Ru  | Tj
Ҳаҷми интиқоли пул ба Узбекистон 34% афзуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳаҷми интиқоли пул ба Узбекистон 34% афзуд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Ҳаҷми интиқоли пул ба Узбекистон 34% афзуд

Нашр шуд

Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба Узбекистон 12,6 миллиард доллар интиқол шуд, ки ин нисбати соли гузашта 34% бештар аст. Дар ин бора Бонки марказии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, сарчашмаи асосии интиқоли пулӣ ба Узбекистон ҳамоно Русия боқӣ мемонад. Аз ин кишвар ба Узбекистон 9,8 миллиард доллар (+35%) ворид шуд, ки 78% ҳаҷми умумии интиқоли пулро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон афзоиши назарраси интиқоли пул аз кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА - 37% ($470 миллион), Кореяи Ҷанубӣ - 71% ($458 миллион), Британияи Кабир - 76% ($109 миллион) ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо - 41% (340 миллион доллар) низ ба назар мерасад.

Интиқоли пул аз Қазоқистон ба Узбекистон бошад дар ин муддат то ба 699 миллион доллар афзоиш ёфт ва 331 миллион доллар аз Туркия ворид шудааст.

Бояд гуфт, Оҷонси муҳоҷирати Узбекистон аз се баробар афзоиш ёфтани теъдоди шаҳрвандони ин кишвар, ки ба таври расмӣ дар хориҷа кор мекунанд, хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки аз аввали соли ҷорӣ беш аз 113 ҳазор шаҳрванди Узбекистон тавассути ниҳодҳои расмӣ дар кишварҳои дигар кор пайдо кардаанд.

Дар ин баробар Бонки марказии Узбекистон афзоиши интиқоли пули муҳоҷиронро то охири соли ҷорӣ то 15 миллиард доллар ва то соли 2027 то ба 20 миллиард доллар пешгӯӣ мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед