағлуб шуд?
Бобои 9 набераи варзишгар аз мушкилот то дастгириҳо гуфт. Темур чаро дар Бозиҳои олимпӣ мағлуб шуд?
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Бобои 9 набераи варзишгар аз мушкилот то дастгириҳо гуфт. Темур чаро дар Бозиҳои олимпӣ мағлуб шуд?

Нашр шуд

Дар Бозиҳои XXXII-и тобистонаи олимпӣ, ки аз  23-юми июл то 8-уми августи соли ҷорӣ дар Токио, пойтахти Ҷопон доир гардид, Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ кард, ки мутаассифона онҳо бо дасти холӣ ба ватан баргаштанд. Дар ин росто, сару садоҳои зиёд пайдо шуданд. Яке танқид кард, дигаре афсӯс хӯрд, саввумӣ суханони ноҷо гуфту чорумӣ рӯи рост таҳқир кард. Албатта, дар ин миён нафароне ҳам буданд, ки аз норасоиҳо, шароити иҷтисодӣ, мушкилоти равонӣ ва танқисиҳои варзишгарон ёдоварӣ карданд. 

Дар миёни даҳ варзишгари мо, ки дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ иштирок карданд Темур Раҳимов яке аз умедҳои тоҷикистониён барои ба даст овардани медале буд, вале ин нафар ҳам пас аз як ғолибият мағлуб шуд. Мо доир ба тамоми паҳлӯи зиндагӣ ва фаъолияти Темур Раҳимов бо бобои ӯ Абдураҳмонов Рустам сӯҳбат анҷом додем, ки ҳамакнун манзури шумо мегардад.

- Шикасти варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ сару садоҳои зиёдро ба бор овард, лутфан бигӯед, ки ҳоло ҳолати равонии Темур чӣ гуна аст?

- Ҳолати равонии Темур вақти аз Бозиҳои олимпӣ омадан, хуб набуд. Танқидҳо,  вокунишҳои мардум таъсири худро ба ӯ расонида буданд, зеро ӯ худаш боварии комил дошт, ки дар ин мусобиқа соҳиби медал мешавад. Мухлисон ва мутахассисони соҳаи варзиш ҳам аз Темур ҳаминро умед  доштанд, вале нашуд. 

- Танқидҳо ва вокунишҳои мардумро пас аз мағлубият чӣ гуна паси сар кард?

- Баъд аз якчанд рӯзи омаданаш аз Ҷопон дилбардории аҳли оилаамон, дӯстон, мусоҳибаҳои устодони варзиш оид ба мусобиқаи зикршуда дили Темурро гарм кард ва ӯ боз ба машқу тамрин оғоз намуд. Аз ҷониби дигар, баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида шуданду Темур дар ин мусобиқаҳо дар вазни сангин бо паҳлавонони беҳтарини Ӯзбекистон, Белорус, Эрон, Русия ва ғайра қувваозмоӣ карда, ғолиб омад ва соҳиби Ҷом ва Шоҳҷоиза гардид, ин омилҳо барои беҳтар шудани ҳолати равонияш мусоидат карданд.

- Шумо ва умуман аҳли оила аз Бозиҳои олимпӣ чӣ умед доштед?

- Мо низ аз Темур умеди зиёд доштем, ки дар мусобиқаи зикргардида ғолиб мешавад, вале баъди ноком шудани Темур ман бо онҳо сабабҳои ба ин нокомӣ гирифтор шудани ӯро фаҳмондам ва вақти бозгашти Темур аҳли оилаамон, бо дигар ёру рафиқонаш ӯро дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе пешвоз гирифтем. Ҳамчунин, дар пешвозгирии Темур, Дилшод Назаров бо якчанд нафарони дигар аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи гуштини навъи ҷудо иштирок доштанд. 

- Омодагии  Темур  ба  Бозиҳои олимпии “Токио-2020” чӣ гуна  буд?

- Темур  дар   маркази  шаҳраки  Сомониёни  ноҳияи  Рӯдакӣ  истиқомат мекунад.  Пеш аз  Бозиҳои  олимпӣ   дар толори  варзишии  яке  аз  муассисаҳои таълимии маркази ноҳия  ҳамроҳи  бародараш  Раҳимов  Улуғбек тамрин мекард.  

- Чаро дар ягон толори варзишии махсус не, балки дар муассисае тамрин менамуд? 

- Мутаассифона, дар маркази ноҳияи мо, ки худатон аз ҷиҳати масоҳату аҳолӣ медонед, то ҳол ягон толори  варзишӣ барои истифодаи умум вуҷуд надорад ва иловатан, Темур  ба  ягон  машқҳои  дастаҷамъонаи  берунӣ  ҷалб  нашуда  буд.

- Ба андешаи сирф фардии Шумо сабаби асосии шикасти Темур дар набарди дуюмаш чӣ буд?

-  Сабаби  асосии нокомии Темур дар он буд, ки ӯ бе тайёрии  ҷиддӣ  ба ин  мусобиқа  рафта   буд.  Якчанд  мисоли  оддӣ меорам ва худатон дарк мекунед. Дар Бозиҳои  олимпии  соли  2008 дар шаҳри Пекин намояндаи Тоҷикистон Абдусаломов Юсуф аз гӯштини  намуди  тарзи  озод соҳиби  медали  нуқра  гардид.  Ӯ машқу тамринашро  дар  ватанаш - Ҷумҳурии Доғистон, ки дар он ҷо мактабҳои  олии  варзишӣ  фаъолият   мекунанд,  гузаронид. Расул  Боқиев,  ки  соҳиби  медали   биринҷӣ  дар  гӯштини  ҷудо  гардид,   дар  машқҳои  дастҷамъонаи  давлатҳои  Осиё  ва  Аврупо   иштирок  карда  буд.  Ба  гуфти  мураббиаш - мутахассиси   Федератсияи  Русия  Елчанинов  В. А.  Расул  пеш  аз олимпиада 350-400  маротиба    бо  паҳлавонони беҳтарини  ҷаҳон   қувваозмоӣ   карда  буд.  Муштзан Мавзуна  Чориева  дорандаи  медали  биринҷӣ пеш аз   олимпиада  дар  шаҳри  Маскави  Федератсияи Русия тамрин карда буд, қаҳрамони  Бозиҳои  олимпӣ Дилшод  Назаров дар давлати   Полша   дар  назди  мутахассисони  пуртаҷрибаи  ин  давлат   тайёрӣ  дида  буд.  Вале чунин шароит ва тамринҳоро Темур надошт. 

- Дар бораи рақиби Темур, ки аз он шикаст хӯрд маълумот доред?      

- Бале, Темур  аз паҳлавони  гурҷӣ  Тушашвили  Гурам (бо  лақаби «Звер»)  шикаст  хӯрд.   Тушашвили  Г. қаҳрамони  ҷаҳон  оид ба  гӯштини  ҷудо буда, аксар  вақт дар  байни  паҳлавонони  сангинвазни ҷаҳон  ҷойҳои якум ё дуюмро  ишғол  мекунад.  Дар   мусобиқаи  зикршуда  ӯ  ба  қувваозмоии  ниҳоӣ  баромада,  аз варзишгари  чех, қаҳрамони  Аврупо, қаҳрамони  ҷаҳон,  қаҳрамони  Бозиҳои  олимпӣ - Крпалек  Л.    мағлуб  шуда,  соҳиби  медали  нуқра  гардид.  Яъне, Темур  ба  рақиби арзанда,   рақами  дуюми  ҷаҳон  бой  дод.

- Пас аз шикасти варзишгарони мо калимаҳои “сайёҳ” ва   “тамошобин” –ро бархе ба онҳо мутааллиқ донистанд... 

- Мақсадатонро фаҳмидам, вале шахсоне,  ки  ба  варзишгарони    мо  чунин  баҳо  доданд,  хоҳ шореҳи  варзишӣ  бошанд,  хоҳ мухлис,  гуфтаниам,  ки  онҳо  аз нозукиҳои варзиш  тасаввуроти  кофӣ  надоранд  ва  масъалаи  мазкурро  таҳлил  накарда, ба  чунин  хулоса  омадаанд.  

Ин  ҷо  саволе  ба  миён меояд, шахсоне, ки  варзишгарони  моро   “сайёҳ”  ё  “тамошобин”  номида  аз  худи  варзишгарон  пурсидаанд,  ки  оё  онҳо  аз  деҳаи  олимпӣ,  яъне  аз  ҷойи  хоб,  ошхона  ва  толори  варзишиашон  ягон  ҷойи  дигари  шаҳри  Токиоро   дидаанд  ё тамошо   кардаанд? Аз  шаҳри  Душанбе  то  шаҳри  Токио   рафтан, дар  бозгашт   ва  вақти дар он ҷо будан, дар замони  авҷи коронавирус онҳо чӣ қадар азоб кашидаанд худашон медонанду Худо. Бо  ин  аҳвол  магар  варзишгаронамонро  “сайёҳ”  ё  “тамошобин” номидан дуруст  аст?

Аз ҷониби дигар, онҳо  намедонанд,  ки барои гирифтани  роҳхат  ба   Бозиҳои    олимпӣ,  варзишгар  бояд дар  давоми  чор  сол  дар  мусобиқаҳои  ноҳиявӣ,  минтақавӣ   ва   ҷумҳуриявӣ чандин  маротиба  ғолиб  барояд. Баъдан,   дар даҳҳо  мусобиқаҳои  бонуфузи     байналмилалӣ  иштирок   намуда,  ғолиб,  ҷоизадор ё соҳиби  ҷойҳои  ифтихорӣ  шавад.

Масалан,  Темур  барои  роҳхати  Бозиҳои  олимпиро  гирифтан  ғайр  аз  мусобиқаҳои  ҷумҳуриявӣ,  дар  зиёда  аз  20 мусобиқаи  бонуфузи  байналмилалӣ дар  давлатҳои  Аврупо,  Африқо  ва Осиё  иштирок  намуда,   соҳиби 5  медали  тилло, 1  медали  нуқра, 5 медали   биринҷӣ  ва соҳиби  9  ҷойи   ифтихорӣ гашта, бо меҳнати  ҳалоли  худ  соҳиби  роҳхат  ба  Бозиҳои  олимпӣ   шудааст.

- Темур Раҳимов барои Бозиҳои  олимпии  соли  2024 чӣ нақшаҳо дорад? 

-  Барои  як  нақшаи  муайян  кашидан   ва  ягон   мақсад  ба  пеш гузоштан  дар   варзиш  вазъи  молиявӣ нақши калонро  мебозад.  Иштирок  дар  мусобиқаҳои  байналмилалӣ  ва машқҳои  дастаҷамъона  дар  давлатҳои   берун  аз   кишвар  низ аз  вазъи   молиявӣ  вобастагӣ  дорад.  Бинобар  ин, онҳо  фақат  дар ҳолати  пайдо  шудани   имконияти  молиявӣ  гузаронидани   машқу  тамринҳо,  машқҳои  дастаҷамъона  ва   иштирок  дар    мусобиқаҳои  байналмилалиро  ба  нақша  гиранд. Набояд фаромӯш кард, ки барои ба мувафақиятҳои   калони  варзишӣ  ноил  шудани варзишгарон бояд аввал вазъи молиявии онҳоро беҳтар кунем. 

Як чизи дигарро бояд қайд кунам, ки падару  модари Темур дигар    имконияти расонидани кӯмаки молиявиро ба ӯ барои иштирок карданаш дар мусобиқаҳои  байналмилалӣ  надоранд.  Ҳамаи   умеди  ӯ  ба  дастгирии  Кумитаи  миллии олимпӣ,  Кумитаи кор  бо  ҷавонон  ва  варзиш, Федератсияи  гӯштини  ҷудои  ҷумҳурӣ  ва  соҳибкорони  муваффақ мебошад. 

- Барои як мусобиқаи варзишӣ чанд вақт тамрин мекунад ва дар умум чӣ қадар маблағ сарф мешавад?

- Дар ҳар як мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар  давлатҳои Аврупо ва Осиё барпо мегарданд, ба ҳисоби миёна аз 1,5 то 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ сарф карда мешавад.  Кумтаи миллии олимпии ҷумҳурӣ ҳар моҳ ба Темур дар ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ стипендия таъин кардааст, ки он асосан барои роҳкирои мусобиқаҳои байналмилалӣ сарф мегардад. Федератсияи байналмилалии ҷудо низ ҳар сол 1-2 мусобиқаро аз ҳисоби худаш мегузаронад. 

- Аз Кумитаи  миллии олимпӣ,  Кумитаи кор  бо  ҷавонон  ва  варзиш, Федератсияи  гӯштини  ҷудои  ҷумҳурӣ  ва  соҳибкорони  муваффақ ёрӣ мерасад?

- Миёни Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ва Федератсияи гӯштини ҷудо шартномаи сетарафа баста шудааст, ки дар ин асос ин сохторҳо барои равон намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва расонидани ёрии молиявӣ ба онҳо мусоидат мекунанд ва ёрии амалии онҳо пеш аз Бозиҳои олимпӣ бараъло маълум буд. Соҳибкорон низ  гоҳ-гоҳ аз ҷиҳати молиявӣ Темурро дастгирӣ мекунанд.

- Дар  айни  ҳол  мураббии Темур  кист?

- Зиёда  аз  ду  сол  мешавад, ки   мурббии  Темур  тағояш  Абдураҳмонов  Сӯҳроб  аст.  Ӯ хатмкардаи   Донишкадаи  тарбияи  ҷисмонии  Тоҷикистон  ба  номи  С. Раҳимов  ва  факултаи  ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон  мебошад.  

-  Мегӯянд,  ки  Темур маҳз  бо  ташаббуси   Шумо  ба  гӯштини  ҷудо машғул  шуда,    таҳти   назорататон  ба   машқу  тармин  машғул аст,  оё ин  дуруст  аст?

- Бале, бо  ташаббуси  ман  ва  бо  розигии  падараш   Раҳимов   Бахтиёр  дар аввал  Темур ду  сол  ба намуди варзиши таэквандо  машғул  буд, баъд  аз 9 - солагиаш дар назди устоди  варзиш,  шодравон  Худойназар  Боқиев   дар  гӯштини  ҷудо   машқро  сар  кард.  

Бояд қайд кард,  ки  агар  дастгирии мунтазами молиявии падараш  намешуд,  Темур   ба  ин қуллаҳои  баланди  варзишӣ  намерасид.  Ғайр аз ин, солҳои охир Кумитаи  миллии олимпӣ,  Кумитаи кор бо  ҷавонон  ва  варзиши  назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  ва Федератсияи гӯштини  ҷудои ҷумҳурӣ  Темурро  барои  иштирок дар  мусобиқаҳои  байналмилалӣ   дастгирӣ  карда  истодаанд, ки мо миннатдории  худро  ба   роҳбарони  ин   сохторҳо  мерасонем.

- Мо медонем, ки дигар набераҳоятон ҳам ба варзиш машғуланд...

- Оре, ба ҷуз Темур боз 8 набераи  дигарам  низ  ба  гӯштини  ҷудо  машғул  буданд.  Аз  онҳо  як  нафар - писар  баъди  якчанд  соли  ба  ин намуди  гӯштин  машғул  шуданаш,  ба  дигар   намуди   варзиш  гузашт.  Як  набераи   дигарам - духтар,  баъди  чанде  аз   машқи  гӯштин,  бинобар дар  ноҳия  набудани  дигар  духтарон,  ба варзиш дигар машғул нашуд.  Ӯ ҳоло донишҷӯ   мебошад. Бародари  Темур – Улуғбек низ ба  ин  намуди  варзиш  машғул   аст.  Ӯ ғолибу  ҷоизадори  чандинкаратаи  мусобиқаҳои  ноҳиявӣ, минтақавӣ  ва  ҷумҳуриявӣ,  инчунин  ҷоизадори  мусобиқаи   байналмилалӣ  оид   ба   дарёфти  Ҷоми  Осиё  мебошад.  Дигар  набераҳоям наврасу  ҷавон  буда,  дар  мусобиқаҳои  ноҳиявӣ  ва   минтақавӣ  иштирок  ва   ба  муваффақиятҳо  ноил   шуда  истодаанд.

- Бобои 9 набераи варзишгар будан чӣ гуна аст?

- Бобои нӯҳ набераи варзишгар будан, бисёр вазнин аст.  Хоҳӣ, нахоҳӣ, доим дар фикри он мебошӣ, ки онҳо бо либосҳои варзишӣ таъмин бошанд, сари вақт ба ҷойи машқ рафтаву бамегарданд, аз таҳсил дар мактаб дур намонанд, ба беҳудагардӣ машғул нашаванд...

- Шахсан худи Шумо ба набераҳои варзишгаратон чӣ кӯмак мекунед?

- Аз аввал ба ҳамаи наберагонам ба қадри имкон кӯмаки молиявӣ ва моддӣ мерасонам. Ҳоло Темур ва бародараш Улуғбек ба кӯмаки ман муҳтоҷ нестанд. Ба наберагони дигарам агар дастам расад, бо маблағу ловозимоти варзишӣ ёрӣ мерасонам. Сарфу харҷи рекламаи ташвиқу тарғиби Темурро низ худам мекунам.

- Сабаби асосии ба варзиш машғул шудани набераҳоятон дар чист?

- Чунки ман худам мухлиси ашадии гӯштин мебошам. Аз фарзандонам ду писар дорам, ки онҳоро аз хурдсолӣ ба бахшҳои гӯштини ҷудо дода будам ва онҳо дар ин ҷода муваффақ  шуда буданд, вале бинобар ҳодисаҳои ба ҳама маълуми солҳои 90-уми асри гузашта  яке дар бистсолагӣ ва дигаре дар чордаҳсолагӣ варзишро давом дода натавонистанд.  Баъди ин ман дар назди  худ мақсад гузоштам, ки наберагонамро гӯштингир мекунам ва ба ин то андозае муваффақ шудам.

- Ба ҷуз варзиш боз набераҳои Шумо чӣ касбу кор доранд?

- Аз набераҳои варзишгарам ду нафараш маълумоти олии варзишӣ доранд. Темур дар мактаби варзишии захираҳои олимпии ноҳия кор мекунад. Бародараш Улуғбек аз як моҳ зиёдтар мешавад, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ (дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия) буда, аллакай дар он ҷо дар яке аз толорҳои варзишӣ тамринро сар кардааст. Дигар набераҳоям донишҷӯ ва мактабхон мебошанд. 

- Ташаккур барои ошкорбаёнӣ!

- Саломат бошед.


“Афсонавӣ”, “Нотакрор”: Илҳом чӣ тавр дар “Голос” иштирок ва онро тасхир кард?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед