Ru  | Tj
Фурсати озмудани дониш. “INGENIUM” донишҷӯёни тоҷикро интизор аст
Фурсати озмудани дониш. “INGENIUM” донишҷӯёни тоҷикро интизор аст
Акс: pixabay.com

Фурсати озмудани дониш. “INGENIUM” донишҷӯёни тоҷикро интизор аст

Нашр шуд

Донишгоҳи давлатии Удмуртия аз 7-уми феврал то 25-уми март озмуни донишозмоии байнулмилалии “INGENIUM”-ро дар шакли маҷозӣ баргузор мекунад. Донишҷӯён ва донишомӯхтагони донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки алоқаманди таҳсил дар зинаи магистратура ҳастанд, имкони иштирок дар дар озмунро доранд.

Тибқи иттилоъи дастандаркорон, озмуни мазкур дар бахшҳои ҷуғрофиё, зистмуҳитӣ, биология, биотехнологияи зистмуҳитӣ, риёзиёт ва улуми роёнаӣ, физик ва маводи нав, системҳои фаннии бесарнишин ва робототехника сурат мегирад.

Ҷоизаи асосӣ – омӯзиши ройгон дар зинаи магистратура дар ҳар донишгоҳи Русия аст.

Барои ширкат дар озмун дархости худро то 6-уми феврал ба вебгоҳи расмӣ бояд ирсол кард.

Гуфтанист, “INGENIUM” ба феҳристи озмунҳои донишозмоии Вазорати маориф ва илми Русия дохил буда, бо пуштибонии ин ниҳод барпо мегардад.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед