Ru  | Tj
Мактаби рӯзноманигорон ва вебнависони ҷавон дар Душанбе қабули хоҳишмандонро оғоз кард
Мактаби рӯзноманигорон ва вебнависони ҷавон дар Душанбе қабули хоҳишмандонро оғоз кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Мактаби рӯзноманигорон ва вебнависони ҷавон дар Душанбе қабули хоҳишмандонро оғоз кард

Нашр шуд

Мактаби рӯзноманигорон ва вебнависони ҷавони “Маркази русӣ” дар Душанбе сабтином ба давраи омӯзишии баҳориро эълом кард. Барои ширкат ҷавонони аз 13 то 20-сола даъват мешаванд.

Тибқи иттилоъи дастандаркорон, “дар давраи омӯзиш ширкаткунандагон метавонанд шеваи кор бо матн, суханронии озод дар рӯбарӯи дурбин, нутқи бурро, дуруст матраҳ кардани суолҳо дар раванди мусоҳибаро омӯзанд”.

Гуфта мешавад, ки тамоми машғулиятҳо ба забони русӣ баргузор мешавад. Давраҳои омӯзишӣ ду бор дар ҳафта ройгон сурат мегирад. Дарсҳо пас аз ҷамъ шудани гурӯҳ оғоз хоҳад шуд.

Барои ширкат боястӣ дархост бо маълумоти шахсӣ ба роёнишонии l.abdullina@tjk.rs.gov.ru. ирсол кард.

Лоиҳаи Мактаби рӯзноманигорон ва вебнависони ҷавон дар соли 2021 роҳандозӣ шуд. Давраи омӯзишӣ таҳти сарпарастии Лайсан Абдуллина, узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Русия баргузор мешавад.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед