Ru  | Tj
Сокинони Тоҷикистон рӯзи 6 апрел бепул ташхис ва муоинаи тиббӣ мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сокинони Тоҷикистон рӯзи 6 апрел бепул ташхис ва муоинаи тиббӣ мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Сокинони Тоҷикистон рӯзи 6 апрел бепул ташхис ва муоинаи тиббӣ мешаванд

Нашр шуд

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд бе пул ташхис ва муоинаи тиббӣ шаванд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамасола 7-уми апрел ба унвони Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ қайд мешавад ва аз ин хотир фардо сокинон имкон доранд ба таври ройгон аз ташхис ва муоинаи тиббӣ гузаранд.

Ба иттилоъи ин ниҳод, аз ҷумла рӯзи 6-уми апрел аз соати 7:00 то соати 12:00 дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо ширкати устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи тиб ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон баргузор мешавад.

Дар чаҳорчӯби маъракаи мазкур ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон машварат, муоина ва дигар маъракаҳои ташхисӣ ба таври ройгон мегузаронанд.

Ҳамзамон аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеъи аҳолӣ суҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ баргузор хоҳад шуд.

Ин маъракаи солимгардонӣ ҳамзамон дар дигар муассисаҳои пизишкиву табобатии саросарӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон низ баргузор карда мешавад.

Бо назардошти ин аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мешавад, ки дар ин маърака иштирок кавдаву аз имкон ва шароити мусоид баҳра бурда, вазъи саломатии хешро боз ҳам беҳтар кунанд.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола бо шиорҳои гуногун  қайд мешавад ва соли равон он таҳти шиори "Саломатии ман-ҳуқуқи ман" баргузор мешавад.

Ҳадафи ин шиор мусоидат ба ҳуқуқи ҳар як шахс ба хидматрасонии босифати тиббӣ, таҳсилот ва иттилоъот, ҳамчунин оби ошомиданӣ, ҳавои тоза, ғизои мувофиқ, манзили босифат, шароити муносиби кор ва шароити экологӣ ва  раҳоӣ аз табъиз мебошад.

Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола 7-уми апрел дар рӯзи таъсиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар соли 1948 таҷлил мешавад. Аз он лаҳзаи таърихӣ то кунун  194 кишвари ҷаҳон узви ин созмон шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед