Ru  | Tj
Фарохони озмуни кумакҳои молӣ баргузории анҷуманҳо
Фарохони озмуни кумакҳои молӣ баргузории анҷуманҳо
Акс: freepik.com

Фарохони озмуни кумакҳои молӣ баргузории анҷуманҳо

Нашр шуд

Намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон қабули дархостҳо аз шахсони ҳуқуқӣ барои дарёфти кумакҳои пулӣ дар заминаи “Таъмини илмиву равишӣ ва кории омӯзиши забонҳои русӣ ва мардумони Русия” оғоз кард.

Гуфта мешавад, ки ғолибон ёронаҳои давлатиро дарёфт хоҳанд кард. Он барои созмондиҳии анҷуманҳои роҳбарони дабиристонҳои Тоҷикистону Узбекистон, «Ҳафтаи байнулмилалии забони русии шарқу ғарб» дар Истонбул ва Анҷумани омӯзгорони забони русӣ аз кишварҳои ҳамсуд, ки ба 225-умин солгарди умри Пушкин ихтисос дода шудааст, пешбинӣ шудааст.

Гузашта аз ин кумакҳои пулӣ ба барандагон барои баргузории “Рӯзҳои робототехника ва фанноварии навоваронаи омӯзишӣ” дар Эфиопия, “Мактаби муҳандиси оянда” дар Узбекистон ва Анҷумани донишомӯхтагони донишгоҳҳои Русия ва Иттиҳодияи Шуравӣ аз Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ дар Миср ёрмандӣ мекунанд.

Дархост барои ширкат дар ин озмунро метавон ба вебгоҳи расмии пойгоҳи ироаи пуштибонии молии Русия ирсол кард.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед