Ru  | Tj
Ҳаҷми гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Уммон боло бурда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳаҷми гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Уммон боло бурда мешавад
Акс: Интернет

Ҳаҷми гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Уммон боло бурда мешавад

Нашр шуд

 Абдураҳмонзода Абдураҳмон, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайнӣ, Сафири тозатаъини Салтанати Уммон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар Теҳрон) дидор намуд.

Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, намояндагони ду кишвар ба иллати баррасӣ намудани масъалаҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Уммон вохӯрӣ анҷом додаанд.

Дар ҳошияи дидор ҷонибҳо перомуни зиёд кардани гардиши савдои дуҷониба ва сохтмони корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар қаламрави Тоҷикистон табодули андеша намудаанд.

Гуфта мешавад, ки тибқи нақша корхонаи муштараки Тоҷикистону Уммон ҷиҳати истеҳсоли обҳои минералӣ таъсис меёбад  ва бунёди он дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот Абдураҳмонзода Абдураҳмон ба сафир  пешниҳод намудааст, то сармоягузорони уммонӣ ҷиҳати коркарди минбаъдаи нафт дар корхонаи ҶДММ "ТК Ойл" дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" мусоидат кунанд.

 Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайнӣ ин пешниҳоди вазирро  қабул дошта ва омодагии худро барои боз ҳам тавсеа додани ҳамкориҳои мутақобила баён намудааст.

Ёдрас мешавем, ки моҳи январи соли 2021  миёни Вазорати хориҷии Тоҷикистону Салтанати Уммон нахустин машваратҳои сиёсӣ, ҷиҳати баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф баргузор гардида буд.



Муовини Сарвазири Ӯзбекистон дар Кобул бо Сарвазири Толибон мулоқот кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед