Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон созишнома бо Русия дар бораи сохтмонсозии намоишсаро ва маркази кӯдаконаро барои тасвиб пешниҳод кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон созишнома бо Русия дар бораи сохтмонсозии намоишсаро ва маркази кӯдаконаро барои тасвиб пешниҳод кард
Акс: president.tj

Эмомалӣ Раҳмон созишнома бо Русия дар бораи сохтмонсозии намоишсаро ва маркази кӯдаконаро барои тасвиб пешниҳод кард

Нашр шуд

Қарор аст, ки дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони нави Намоишсари русии Маяковский ва як маркази омӯзиши кӯдакони болаёқат аз сӯйи Русия бунёд шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон созишнома бо Русия дар бораи таъсиси маркази байнулмилалии кӯдакони лаёқатманд ва ҳамчунин сохтмонсозии Намоишсарои Владимир Маяковский дар Душанберо барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар пешниҳод кардааст. Дар ин бора  пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Тоҷикистон маълумот нашр шудааст.

Гуфта мешавад, ки санадҳои мазкурро Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳур ва ҳамзамон раиси ҳукумати Тоҷикистон имзо кардааст.

Дафтари матбуоти муовини нахуствазири Русия Марат Ҳуснуллин дар моҳи декабри соли гузашта хабар дода буд, ки дар пайи ҷаласаи кумисюни байниҳукуматӣ, ки дар он нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ширкат дошт, созишномаҳо дар бораи бунёди мактаби шабеҳи «Сириус»-и Русия дар Душанбе ба ва сохтмони нави Намоишсарои русии Маяковский ба имзо расидаанд.

Сохтмон (бино)-и куҳнаи Намоишсарои Маяковский дар Душанбе соли 2016 тахриб шуда буд. Ҳадафи маркази таълимӣ кашф, рушд ва пуштибонии касбии кӯдакони лаёқатманд, ки дар бахшҳои ҳунар, варзиш ва табиатшиносӣ қобилиятҳои барҷаста нишон додаанд, унвон шудааст.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон,  раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафар ба Маскав дар моҳи ноябри соли 2023 гуфта буд, ки ҳамкориҳои башардӯстона миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Қобили зикр аст, ки дар айни замон дар панҷ шаҳри Тоҷикистон мактабҳои сохтаи Русия бомуваффақият фаъолият доранд, ки дар онҳо тибқи меъёрҳои омӯзишии Русия  таълим медиҳанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед