Ru  | Tj
«Шаҳре, ки масҷиду майхона дар канори ҳаманд». 10 ривояти ҷолиб аз Душанбешаҳр
«Шаҳре, ки масҷиду майхона дар канори ҳаманд». 10 ривояти ҷолиб аз Душанбешаҳр
Аксҳо: Аз саҳифаи фейсбукии Мухтор Вафоӣ

«Шаҳре, ки масҷиду майхона дар канори ҳаманд». 10 ривояти ҷолиб аз Душанбешаҳр

Нашр шуд

Мухтор Вафоӣ, як рӯзноманигор Афғонистон, ки чанде қабл ба шаҳри Душанбе сафар кардаву аз муҳити зиндагӣ ва расму ойини мардуми он ошно шудааст, менависад, ки мардуми Душанбе хеле меҳманнавозу хушҳоланд ва дар ин шаҳр масҷиду майхона дар канори ҳаманд. Касе хоҳад шароб менӯшад, дигаре хоҳад ба масҷид меравад ва занону духтарон низ дар мавриди пӯшиши либосашон озоданд.

Нахустин ривояте, ки ин рӯзноманигори афғонистонӣ аз он ёд мекунад, ҳузури зану мард дар тарабхонае дар шаҳри Душанбе ва тамошои дастҷамъии футбол аст.

«Даҳҳо марду зани ҷавон ва куҳансол саргарми тамошои футбол буданд ва бо ҳар гол садо баланд мекарданд. Яке гуфт хушҳол шудам, ки Ҳоланд Амрикоро бурд. Тамошои ин саҳна маро ба ёди зиндагии сарду карахт дар бисёре аз кишварҳо андохт. Ман чаҳор сол дар Суид (Шветсия) зиндагӣ мекунам ва танҳо калимаҳое, ки миёни ману ҳамсояам радду балад шуда ин аст: “Субҳ ба хайр, имрӯз ҳаво хуб аст. Шом ба хайр ҳаво хеле сард аст”. Дар Тоҷикистон метавонӣ дар ҳар як дақиқа як дӯсти хушмашраб ва содиқу нағз пайдо кунӣ», - менависад ӯ.


Ӯ менависад, ки дар шаҳри Душанбе зиндагии омехтаи шаҳрӣ ва рустоӣ ҷараён дорад. Ба тасаввури ӯ, «дар Душанбе, ки шабҳояш чароғонӣ ва рӯзҳояш пур аз гулу паранда аст, метавонед шиктарин ва мудернтарин зиндагиро дар канори рустоитарин зиндагӣ бибинед. Покизагӣ дар рафтори рӯзмарраи бисёре аз одамҳо маршуд аст. Покизагии маҳз ва бериёии комил. Ин нукта миёни ононе, ки либосҳои чанд ҳазор долларӣ мепӯшанд, бо мардону занони пашминапӯше, ки аз рустоҳои дурдаст ба Душанбе меоянд, яксон аст».

Рӯзноманигори афғонистонӣ Мухтор Вафоӣ аз муносибати хуб ва самимияти беандозаи таксиронҳои шаҳри Душанбе ситоиш мекунад ва менависад: «Пахши таронаҳои Аҳмад Зоҳир, Қайс Улфат, Шабнами Сурайё, Одина Ҳошим, Фарҳоди Дарё, Мансур ва дигар овозхонони форсизабон дар таксиҳо мутаваққиф намешаванд. Дар яке аз таксиҳо нишаста будам, ки ронанда ба оҳанге аз Фарҳоди Дарё гӯш медод ва баъдаш оҳанге аз Мансур пахш шуд. Гуфтам, инҳоро мешиносӣ? Гуфт: - Э ака чӣ пӯшти ному нишон мегардӣ, садояшонро дӯст дорам. Ҳар касе форсӣ бихонад, ман ба он гӯш медиҳам».

Мушоҳидаи дигари ин рӯзноманигор шуҳрати ду чеҳраи номии афғонистонӣ Аҳмадшоҳ Масъуд ва Аҳмад Зоҳир аст. Ӯ менависад, ки дар Тоҷикистон дар бораи ин ду чеҳраи таърихӣ бо меҳру муҳаббати хос суҳбат мекунанд: «Мардуми Тоҷикистон ва бавижа ононеро ки ман дар шаҳри Душанбе мулоқот кардам, башиддат шефтаи ду Аҳмад дар Афғонистон ҳастанд: Аҳмадшоҳ Масъуд ва Аҳмад Зоҳир. Якеро ба хотири муқовимат алайҳи терроризм ва ифротгароӣ меситоянд ва дигареро ба хотири ҳунар ва овози мондагораш дӯст доранд».

Муҳимтарин мушоҳидае, ки Мухтор Вафоӣ дар ин сафардидаи худ зикр мекунад, фазои дунёвияти Тоҷикистон аст. Ӯ бо таҳсин ва шигифтӣ менависад: «Ҳамоғӯшии масҷид ва майхона. Ин ҳисси қашанге ба одам медиҳад, ки дар охири ҳафта масҷид, майхона, тарабхонаҳо ва толорҳои рақс башиддат пуродаманд. Касоне, ки дар ҷустуҷӯи ислом ва Худову мазҳабанд, ба масҷид мераванд ва касоне, ки ба дунболи шодмониву хушгузарониянд, ба майхона, қаҳвахона ва тарабхонаҳо мераванд. Касе, ки дӯст дорад, ҳиҷоб мебандад ва касе дӯст надорад, мӯҳояшро дар бод раҳо мекунад».

Мухтор Вафоӣ аз амнияти комили шаҳри Душанбе навишта, таъкид мекунад, ки дар давоми панҷ рӯзи сафареш ба ҷуз дар назди хонаи раисҷумҳури Тоҷикистон дигар дар ҳеч ҷое пулиси силоҳбадаст надидаачт ва ин баёнгари фазои амну осоиштаи шаҳри Душанбе аст.

Дидгоҳи ӯ дар мавриди муллоҳои Душанбе низ аҷиб аст. Вай аз нақли як афғонистонии дигар менависад, ки муллоҳо дар Тоҷикистон мардумро ба сӯйи зиндагӣ кардан даъват мекунанд ва камтар дар бораи маргу дӯзах гап мезананд: «Дӯсти ман, ки дар пайи фурӯпошии Афғонистон ба Тоҷикистон моҳоҷир шуд, мегӯяд панҷ вақт намози худро дар ҷамоат мехонад, дар ҳоле ки дар Афғонистон як вақт намоз ҳам намехонд. Вақте далелашро пурсидам, гуфт дар Афғонистон муллоҳо динро як падидаи зишт, хушунатмеҳвар ва Худоро мавҷуде хашмгин ва интиқомҷӯ муаррифӣ мекарданд ва ӯ ҳам аз масҷиду мулло безор шуда буд. Дӯсти ман афзуд, вақте Тоҷикистон омад, барои дидани масҷидҳо чанд боре ба намоз рафт. Ӯ гуфт ин ҷо муллоҳо аз зиндагӣ ва зебоии он ҳарф мезананд ва ин ӯро водоштааст ҳар рӯз ба масҷид биравад».

Даҳ ривояти Мухтор Вафоӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба истиқболи гарми корбарони афғонистонӣ мувоҷеҳ шудааст. Бисёре аз корбарон аз фазои шод ва бонишоти Тоҷикистон васф карда, орзу намудаанд, ки боре ба Тоҷикистон сафар кунанд ва аз наздик ин фазоро таҷриба намоянд.


Мухтор Вафоӣ рӯзноманигори шинохтаи Афғонистон аст ва феълан дар расонаи «Independent Persian Afghanistan» гузориш ва барномаҳои сиёсиро пеш мебарад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед