Ru  | Tj
Қадрдонии Вазорати рухдодҳои изтирории Русия аз тоҷикон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қадрдонии Вазорати рухдодҳои изтирории Русия аз тоҷикон
Акс: Вазорати рухдодҳои изтирории Русия/ТАСС

Қадрдонии Вазорати рухдодҳои изтирории Русия аз тоҷикон

Нашр шуд

Вазорати рухдодҳои изтирории Русия аз тоҷикистониён барои кумак ба осебдидагони обхезӣ дар Орск изҳори сипос кардааст.

Аз рӯзҳои аввали обхезӣ дар шаҳри Орски вилояти Оренбурги Русия шаҳрвандони Тоҷикистон мардумро ба ҷойҳои амн бурда, ба осебдидагон ёрмандӣ мекунанд. Дар ин бора хабаргузории "Sputnik" бо такя ба Ирина Панаистова, намояндаи Вазорати рухдодҳои изтирории Русия дар шаҳри Орск хабар медиҳад.

«Вазорати рухдодҳои изтирории Орск ба созмони ҷамъиятии тоҷикон муроҷиат кард ва онҳо аз рӯзи аввал ба мо ёрмандӣ мекунанд. Мо ба халқи тоҷик изҳори сипос мекунем”, - зикр кард Панаистова.

Ба гуфтаи Абдуқаюм Тошов, раиси Шурои ҷамъиятии сафорати Тоҷикистон дар Русия, тоҷикон барои кӯчонидани аҳолии осоишта ба мақомоти маҳаллӣ 6 боркаш, 6 мошини бо 20 ҷойи нишаст ва 5 худрави бо 4 ҷойи нишаст барои чанд рӯз ҷудо кардаанд.

Афзун бар ин тоҷикистониён барои осебдидагон кумаки башардӯстона, аз ҷумла дору, либос ва пойафзор ҷамъоварӣ кардаанд. Онҳо ҳамчунин тақрибан ба 500 фарде, ки аз минтақаи хатарнок берун оварда шудаанд, оши палав доданд.

Бояд гуфт, ки дар вилояти Оренбурги Русия пас аз канда шудани сарбанди Орск  бар асари обхезии баҳорӣ рӯзи 5-уми апрел рухдоди фавқулодаи федеролӣ ҷорӣ шуд.  Беш аз 6,1 ҳазор нафар одам ба маҳалҳои бехавф кӯчонида шуданд. Зарари умумӣ аз обхезӣ дар вилояти Оренбург тахминан ҳудуди 21 милярд рубл (225 милён долар) арзёбӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати рухдодҳои изтирории Русия, ба таърихи рӯзи 9-уми апрел дар пайи обхезиҳои баҳорӣ дар 39 минтақаи ин кишвар тақрибан 10,5 ҳазор хона зери об мондааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед