Ru  | Tj
Аҳолии Қирғизистон ба марзи 7 миллион нафар расидааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аҳолии Қирғизистон ба марзи 7 миллион нафар расидааст
Акс: Интернет

Аҳолии Қирғизистон ба марзи 7 миллион нафар расидааст

Нашр шуд

Кумитаи миллии омори Қирғизистон гуфт, аҳолии ин кишвар ба таври чашмрас афзоиш ëфтаву ба 7 миллион нафар наздик омадааст.

Ба ҳолати якуми августи соли равон шумораи аҳолии Қирғизистон ба 6 миллиону 977 ҳазор нафар расид, - хабар медиҳад мақомоти омори расмии ин кишвар.

Манбаъ меафзояд, шумори воқеии сокинони доимии Қирғизистон нисбат ба соли 2009-ум беш аз як миллиону 600 ҳазор нафар афзуда, суръати афзоиши миёнаи солона 2,1 фоизро ташкил додааст.

Моҳи июни имсол Тоҷикистон низ аз таваллуд шудани шаҳрванди 10-миллионуми худ хабар дода буд. Ҳоло дар Узбекистон 35 миллион, дар Қазоқистон ҳудуди 19 ва дар Туркманистон беш аз 6 миллион нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд

Тоҷикистон дар радабандии нави “Шохиси шукуфоӣ” ду зина боло рафт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед