Ru  | Tj
Қабули асноди довталабон барои таҳсил дар Русия оғоз шуд
Қабули асноди довталабон барои таҳсил дар Русия оғоз шуд
Акс: pobedarf.ru

Қабули асноди довталабон барои таҳсил дар Русия оғоз шуд

Нашр шуд

Дар Душанбе рӯзи 24-уми декабр қабули асноди довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия шурӯъ шуда, он то рӯзи 20 феврали соли 2023 идома хоҳад кард.

Намояндагии созмони «Россотрудничество» дар Душанбе ахиран хабар дод, ки рӯзи 24-уми декабр қабули дархостҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар соли таҳсили 2022-2023 оғоз шуд.

Ба навиштаи ин манбаъ, довталабонро зарур аст, ки худро дар сомонаи education-in-russia.com сабтином карда, пурсишномаи пуркардашуда, акс, нусхаи сканшудаи шиноснома ва санад дар бораи таҳсилотро замима намуда, ирсол кунанд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки қабули асноди довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия то рӯзи 20-уми феврали соли оянда идома мекунад. Гуфта мешавад, ки барои кумак дар сабтином довталабон аз Тоҷикистон метавонанд ба намояндагиҳои «Руский дом» дар Душанбе ва Хуҷанд муроҷиат кунанд.

Бояд зикр кард, ки дар соли таҳсили 2022-2023 шумораи саҳмияҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷети Русия маблағгузорӣ мешаванд, 100 адад зиёд шуда, ба 750 адад расонида шуд.

Дар умум, ба гуфтаи мақомоти Русия, айни замон дар донишгоҳҳои ин кишвар наздики 28 ҳазор ҷавон аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки 60 дарсади онҳо дар гурӯҳҳои буҷавӣ мехонанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 23-уми декабр дар Душанбе Форуми даҳуми хатмкунандагони мактабҳои олии Русия ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш ширкатдорон дар мавриди масоили назири нақши Русия дар омода кардани кадрҳои илмӣ барои Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи фарҳанг ва бартариҳои низоми маорифи Русия табодули афкор намуданд.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед