Ru  | Tj
“Сафар кун!” – 2023. Рӯйдоди нави Анҷумани гардишгарии Русия барои сайёҳон
“Сафар кун!” – 2023. Рӯйдоди нави Анҷумани гардишгарии Русия барои сайёҳон
Акс: rustravelforum.com

“Сафар кун!” – 2023. Рӯйдоди нави Анҷумани гардишгарии Русия барои сайёҳон

Нашр шуд

Сокинони Тоҷикистон метавонанд дар Анҷумани гардишгарии Русия «Сафар кун!» - 2024 ширкат кунанд. Ин қолаби навоваронаи рӯйдодест, ки ҳамчун пойгоҳ иртиботи корӣ миёни давлат ва тиҷоратро дар сатҳи баланд фароҳам мекунад. Дар навбати худ он нахустин ҷашнвораи гардишгарӣ дар Русия барои мухотабон аст.

Тибқи иттилоъи дастандаркорон, ширкаткунандагон бо барномаи кории ғанӣ ва баррасии ҷазобияти сармоягузории санъати гардишгарӣ шинос хоҳанд шуд. Афзун бар ин ҷашнвораи мазкур бозбинандагони хусусиро ба самтҳои сайёҳӣ, маконҳои тафреҳи ҷолиб, вижагиҳои фарҳангӣ ва қавмиятӣ, ғизоӣ ва тақвими рӯйдодҳои манотиқи Русия ва кишварҳои хориҷӣ ошно мекунад.

Ҷашнвораи мазкур аз 12 то 16 июн дар Маскав баргузор мешавад. Барои ширкат дар ин дар рӯйдод бояд дар вебгоҳи расмӣ сабтином кард.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта беш аз 50 ҳазор меҳмон, аз ҷумла ҳайатҳои вакилони 11 кишвари хориҷӣ ва 70 вилояти Русия дар ин рӯйдод ширкат карданд.

Гуфтанист, ин ҷашнвора бо пуштибонии Вазорати тавсеаи иқтисоди Русия ва Созмони мухтори ғайритиҷории «Авлавиятҳои миллӣ» баргузор мешавад.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед